ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Окт 26 2018



   Иҷрокунандаи вазифаи муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба умури Осиёи марказӣ, матбуот ва дипломатияи оммавӣ Эмилия А. Пума ҳайати намояндагони Иёлоти Муттаҳидаро дар 7-умин ҷаласаи ҳарсолаи машваратӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23.10.2018 баргузор гардид, сарварӣ намуд. Бо ҳамроҳии кордори Сафортаи ИМА Кевин Коверт, ҳайати байниидоравӣ масъалаҳои гуногуни ҳамкориҳои стратегии дуҷонибаро бо ҳамтоёни тоҷики худ баррасӣ намуданд, ки масъалаҳо роҷеъ ба мубориза бо ифротгароии хушунатомез, қочоқи маводи мухаддир ва мусоидат ба ҳамгироии минтақавию рушди иқтисодӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
   Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази равобит бо ВАО-и сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, пас аз мулоқот бо мансабдорони Тоҷикистон, иҷрокунандаи вазифаи муовини ёвари Котиби давлатии ИМА Э. Пума чунин иброз дошт: “Мо умедворем, ки минбаъд низ робитаҳои наздикро бо Тоҷикистон идома хоҳем дод. Ин яке аз ҳадафҳои асосии ин машваратҳои солонаи дуҷониба мебошад. Гарчанде, ки мо ба пешравиҳои назаррас ноил гардида бошем ҳам, мо метавонем дар якҷоягӣ натиҷаҳои беҳтарро ба даст биёрем».
   Машваратҳои ҳарсолаи мазкур муколамаи аз ҳама мукаммалтарин байни 2 кишвар ба ҳисоб меравад, ки аз ҷониби ҳарду тараф дастгирӣ карда мешавад. Ин муколама имкон медиҳад, то ҷонибҳо муносибатҳои Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистонро дар соли гузашта таҳти баррасӣ қарор дода, ҷанбаҳои нави ҳамкориҳои ояндаро муайян кунанд.



Чоршанбе, Окт 24 2018


Имрӯз раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати парламентии ҳамроҳонаш тибқи даъвати раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии ФР Валентина Матвиенко барои иштирок дар Форуми шашуми байнипарламентии «Россия-Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» ба ш.Москваи Федератсияи Россия сафар кард. Гуфта мешавад, ки сафари кории Маҳмадсаид  Убайдуллоев дар шаҳри Москва то 26.10.2018 идома ёфта, тибқи барномаи сафар раиси Маҷлиси миллӣ пагоҳ дар кори Форум ширкат ва суханронӣ менамояд.
   Чуноне ки ба мухбири СССР аз маркази матбуоти МММО-и кишвар хабар доданд, дар доираи Форум мулоқоти раиси Маҷлиси миллӣ бо раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии ФР Россия Валентина Матвиенко ва раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии ФР Вячеслав Володин дар назар дошта шудааст.
   Бояд зикр намуд, ки Форуми VI байнипарламентии «Россия – Тоҷикис¬тон: нерӯи ҳамкории байн謬мин¬тақавӣ» таҳти раёсати Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев доир гардида, дар кори он  аъзои Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералӣ, роҳбарият ва аъзои Ҳукумати Федератсияи Россия, субъектҳои он ва доираи васеи соҳибкорони ҳарду кишвар ширкати фаъолона меварзанд.
    Дар ҳошияи Форум баргузории ҷаласаҳои Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ва панҷ мизҳои мудаввар оид ба мавзуъҳои: Такмили асосҳои ҳуқуқӣ — омили муҳимми ҳамкориҳо, Такмили раванди муҳоҷирати меҳнатӣ — тақозои замон, Рушд ва такмили ҳамкориҳои тиҷоратӣ – иқтисодӣ, Оид ба вазъи ҳамкориҳо дар соҳаҳои аграрӣ, саноати хӯрокворию маҳсулотбарорӣ (истеҳсоли саноатии молҳо) ва тадбирҳои иловагӣ доир ба такмили минбаъдаи онҳо, Вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои иҷтимоию гуманитарии Россия ва Тоҷикистон: илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, доир мегарданд.
   Маҳмадсаид Убайдуллоевро дар ин сафар Президенти Академияи илмҳои ҶТ Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ¬лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Сумангул Тағойзода ва вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТШавкат Бобозода ҳамроҳӣ намуданд.
   Ширкаткунандагони Форуми навбатии байнипарламентӣ таваҷҷуҳи махсусро ба такмилу таҳкими асосҳои ҳуқуқии ҳамкориҳо, ҳалли масъалаҳои марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ, рушди тиҷорату иқтисод ва дигар самтҳои дахлдори тарафайн тавассути  истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда равона хоҳанд кард.


Панҷшанбе, Окт 18 2018


Дар Ингушетия эътирозҳои зидди табодули замин бо Чеченистон идома доранд. Даҳҳо нафар шаби гузаштаро дар назди бинои порлумони Ингушетия дар ш.Магас рӯз карданд. Президенти Ингушистон Юнусбек Евкуров шаби гузашта аз тазоҳургарон хост, пароканда шаванд ва пиронсолону кӯдаконро бо худ бубаранд. Ахиран раҳбарони Ингушетия ва Чеченистон-Евкуров ва Рамзан Қодиров қонуни таъйини хати марз миёни 2 ҷумҳуриро имзо карданд, ки табодули баъзе аз минтақаҳоро пешбинӣ мекунад. Вале бештари сокинони Ингушетия ба ин қарор зиданд. Қодиров қаблан аз сокинони Ингушетия даъват кард, ки ба эътирозҳо хотима диҳанд: "Агар ҷанг хоҳед, ман зид нестам", - гуфтааст Қодиров.

Панҷшанбе, Окт 18 2018


Президенти Русия Владимир Путин зери маҷмӯи қонунҳо дар бораи ислоҳоти низоми нафақа имзо гузошт. Акнун синни нафақа дар Русия тадриҷан барои мардон то ба 65 ва барои занҳо то 60 боло бурда хоҳад шуд. Дар аввал пешбинӣ мешуд, ки синни нафақа барои занон дар Русия то 63 боло бурда шавад. Ҳоло таҳлилгарони сиёсии Русия пас аз таҳияи лоиҳаи ислоҳоти нафақа поинравии карераи Путинро дар раддабандиҳо дидаанд. Дертар Путин пешниҳод кард, ки ислоҳотро сабуктар кунанд ва барои раҳбароне, ки кормандони худро 5 соли пеш аз нафақа барканор мекунанд, ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ карда шавад.

Ҷумъа, Окт 12 2018


Имрӯз  дар ш.Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба кори  худ оғоз мекунад.
Гуфта мешавад, ки пеш аз оғози ҷаласа роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ-ро президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.
Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирон таҳти раёсати сарвазири ҶТ Қоҳир Расулзода доир гашта, барои иштирок дар ин ҷаласа сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бахитжан Сагинтаев, сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳаммедкали Абилгазиев,  сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян, раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷ, вазири корҳои хориҷии Покистон Мақдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, инчунин роҳбари ҳайатҳои давлатҳои нозири СҲШ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии даъватшуда ба Душанбе ташриф овардаанд.
Рӯзномаи ҷаласаи Шӯро масоили рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитариро дар доираи СҲШ дар бар гирифта, қарор аст роҳбарони ҳайатҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рафти татбиқи Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, кори Шӯрои соҳибкорӣ ва Иттиҳоди байнибонкии СҲШ-ро баррасӣ намоянд.

Панҷшанбе, Окт 11 2018


Президенти Русия Владимир Путин рӯзҳои 18-19 октябр аз Узбекистон боздид мекунад. Дар доираи сафари расмии ӯ ба Тошканд нахустин форуми ҳамкориҳои байниминтақавии Узбекистону Русия баргузор хоҳад шуд. Русия дар ҳоли ҳозир, яке аз шарикони асосии тиҷоратии Узбекистон аст. Дар ин кишвар беш аз 960 корхона бо сармояи Русия фаъолият мекунад. Бино ба пешбиниҳои коршиносони Палатаи савдо ва саноати Узбекистон, шумори ин корхонаҳо то охири сол ба 1000 хоҳад расид.

саҳ 8 аз 63

Китобҳо

Flag Counter