ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Июн 16 2016

Рӯзӣ Ҷумъазода

Тобистони соли 1992. 12 сол доштам. Чанд митинги зиддиҳукуматӣ бо талаби истеъфои райисполкоми вақти н.Қубодиён-Рӯшан Султонов (ин нафар ҳоло дар қайди ҳаёт аст ва бисёр хоксору меҳрубон) дар ёдам ҳаст. Дар ҳама нуқот-сартарошхона, чойхона, истгоҳи мошинҳо, бозору дӯконҳо, хирману пахтазор… ҳатто дар мактабҳо, сухан атрофи мухлисӣ аз собиқ қозии ҷумҳурӣ-Акбари Тӯраҷонзода ва Бобои Сангак-лидери Фронти халқӣ, мерафт. Ошкор ва бо ғазаб ҷонибдории худро аз ин ё он гурӯҳ ба намоиш мегузоштанд. Дигар ҷои тарс набуд ва оқибаташ низ аллакай рӯшан. Ва бояд гуфт, ки аввалин митинги ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, маҳз дар н.Қубодиён, дар масҷиди ҷомеъи ноҳия барпо шуда, дар он тибқи нақли шоҳидон Қозии вақти кишвар-Акбари Тӯраҷонзода ва чанд раҳбари гурӯҳи мухолифин ҳузур доштаанд…

Панҷшанбе, Июн 16 2016

Дирӯз президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, намояндаи доимии Барномаи рушди ин созмон дар Тоҷикистон Александр Зуевро бинобар сабаби анҷоми ваколаташ дар ин вазифа ба ҳузур пазируфт.

Панҷшанбе, Июн 09 2016

9.06.2016 палатаи поёнии парлумони ҶТ лоиҳаи қонун «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»-ро қабул намуд.

Душанбе, Июн 06 2016

 Муроҷиат ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, парламент, вазорати адлия ва вазорати корҳои хориҷии ҶТ!

Сешанбе, Май 31 2016

Имрӯз дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати ҶТ, ки таҳти сарварии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баргузор гашт, як чанд масъалаи муҳим, аз он ҷумла масоили кадрҳо, рафти иҷроиши бархе аз қонунҳо, баррасии лоиҳаҳои қонунҳои нав ва иваз намудани номи шаҳраки Нов ба Навкат барррасӣ гашт.

Чуноне, ки дафтари матбуоти президенти кишвар хабар медиҳад, аъзоёни Ҳукумати ҶТ лоиҳаи қарори оид ба пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд “Оид ба тағйир додани номи шаҳраки Нови ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба шаҳраки Навкат” –ро низ мариди мубоҳиса қарор дода дар назар аст, ки дар ояндаи наздик барои баррасӣ ва тасдиқ ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардад.

СССР

 

Панҷшанбе, Май 26 2016

Санаи 23 май мо-ҷавонон ид доштем. Насле, ки тибқи қонунгузории кишвар аз 14 то 30 сола аст. Мегӯянд, ки ҷавонон ояндаи миллатанд.

саҳ 74 аз 81

Китобҳо

Flag Counter