ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Авг 07 2017


Тарафдорони ҳизби сиёсии мухолифи Қирғизистон-"Ота Макон" ва наздикони лидери ин ҳизб-Омурбек Текебоев дар 1 нишасти хабарӣ гуфтаанд, ки ба ҷонибдорӣ аз ин лидер, ки бо гумони фасод боздошт шудааст, даст ба гуруснанишинӣ мезананд. Отамакониҳо талаб доранд, Текебоев ба имтиҳони забони давлатӣ, ки барои номзадҳо ба мақоми президентӣ ҳатмӣ аст, роҳ дода шавад.

Душанбе, Авг 07 2017


Дар 1 барномаи таҳлилии шабакаи нави ТВ "Узбекистон 24” аз сиёсати даврони президенти пешин-Ислом Каримов сахт танқид карда гуфтанд, ки акнун кушодани ҳамаи гиреҳҳои ҷамъшуда аз он даврон ба дӯши президенти кунунӣ Шавкат Мирзиёев бор шудааст. Танқиди ин ТВ дар ҳолест, ки Генпрокуратураи Ӯзбекистон хабар дод, Гулнора Каримова-духтари калони Каримов бар асоси 6 моддаи кодекси ҷиноӣ ба ҳабс гирифта шудааст. Ба иттилои манбаъ, ӯ дар қаллобӣ, руст кардани асъори хориҷӣ, вайронкунии қонунгузории гумрукӣ, поймол кардани қоидаҳои тиҷорат ва хизматрасонӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада муттаҳам мешавад. Бино ба маълумоти тафтишот, Гулнора ба гурӯҳи ҷиноие шомил шудааст, ки дар хориҷи кишвар қариб 1,4 млрд доллар, 63,5 млн евро, беш аз 27 млн фунт ва 18.5 млн франки Швейтсариро пинҳон кардааст. Дар Русия дар комплекси истиқоматии «Камелот»-и ш.Маскав 1 хонаи боҳашамат, 1 ҳавлии бузург ва 8 дар хонаи дигар дар маҳаллаи Рублевка-минтақаи сарватмандон ба ӯ тааллуқ доштааст. Дар шаҳри Ялта ҳам ба гуфтаи тафтишот 1 меҳмонхона, ҳавлӣ ва замин ба номаш будааст.

Чоршанбе, Авг 02 2017


Маҳмадамин Маҳмадаминов-филолог, иқтисоддон, сиёсатшинос ва дипломати Тоҷик ба ҳайси ноиб-президенти ЭКОСОС-созмони иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ пазируфта шуд, ки аз пирӯзиҳои устувортарини дипломатияи хориҷии кишвар дар 25 соли истиқлолият маҳсуб меравад. ЭКОСОС аз бонуфузтарин ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид аст, ки соли 1945 таъсис ёфтааст. Маҳмадаминов дастпарвари факултаи филологияи тоҷики УДТ ба номи В.И.Ленин буда, баъдан дар соҳаи иқтисодшиносӣ ва забонҳо малакаи худро дар Амрико ва Аврупо сайқал додааст. Замоне чанд раиси Амонатбонк ва Вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ низ буд. Аз муваффақтарин чеҳраҳои Тоҷикистони навин аст. Мо метавонем!

Душанбе, Июл 31 2017


Зиёрати қабри Ислом Каримов-собиқ президенти Ӯзбекистон ба ибораи нав дар бахши сайёҳии Узбакистон табдил шудааст. Даҳҳо нафар ҳар рӯз ба назди қабри ӯ рафта, дуову фотиҳа мехонанд ва ҳатто шӯхиомез сафар ба Самарқандро "ҳаҷҷи асғар" меноманд. Сокинони Самарқанд гуфтаанд, ки бори аввал аст, чунин теъдоди бузурги “сайёҳони” дохилӣ ба шаҳри онҳо ташриф меоваранд. Самарқандиҳои бало ҳамарӯза аз ҳисоби ҳоҷиёни навпайдо садҳо миллион сӯм кор мекунанд (натарсед, чанд миллион сӯм чанд долларак мешавад, аммо гуфтаи русҳо “и то хлеб”)

Душанбе, Июл 31 2017


Пайкараи тилокоришудаи президенти пешини Туркманистон-Сафармурод Ниёзовро, ки дар маркази Ашқобод-пойтахти ин кишвар қомат афрохта буд, канданд. Атрофи ин муҷассама, ки соли 2000 дар кӯчаи Махдумқулии пойтахт, рӯ ба рӯи бинои ВКД насб гашта буд, чанд моҳ пеш девор гирифта шуд. Мақомоти кишвар дар бораи нақшаи кандани муҷассамаи президенти пешини ин кишвар расман хабар надоданд ва сабабҳои ин иқдом низ шарҳ дода намешавад. Ёдрас мешавем, ки Ниёзов аз с.1985 то 2006 Туркманистонро раҳбарӣ мекард ва тайи ин солҳо дар саросари он кишвар чандин ҳайкалу нимпайкараи ӯ гузошта шудааст. Ҳоло президенти нав ҳайкалҳои худро мегузорад ва бовар дорад, ки пайкараҳои ӯро ҳаргиз туркманҳо нахоҳанд канд!

Душанбе, Июл 31 2017


Президенти Қирғизистон-Алмосбек Отамбоев дар 1 нишасти хабарӣ сабаби ранҷиши Туркияро бо он рабт дод, ки Қирғизистон нахост муассисаҳои таълимии "Сапат"-ро бандад. Ӯ гуфт, ки дар ин муассисаҳо таҳсил хуб аст ва ба ин хотир онҳо баста нахоҳанд шуд: “Сафири Туркия дар Қирғизистон гуфт, дар Қирғизистон 3500 одамони Фатҳуллоҳ Гюлен фаъолият дораyд. Ба гумонам, ӯ омӯзгорони "Сепат"-ро дар назар дошт, аммо ин дақиқ нест". Ба ҷуз ин, аз Отамбоев дар бораи мулоқоти муфтии пешини Қирғизистон бо рӯҳонии турк-Гюлен пурсиданд. Президент гуфт, ки муфтии пешин ҳоло ҳеч мансаби расмие надорад ва аз ин рӯ бо ҳар касе, ки мехоҳад, мулоқот мекунад.

саҳ 80 аз 104

Китобҳо

Flag Counter