ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Окт 04 2019

    Ноҳияҳои Дарвоз, Мурғоб ва Шуғнони ВМКБ дар рӯзи якуми даъвати тирамоҳӣ-1.10.2019 нақшаи даъватро пурра иҷро намуданд.

    Тавре котиби матбуотии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ғолиб Ниятбеков хабар медиҳад, нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ дар ноҳияҳои Дарвоз, Шуғнон ва Мурғоби вилоят 100%  иҷро шуда, ҳоло ҷавонписарони зиёде аз ш.Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷу Ишкошим ва Рӯшону Роштқалъа ба комиссариатҳои шаҳриву ноҳиявӣ ҳозир шуда, итминон аст, ки ин навбат ҳам нақша пеш аз мӯҳлат иҷро гардад.

 

Чоршанбе, Окт 02 2019

-Мардаш хизмат мекунад, йигит писари ман. Оши Панҷакента хӯр, бачам... ин нидои 1 лӯлизан буд, ки писарашро ба хизмати аскарӣ гусел менамуд.

Аввалин гусели даъватшавандаҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, имрӯз аз ш.Панҷакент бо шумори ҳудуди 100 нафар ихтиёриён сурат гирифт. Дар чорабинии фарҳангӣ волидони даъватшавандаҳо, донишҷӯёни макотиби олию касбӣ, хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ширкат намуданд.  Раиси ш.Панҷакент Ислом Зиёзода зимни баромади хеш гуфт, ки имрӯз бояд ҷавонон содиқона ба ватану миллат хизмат намоянд. Ӯ ба ҷавонони панҷакентӣ дар адои хизмат барору бурдборӣ таманно намуд. Барои даъватшавандаҳо ва падару модарони онҳо хони идона ороста шуда ҳамзамон чорабиниҳои фарҳангӣ дар тарабхонаи «Дурахшон» идома ёфт.

Хуршед Фозилов,

СССР, Панҷакент

 

Чоршанбе, Окт 02 2019

    Шаҳри Исфара нақшаи даъвати наваскарони тирамоҳиро дар рӯзи аввали даъват 100% иҷро намуд. Бояд гуфт, ки чунин натиҷа бори нахуст дар таърихи ин шаҳр пас аз даст омадани Истиқлолияти давлатӣ сурат гирифта, 260 нафар ҷавонони шуҷоъу матин ва қавиирода аз ин сарзамин бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва хизмати Ватан пайвастанд.

   Тавре ба мухбири СССР Иқбол Илёсзода, котиби матбуотии раиси ш. Исфара хабр дод, дар рӯзи аввали сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ 32 нафар ҷавонони шуҷоатманду ватандӯсти деҳаи Ворухи ш.Исфара ба ҳифзу ҳимояи Ватани азиз ва хоку марзу буми аҷдодии хеш камари ҷавонмардӣ бастанд. Мувофиқи иттилои расида, теъдоди ҷавонбачаҳои ворухӣ, ки ба сафи Артиши миллӣ равонаанд, аз 40 нафар бештар аст.

 

Чоршанбе, Сен 25 2019

    Субҳи имрӯз раиси ш.Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо иқдоми наҷиб ва ғайричашмдошт 1 гуруҳ шаҳрвандони касбу кори гуногунро бо Рӯзи шаҳр табрик намуда, ба онҳо гулдаста ва маблағҳои пулӣ тақдим кард.

   Тавре маркази матбуоти раиси ш.Хуҷанд хабар медиҳад, рӯбандаи комбинати ободонии шаҳр, корманди корхонаи нақлиёти санитарии шаҳр, хонандаи МТМУ №12, донишҷӯйи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, духтури беморхонаи шаҳрии №1, тарбиятгирандагони муассисаи томактабии №33-и шаҳр аз дидори ғайричашмдошти субҳгоҳона бо шаҳрдор ва табрикоти бевоситаи раиси ш.Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба муносибати Рӯзи шаҳр ба ваҷд омада, миннатдории самимонаи хешро изҳор доштанд.

    Маъруф Муҳаммадзода ашхоси касбу кори гуногунро бо Рӯзи шаҳр табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки Хуҷанди бостонӣ аз қадимтарин даврони таърихӣ ҳамчун мазҳари 1 фарҳанги нерӯманд, зодгоҳи ҳунармандиву саънати муътабар, ҳавзаи пурбори адабиёти тоҷик ва сарзамини меваҳои хубу ҷойгоҳи зуҳури обу ҳавои хуш муаррифӣ ва шинохта гардида, дар дарозои ин таърихи куҳан афрод ва ашхоси муътабаре чун олимону шоирон, ҳунармандону косибон, санъатварону ходимони барҷастаи таърихиву сиёсӣ дар домани он ба камол расонидааст.

 

Чоршанбе, Сен 25 2019

Владимир Путин-президенти Русия бо Ҳабиб Нурмуҳаммедов, қаҳрамони UFC дар фурудгоҳи шаҳри Махачқалъа мулоқот кард. Ҳабиб ба фурудгоҳ омад, то Путинро, ки бо сафари корӣ дар Доғистон қарор дошт, гусел кунад. Путин ҳини мулоқот ӯро бо пирӯзияш бар Дастин Пуаре шодбош гуфт: "Ман туро табрик мегӯям, хеле зӯрозмоии хуб, зебо ва мунсифона буд. Ҳунарнамоии туро тамошо кардам, усули хуби буғикунандаро дидам. Ин шеваи клоссикӣ аст, вале ба гулӯяш низ фишор наовардӣ-да!...".

 

Чоршанбе, Сен 18 2019

Субҳи 18.09.2019 дар гузаргоҳи марзии “Қизил-Бел”-и сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон мулоқоти Қоҳир Расулзода, сарвазирони Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш Муҳаммадқулӣ Абилғозиев баргузор шуд. Сарвазирон ба раҳбарони хадамоти марзбонӣ ва мақомоти маҳалли ду кишвар дастур додаанд, ки ҳамкориҳоро дар тамоми сатҳо тақвият бахшида, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни сокинон пурзӯр кунанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷанҷолу тирандозӣ дар марзи ду кишвар ҳамдигарро мутаҳҳам карданд. Ёдрас мешавем, ки Қирғизистон дар роҳи Исфара-Ворух тасмим гирифтааст, ки постгоҳ созад. Ин иқдоми Қирғизистон боиси нигаронии мақомоти Тоҷикистон шуд. Мақомоти Тоҷикистон эълон кард, ки бунёди постгоҳ дар қаламраве, ки аломатгузорӣ нашудааст, ғайриқонунист.

 

саҳ 11 аз 81

Китобҳо

Flag Counter