ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Апр 04 2019


Жогоргу Кенеш-Парлумони Ҷумҳурии Қирғизистон рӯзи гузашта масоили марзиро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, санадеро ҳам ба тасвиб расонидааст, ки тибқи он аз ҳукумати кишвар хоста мешавад, ки ба мушкилоти сокинони ноҳия ва деҳаҳои наздимарзӣ расидагӣ карда шавад.
   Вакилони Жогоргу Кенеш дар ҷаласаи навбатии парлумон аз мушкилоти сокинони деҳаҳои наздимарзии вилояти Бодканд, хосса аз норасоии хадамоти тиббиву маориф, оби тозаи ошомиданӣ ва об барои киштукор гуфта, вазъи роҳҳои маҳаллиро низ нигароникунанда арзёбӣ намуданд.
   Инчунин, аз ҷониби чанд нафар вакилон пешниҳод карда шуд, ки осебдидагони муноқишаи марзии рӯзҳои 13-14 марти соли ҷорӣ аз тарафи ҳукумат қадрдонӣ карда шаванд…


Чоршанбе, Апр 03 2019


Бекболот Талгарбеков, сиёсатмадори қирғиз барои ба суд кашидани президенти пешин Алмосбек Отамбоев ҳуҷҷат омода кардан дорад. "Моро боздошт ва дар омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ айбдор карданд. Ин айбномаи ҷиддист. Бо ҳамин айб ман 3 сол дар зиндон будам. Акнун бигзор дар суд исбот кунанд, ки ман дар куҷо ин гапҳоро гуфтаам. Мехостанд, маро 17 сол зиндонӣ кунанд, аз ин хотир 17 млн сом ҷуброни зарарӣ маънавӣ талаб мекунам" гуфтааст ӯ. Ин сиёсатмадор 7.03.2019 шартан озод шуд.

Панҷшанбе, Март 28 2019


Додгоҳи шаҳри Вилнюс-пойтахти Литва, собиқ РСС Литва, ки ҳоло узви Иттиҳоди Аврупо ва душмани №1 барои Маскав аст, Дмитрий Язов-собиқ Вазири мудофиаи СССР-ро 10 сол суд кард! Дар изҳороти додгоҳ омадааст, ки дар таърихи 13.01.1991, ки он вақт Язов сари қудрат буд, маҳз бо амри ӯ 14 литвонӣ кушта ва 700 тани дигар захмӣ шудаанд. Хотиррас мешавем, ки дар ин рӯз мардуми Литва барои комилан соҳибистиқлол шудан, ба бинои ТВ Вилнюс ҳуҷум карда буданд ва низомиёни Армияи Советӣ (АС) сӯи онҳо тир кушоданд.
Дмитрий Язови 94-сола ҳоло маскуни Маскав асту давлати пирӣ меронад.
Дмитрий Тимофеевич Язов-сиёсатмадори аршади шӯравӣ, сарлашкар, Маршали Иттифоқи Советӣ, Вазири мудофиаи СССР, узви Политбюрои СССР, узви Шӯрои амнияти шӯравӣ буда, дар охирин амалкарди ҳифзи ин абарқудрат, ГКЧП дасти тамом дошт. Вале баъди шикасти ГКЧП аз сари қудрат ва сиёсат рафт.
Воқеан ҳам, РСС Литва аз нахустин кишварҳои собиқ шӯравӣ буд, ки дар моҳи марти соли 1990 худро соҳибистиқлол хонда, деклоратсияи озодияшро имзо кард. Ин дар ҳоле буд, ки Тоҷикистон низ метавонист нахустин шуда, соҳибистиқлол гардад. Аммо депутатҳои собиқ парлумони РСС Тоҷикистон, ки имрӯз аз истиқлол меболанд, бар зидди Тоҳири Абдуҷаббор шӯридаву деклоратсияи соҳибистиқлолии ӯро дарондаву худашро дашном доданд. Минҷумла, депутат Валентина Абдусамадова Тоҳирро бо русӣ чунин ҳақорат дода буд:
-Ты, что лев (ишора ба рамзи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар он Шер сабт буд). Да ты мокрая курица…
Ва толор қарсак зад…
Замона дигар шудаасту ҳоло онҳо барои дигар чӣ қарса мезананд.
Мо Метавонем!

Чоршанбе, Март 27 2019


Мақомоти Узбекистон тасмим доранд, ки равуои нақлиёт ба Чинро тариқи қаламрави Тоҷикистон ба роҳ монанд. Дар ин бора президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аллакай қарор қабул карда, чораҳои тақвияти иқтидори транзитии бахши нақлиёти Узбекистон тасдиқ шудааст.

Чоршанбе, Март 20 2019


Дмитрий Песков-сухангӯи Владимир Путин-президенти Русия эътирозҳои бузургро, ки бо талаби озодии интернет дар Маскав баргузор шуд, шарҳ дода гуфт, ки гузориши эътирозҳоро дар ТВ дид. Ба гуфти ӯ, яке аз эътирозгарон дар ТВ мегуфт, "ҳукумат мехоҳад тугмаро пахш ва интернетро хомуш кунанд». Ба гуфти Песков ин "комилан иштибоҳ аст. Чаро иштирокдори тазоҳурот аз ин нигарон нест, ки тугмаро аз он сӯи уқёнус пахш ва ӯро аз интернетро хомуш мекунанд, дар ҳоле, ки бояд аз ин нигарон бошанд…»

Сешанбе, Март 19 2019


Бар асоси мувофиқаи дуҷониба, қарор карда шуд, ки ҷониби Қирғизистон ба бунёди қитъаи роҳи ҷанҷолбарангези Ботканд-Оқсой-Тамдиқ "ба хотири убури чорво" идома дода, ба сокинони Тоҷикистон иҷоза мешавад, ки дар 2-километрии ҷанубтари ин қаламрав дар қитъаи роҳи Ворух-Сомониён-Исфара роҳи худро бунёд намоянд. Ин мувофиқа пас аз 5 рӯзи музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара ба даст омада, дар пайи музокирот раҳбарони ҳайатҳо-Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизи ӯ Ҷениш Раззоқов рӯзи 18.03.2019 дар хатти марзи байни деҳаҳои Хоҷаи Аълои Тоҷикистон ва Оқсои Қирғизистон 1 нишасти матбуотӣ баргузор карданд.
Муовини сарвазири мамлакат ва  раиси Комиссиюни аломатгузории марз Азим Иброҳим баъди анҷоми музокирот ва имзои протокол дар сӯҳбати кӯтоҳаш бо намояндагони матбуот гуфтааст, ки мавзӯи марз 1 масъалаи ҳассос аст.  Вай гуфтааст, ки 1 мувофиқаи муҳим, ки дар протокол ҳам инъикос шудааст, ин аст, ки бояд омилони сар задани ин моҷаро ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Бар асоси мувофиқаи дигари ҷонибҳо, амнияти қаламрави марзиро патрулҳои полиси якҷоя назорат карда, амнияти шаҳрвандони 2 кишварро таъмин мекунанд.

саҳ 13 аз 76

Китобҳо

Flag Counter