ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Март 31 2021

Президенти Беларус Александр Лукашенко изҳор намуд, ки амалан ҳайати роҳбарияти давлат ва минтақаҳоро, бо афроди насли ҷадид иваз кардааст. Лукашенко гуфт: “Ҳоло ба мо эрод гиранд, ки мо 1 низоми карахтем, ҳаргиз чунин нест. Мо дар амал, қариб ҳамаи ҳайати роҳбарияти давлат, сатҳи губернаторӣ ва намояндагони райисполкомҳоро бо одамони нав ҷойгузин кардем. Шумо насли нав, бояд ин эстафетаро дар оянда бигиред ва кишвари наватонро бисозед”. Батко инчунин қайд кард, ки дар ин радиф Маҷлиси халқии умумибеларусӣ (ВНС) нақши вежа дорад ва Қарорҳои дар он қабулгардида, барои ҳамаи роҳбарони кишвар, дар ҳар сатҳу зина, нуқтаи истинод ба шумор мераванд. 

PS: Албатта,  иқдоми сутуданист. Вале аз қадим гуфтаанд, ки бо иваз кардани ҷои ҷамъшавандаҳо дар ҳосил тағйире эҷод намешавад. 

 

Чоршанбе, Март 24 2021

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, тавассути Вазири корҳои хориҷии кишвараш, ба котиби генералии СММ Антонио Гутерриш номаи эътирозие ирсол намудааст. Гуфта мешавад, тарафи озарӣ Арманистонро ба интиқоли пинҳонии нерӯ ба Қарабоғи Кӯҳӣ муттаҳам мекунад. Озарбойҷон мегӯяд, ки ин нерӯҳо бо либоси мулкӣ, тавассути гузаргоҳи Лочин, пинҳонӣ аз русҳо, вориди Қарабоғ мегарданд. Дар нома қайд гардидааст, ки ин кор нақзи ошкори ӯҳдадориҳои байналмиллалист. Дар нома инчунин омада аст, ки дар худи Арманистон ҳам, мардум алайҳи вуруди дубораи нерӯ ба Қарабоғ эътироз доранд.

PS: Акои Илҳомҷон! Ҷанги Қарабоғ ҳоло ба ин зудиҳо хомӯш намегардад. Чун мушкили ин минтақа ҳанӯз решаӣ баррасӣ нагардидаанд. Русҳо набуданду шумо чанд гол задед. Ин бор, тӯб дар майдонӣ арманиҳост! 

 

Чоршанбе, Март 17 2021

Президенти Украина Владимир Зеленский, Раиси кумитаи иҷрояи Шӯрои миллии ислоҳот Михаил Саакашвилиро аз ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳалли масъалаҳои доғи соҳаи шаҳрсозӣ хориҷ кард. Ба ҷои Саакашвилӣ, Георгий Тсхакая таъин шуд. Зеленский далели ин тасмими кадриашро шарҳ надод. Президенти Украина ҳанӯз моҳи апрели соли 2020 ба президенти собиқи Гурҷистон вазифаи муовини сарвазир бобати ислоҳотро пешниҳод намуда буд. Ин пешниҳоди Зеленскийро ҳукумати Гурҷистон шадидан интиқод кард. Аммо номзадии Саакашвилӣ дар Радаи Олии Украина овози лозимаро нагирифт ва дар натиҷа ӯ танҳо сарвари кумитаи иҷрояи Шӯрои миллӣ оид ба ислоҳот таъин карда шуд.

PS: Саакашвилӣ яке аз беҳтарин лоиҳаҳои ғарбист, ки корашро дар Гурҷистон то ҳадде тавонист анҷом диҳад. Аз онҷо ба Украина овардандаш, то битавонад ин кишварро низ ғарбӣ кунонад. Гӯиё Фирдавсӣ дар бораи Мишка навишта буд, ки:

Қадами номубораки Масъуд,

Гар ба дарё расад барорад дуд!!!

 

Чоршанбе, Март 10 2021

Президенти Туркманистон Қурбонгули Бердимуҳаммадов ҷашни саги зоти алабайро (овчаркаи осиёимиёнагӣ) таъсис дод. Ҷашни саги алабай дар Туркманистон ҳар якшанбеи охири моҳи апрел дар якҷоягӣ бо ҷашни миллии аспи зоти ахалтекинӣ таҷлил мегардад. Бердимуҳаммадов ҳанӯз моҳи ноябр дар Ашхобод ҳайкали тиллоии алабайро ифтитоҳ бахшида, моҳи маи соли 2019 бошад, чунин сагро ба Дмитрий Медведев, сарвазири собиқи Россия ҳадя дода буд.

PS: Таҷлили ҷашни сагу асп албатта кори баде нест, вале кам-кам фикри одамҳоро ҳам бояд кард. Бо вуҷуди ин, Туркманистон чизҳои арзандаи дигар ҳам дорад, ки метавон барои онҳо ҳам ҷашне таъин кард.

 

Чоршанбе, Март 03 2021

   

Президенти Украина Владимир Зеленский хотираи иштирокчиёни Евромайданро, ки дар задухӯрд бо нерӯҳои амниятӣ ҳалок шудаанд, гиромӣ дошт. Зеленский дар Майдон гулчанбар гузошта, гуфт: “Мо ҳақ надорем номи кушташудагонро фаромӯш кунем. Мо ҳақ надорем он кишвареро, ки онҳо барои он ҷони худро қурбон кардаанд, насозем. Ёд ва хотираи ҳамаи онҳое, ки барои ояндаи Украина ҷон бохтаанд, бояд абадӣ бимонад!”. Президенти Украина инчунин даъват кард, ки масъулини ин куштор низ фаромӯш нашаванд ва мардум ному насаби онҳоро ҳеҷ гоҳ аз ёд набарад.

PS: Евромайдони украинӣ сари Януковичро хӯрд ва ин кишварро ба гирдоби ҷанг тела дод. Зеленский инро бояд бидонад, аммо сиёсат тақозо мекунад, ки ӯ низ зери ин мусиқӣ бирақсад. Дар сурати акс, боз 1 Майдони дигар сари Зеленскийро мехӯрад.

 

Панҷшанбе, Фев 25 2021

 

Президенти Беларус Александр Лукашенко нақл кард, ки бо ташаббуси ӯ дар кишвар амалиёти тафтиши кормандони ГАИ ба роҳ монда шудааст: “Мо хостем бифаҳмем, ки кормандони ГАИ-и мо ришва мегиранд ё не?”.                                                              Президенти Беларус аз натиҷаи тафтиш изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт: “Дар тафтиши охирин ҳатто 1 нафар ҳам ришва нагирифт. Яке аз онҳо, дар ҳамин майдони назди Қасри Истиқлолият мегуфт, не намегирам, на имрӯз ва на фардо. Биравед! Яъне ӯ ба таъбире “чуткааш” ба кор даромад ва вазъиятро фаҳмид. Ин боиси ифтихор аст”. Лукашенко инчунин аз тарафдоронаш хост, миёнҳоро маҳкам бибанданд ва ба ҳам омада, ин давраи мураккабро пушти сар кунанд. 

PS: Албатта, Батко мехоҳад Беларусро мисли Аврупо ҷилва диҳад. Аммо шояд ГАИ-ҳо медонистанд, ки кай тафтиш мешаванд ва ҳамон рӯз ришва нагирифтанд?!

 

саҳ 3 аз 87

Китобҳо

Flag Counter