ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Фев 18 2021

   

Президенти Россия Владимир Путин қабри президенти аввали ин кишвар Борис Елтсинро зиёрат кард. Путин Елтсинро масъулиятшинос хонд ва хеле аз ӯ ситоиш карда, гуфт: Елтсин Россияро дар яке аз сахттарин давраҳои таърихӣ, гуфтан мумкин давраи ҳассос сарварӣ кард. Елтсин аз дигарҳо бо ин фарқ мекард, ки ҳеҷ гоҳ аз пазируфтани масъулият намеҳаросид. Қисмат ба дӯши ин мард масъулияте гузошт ва Борис Николаевич бо сарбаландӣ ин масъулиятро иҷро кард. Кишвар бояд ҳеҷ гоҳ ин гуна афродро фаромӯш накунад. 

PS. Владмир Владимирович каме иғроқ мекунад. Ин Елтсин буд, ки Россияро ба он ҳолати “ҳассос” расонид. Чандон масъулиятшинос ҳам набуд. Ҳазорон ваъдаи хушку холӣ доду ҳеҷ кадомашро иҷро накард. Вале Путин дуруст мегӯяд кишвар бояд Елтсину елтсинбаринҳоро дар хотир дошта бошад ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунад... 

 

Чоршанбе, Фев 10 2021

Президенти Беларус Александр Лукашенко ворид кардани сензура ё маҳдудиятро ба шабакаҳои иҷтимоӣ дар сар то сари ҷаҳон як амри зарурӣ қаламдод карда, гуфт: “Шояд касе, ки ин морро сохт ва аз кӯза берун кард, худаш ин равандро оғоз кунад. Мо ин корро, аслан карда наметавонем. Агар 1 ҷо масдуд кардем, инҳо аз ҷои дигар сар мебароранд”.  Лукашенко, шадидан муқобили дахолат ба ҳарими хусусӣ ва зиндагии шахсии афрод ва тахриби сохти иҷтимоӣ-сиёсии давлатҳо баромад карда, гуфт: “Бо ёрии шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенджерҳо, ҳоло мешавад инқилобӣ сайёравиро роҳандозӣ кард”.

Батко дақиқан Амрико ва тазоҳуроти азхирӣ дар ин давлатро дар назар дошт, ки Кохи Сафед харобкорони вашингтониро “Террористи худӣ” муаррифӣ кардасту хулиганҳои  беларусиро “демократ”.                                                                                                                                                    

 

Чоршанбе, Фев 03 2021

Президенти Украина Владимир Зеленский мардуми кишварашро бо Рӯзи ваҳдат табрик кард ва орзуи ҳамаи украиниҳоро ошкор сохт. Ба гуфти Зеленский, орзуи асосӣ ин ваҳдати миллат мебошад, на ваҳдати заминҳо ва ҳудуд. Зеленский гуфт: “Ин Рӯзи ифтихори мост. Рӯзест, ки аҷдододони мо ба ҳам пайвастанд ва мубориза барои Украинаи мустақил оғоз гардид. Мутаасифона, он ҳангом ба ходимони давлатӣ ҳикмат ва фаҳмиши комил нарасид, то кишвари мустақили худро нигаҳ доранд. Ва ин Рӯз барои мо дардовар ҳам ҳаст. Чун 100 сол баъд аз он, Қрим ва қисмате аз Донбас ҳам аз Украина канда шуд”.                        

 

Панҷшанбе, Янв 28 2021

Президенти Русия Владимир Путин бобати натиҷаи дидораш бо сарварони Арманистон ва Озарбойҷон, ки дар Маскав ба вуқӯъ пайваст ибрози назар кард.                                                           

Путин гуфт: “Маскав, Ереван ва Боку гурӯҳи кориро барои барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи Қарабоғи Кӯҳӣ созмон медиҳанд. Дар кӯтоҳтарин фурсат, муовинони сарвазирони се кишвар, нақшаҳои мушаххаси рушди зерсохторҳои ҳамлу нақл ва иқтисодии минтақаро пешкаш мекунанд. Аввалин нишасти гурӯҳ 30 январ доир мегардад”.                                                                                                                                                                       

Путин инчунин қайд кард, ки тарафҳо оташбасро дар минтақа риоят мекунанд ва ҳеҷ даргирии ҷиддие аз замони имзои созишномаи сулҳ, дар Қарабоғ рух надодааст. Ба гуфти Путин аллакай 48 000 гуреза дар Қарабоғ ба хонаҳояшон баргаштаанд.

 

Чоршанбе, Янв 20 2021

Президенти собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев марги наберааш Айсултон Назарбоевро талафоти бузург барои оилаашон унвон кард. Назарбоев гуфт: “Мутаасифона дар соли 2020 мо 1 набераамонро аз даст додем, ки хеле ба ман монанд буд. Ман аз марги ӯ хеле мутаассифам, ӯ хеле зуд моро тарк кард”                                                                                                                 

  Ба гуфти Назарбоев, оилаи онҳо Айсултонро дар Маскав ва Лондон табобат кард, вале бе натиҷа. Президенти аввалини Қазоқистон гуфт: “Албатта мешуд ӯро ба ҳеҷ ҷо нафиристем, аммо ӯ аллакай ғуломи ин кор шуда буд ва наметавонист аз он даст кашад”.  Ногуфта намонад, ки Айсултон Назарбоев писари духтари президенти собиқи Қазоқистон Дарига Назарбоева ва марҳум Роҳат Алиев буда, дар Лондон аз нашъамандӣ табобат мегирифту зидди бобояш амал мекард ва аз оппозитсияи қазоқ маҳсуб мерафт. Падараш-Роҳат Алиев мисли небари Нурсултон дар зиндони Австрия бо иллати тамоман номаълум фавтида буд...

 

Чоршанбе, Янв 13 2021

Президенти Русия Владимир Путин изҳор намуд, ки боз кардани сарҳад барои муҳоҷирони меҳнатӣ имкон дорад.

Путин дар нишасти Шӯрои давлатӣ гуфт, ки мавзӯи боз кардани сарҳадро барои вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ, метавон бо баъзе кишварҳо мавриди муҳокима қарор дод. Дар баробари ин Путин қайд кард, ки ин корро бояд “нуқтаӣ” анҷом дод. Яъне нерӯи кориро танҳо барои соҳаҳое, ки онҷо аз он танқисӣ мекашанд, сафарбар намуд. Президенти Русия афзуд: “Инро бояд муҳокима кард ва ман ин корро бо ҳамкороне аз он кишварҳо анҷом медиҳам, ки бароямон бештар нерӯи корӣ ирсол мекунанд”. 

 

саҳ 4 аз 87

Китобҳо

Flag Counter