ХАБАРИ ДОҒ

 Муроҷиат ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, парламент, вазорати адлия ва вазорати корҳои хориҷии ҶТ!

 ...ва мо бовар мекунем. 20 сол боз ҳамагӣ сағиру кабир мегӯем, ки дар Ватани мо ҷанги шаҳрвандӣ буд. Ва ҳатман аз ҳама сатҳҳо онро таҳмилӣ меномем. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба ғайр аз кишварҳои манфиатдор, нисбати бесомониҳои он солҳо аз вожаи “ҷанги шаҳрвандӣ” кор намебаранд. Тибқи меъёрҳои ҳуқуқи башар дар чунин маврид 2 вожа кор бурда мешавад: “ҷанги шаҳрвандӣ” ва “терроризм”. Дар кишвари мо ягон нишонаи ҷанги шаҳрвандӣ вуҷуд надошт. Аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ гурӯҳҳои террористӣ ташкил ва таҷҳиз шуданд, ки зидди ҳамдигар ва (таъкид мекунам!!!) аҳолии бесилоҳи осоишта амалҳои террористӣ мегузарониданд. Аз сохторҳои мазкур хоҳиш мекунам, ки баҳои мушаххаси ҳуқуқии ин ҳодисаҳоро дақиқ муайян кунанд.

Ин 2 вожа, агар содда гӯям, монанд ба вожаҳои ҳуқуқии «зан» ва «маъшуқа» ҳастанд. «Зан» ин бонуест, ки қонун ҳамхобагияшро бо мард расман мешиносад ва ҳуқуқҳо барояш қоил асту аз онҳо дифоъ мекунад. Маъшуқа низ ҳамон зан аст, аммо берун аз доираи қонунҳо ва бидуни ҳуқуқ. Вақте мо ҷанги шаҳрвандӣ мегӯем, ҳама масъулият ва ҷавобгарӣ ба дӯши худи мо меафтад ва гунаҳгорони асосии ташкилкунандаи терроризм ва генотсиди миллат 1 сӯ мемонанд. Яъне сабабгор ва ташкилкунандаи қатли оми миллат маҳз худи миллат аст. На гурӯҳҳои хориҷӣ. Илтимос, гирди ин 2 вожаи ҳуқуқӣ ва суду зиёни онҳо ба миллату давлат андеша кунед ва ҳарчӣ зудтар хулосаи ақаллан экспертӣ пешниҳод кунед. Зеро 1 бор, ки хомӯшона ин тӯҳматро қабул кардем, дигар душманони мо одат карданд ва ҳар ҷинояте, ки содир кунанд, ба сари худи мо бор мекунанд.

Гуфтаниям, ки агар “ҷанги шаҳрвандӣ” буд гӯем, мувофиқи қонунҳои байнулмилал дасти берун, ё маблағгузору роҳбари ғояи гурӯҳҳои террористиро наметавонем гунаҳгор кард. Агар терроризм гӯем, ҳуқуқ пайдо мекунем, ки ба “хоҷагони пасипардагӣ” даъво пеш орем ва дасташонро дар оянда аз сари миллати худ қонунан кӯтоҳ кунем. Ва моро дар ин ҳолат ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ мекунад. Агар коҳи кӯҳнаро бод дода, каҳдонро тоза накунӣ, дигар чорводорӣ кардан намешавад. Ин коҳ не, тақдири 1 миллат аст ва ин миллат ҳақ дорад дӯсту душманашро шиносад ва худро ҳимоя кунад. Ё фикр мекунед гурӯҳҳои он солҳо ҳамагӣ мурданд? Ҳоло ҳам бозӣ доронда истодаанд моро:

Помирро ба хотири сарҳад ва интиқоли наркотикро ба даст гирифтан имрӯз ноором кардаанд. Бо қирғиз мушкил эҷод карданд. Фардо агар хомӯш истем, зери ҳамин коҳи кӯҳна гӯрамон мекунанд. Дар масъалаи муносибати шахсиатон метавонед андеша накунед, аммо масъалаи миллӣ дигар чиз аст. Бояд ба ҷанги граждании мо номи таҳмилӣ-террористӣ гузошту дастандаркоронашро мушаххасан муайян кард, то фардо дер нашавад. Мо метавонем!

Сафват Бурҳонов,

Одесса, Украина



 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter