ХАБАРИ ДОҒ


Қабл аз ин ӯ гуфт, ки бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Украин низ машварат карда буд. Панҷшанбеи гузашта бошад, Хадамоти сарҳадии Украина бинобар сабаби дар ҳолати бад қарор доштан, рафту омади шаҳрвандонро ба нимҷазира манъ кардааст. Тавре хабар додаанд, ҳини дохил шудани диверсантҳои украинӣ ба замини Қрим аз ҷониби Россия дастгир карда шуданд. Мақсади дастигиршудагон, шикаст додани соҳаи сайру саёҳати ниҷазира будааст. Аз рӯйи гуфти диверсантҳо, дар чанд минтақаи имҷазира маводҳои таркандаро барои таркишу байни мардум пош додани тарсу ваҳм омода сахта будаанд. Рӯзи 10 август бошад Хадамоти бехатарии Федералии Россия иттиллоъ дод, ки дар нимҷазира дастаи ҷосусони низомии украинӣ барҳам дода шуд. Масалан, шаби 7 август ҳини дастгиру нобуд кардани диверсантҳо корманди Россия кушта шуд. Рӯзи 8 август бошад ҳини тирпаронӣ 1 низомӣ низ кушта шуд. Нимҷазираи зебоманзару табобатгоҳҳои зиёд доштаи Қрими бостонӣ, қариб 70 сол орому осойишта буд. Наход, ки ин оромиву сайру гашт, истироҳату фароғати инсонҳои соҳили баҳри Сиёҳро халалдор хоҳанд кард?!

Шамсиддини Муқим,
хабарнигори махсуси «СССР»
дар Россия

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter