ХАБАРИ ДОҒ

РУСИЯ БА ОСИЁ БАРМЕГАРДАД Ё МЕРАВАД?

  • Сешанбе, Фев 23 2016

Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ тавозунҳо вайрон шуданд. Ҷамоҳири Осиёи Марказӣ, ки бештар ба давлати абарқудрати Русия

ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам сиёсӣ вобастагии зиёд дошт,

чун сағираҳои бесоҳиб дар майдони ҳастӣ танҳою бепарастор монда, сару калобаро гум карданд. Истиқлолият дар заминаи холӣ ба даст омад. Сохторҳо фалаҷ шуданд.

Москва фақат манфиат, обру ва нуфузи Русияро ҳимоя мекард ва нақши худро дар истифодаи механизмҳои давлатдорӣ тез-тез тағир медод. Ҳарчанд созмонҳои гуногун ташкил меёфтанд, лек шакли мушаххас, мундариҷа ва консепсияи ягона надоштанд. Хотиррасон бояд кард, ки ҳамон созмони Иттиҳоди Гумрукӣ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёӣ, ки имрӯз дар боби он зиёд мегӯем, низ аз ҷумлаи ҳамон созмонҳоест, аз қабили СНГ, ки консепсияи ягона надорад. Зеро алҳол дар ҷаҳони тағирёбандаи имрӯза талоши ҳадафҳо идома меёбад. Яъне ҷаҳони имрӯза назди диллемаи геополитикӣ қарор дорад. Олоти ин талошҳо аз сарват ва нерӯи молиявию иқтисодӣ иборат аст. Одати фармонфармоӣ аз байн рафта, муколамаю робитаҳои нави сиёсию дипломатӣ сари кор омад. Аз ин ҷиҳат дар бисёр мавридҳо баҳсу муколамаҳо дар ин самт хеле тезу тунд ва доманадор сурат мегиранд.

 

Проблемаи Душанбе дар ҳамсояҳост



Ба дипломатияи Ҳукумати марказии ҶТ арҷ бояд гузошт. Зеро мисли ҳамсоякишварҳо дар ин ҷода ҳеч гоҳ ба саросемагӣ ва тундравӣ роҳ намедиҳад ва таҳаммулкор аст. Аз ин рӯ, Тоҷикистон дар минтақаи ОМ ягона давлатест, ки дар ин гирудорҳои таърихӣ муносибаташро бо ягон давлати абарқудрат вайрон накардааст. Баръакс, сари мизи муколамаҳо дар хусуси ҳаққи ҳалоли кишвар устокорона ҳарф зада, дипломатвор сухан меронад ва дар талоши манфиатҳо ва обрӯю эътибор истодагарӣ мекунад.

 

Ӯзбакистон дар байни Амрикову Аврупову Русия ихтилоф пайдо кард. Алҳол пойбанди кист, муайян карда наметавонад. Мавқеи «нейтралитети»-и Туркманистон бозиро бо фалаҷшавии муносибатҳо ба ин кишвар ба анҷом расонд.

 

Қирғизистон губернияи Русия мешавад?

 

Ҷангҳои пай дар паи Қирғизистон ва кашмакашиҳои то имрӯз давомдор парлумони ин кишварро водор сохт, ки ба ивази оромӣ ва қарзҳои доимӣ ҳамаи соҳаҳои стратегиро ба дасти Русия «инъом» кунад. Русия дар навбати худ омодагӣ мегирад, ки дар ҳудуди ин кишвар НОБҳои хурду калон созад ва унсурҳои энергетикии арзонро дар ин минтақа ба даст оварда, қад-қади марзи Қирғизистону Тоҷикистон дар вилояти Суғд платсдарми фурӯши маводи сӯзишвориро раҳандозӣ кунад.

 

Лжедемократияи қирғизӣ, ки бехабарон дар Тоҷикистон ҳавасашро мехӯранд, иқтисодиёти ин кишварро мутеъи Русия намуд. Фарҳангро кайҳо бохта буданд. Акнун хатари пурра ба истилоҳи Жириновский «ба губернияи Русия табдил шудани ҳамсоякишвар» ба назар мерасад.

 

Кӣ медонад, агар хатти маши дарҳои боз ва муносиботи дӯстона бо ҳама кишварҳо намебуд, Тоҷикистонро вазъи душвори имрӯзаи мардуми қирғиз шояд интизор мешуд. Бо боварӣ бояд иброз дошт, ки Тоҷикистон дар ин бозии бозингарони абарқудрат сарбаландона маҳорати касбӣ нишон дод ва моҳирона манфиатҳои миллиро дар харитаи иқтисодии ҷаҳон ҳимоя карда тавонист.

 

Амрико аз Русия қафо монданӣ нест



Аслан ин бозии осиёии абарқудратон талоши манфиатҳои геополитикист. Амрико имрӯз тайёр аст, ба хотири талоши аҳдофи геополитикии худ муколамаю робитаҳоро ҳатто бо «экстремист»-ҳои Мурсӣ барқарор созад. Зеро дар харитаи имрӯза манфиатҳои калони иқтисодӣ қарор дорад. Миср кишвари калидии интиқоли газ дар Ховари Наздик аст. Он дорои конҳои калон буда, интиқоли газро ба Аврупо раҳандозӣ карданист. Барои ин дар канали Суэтс сохтмони бандари калон ва терминали газро оғоз кардааст. Аз ин ҷост, ки сарвари тозаинтихоби Миср-Муҳаммад Мурсӣ ба таклифҳои расмӣ ва кӯмакҳои молиявии Амрико ва Русия бо шубҳа менигарад ва сарватҳои кишварро саросема нашуда ба манфиатҳои миллии мардуми Миср истифода мебарад. Албатта ин бесабаб нест, зеро дар воқеъ ҷанг ва оқибатҳои онро фақат ҷангзада медонад. Миср имрӯз барои рафъи оқибатҳои ҷанг ва ғанӣ сохтани буҷаи кишвар ба кӯмакҳои молиявӣ на чун ҳарвақта зарурият дорад. Вале ин мувақатист ва Мурсӣ майдони манфиатҳоро барои дигарон холӣ кардани нест. Ӯ такя ба сарватҳои табиии худ дорад.

 

Амрико Афғонистонро фатҳ карда натавонист? Ин суоли ғайримантиқист. Зеро мо ҳадафи асливу усулии Вашингтонро то ҳанӯз намедонем. Дигарон ҳам намедонанд. Вале 1 чиз аён аст, ки Амрико ба садсолаҳо менигарад ва то ин дам аз кишваре ҳамту баромада нарафтааст. Сухан сари Осиёи Миёна, Ҳинду Покистон ва Чин меравад, ки захоири ҳангуфти нафту газ доранд. Пас, наметавон гуфт, ки соли 2014 мо амрикоиёнро танҳо аз ТВ хоҳем дид. Инро дар Кремли Путинӣ нағз дарк кардаанд…

 

Путини ҷавону пир; 1 сару 2 ақида?

 

Оғози қарни XXI Путин тариқи гуфтугӯи мустақими ТВ гуфт, ки идеяи интегратсия аслан хатост ва мавҷудияти СНГ зарурият надорад. Шояд он вақт Путини ҷавон ва сиёсатро наозмуда, фориғ аз талошҳои геополитикӣ назди аудиторияи рус шефтаи эҳсосот шуда буд. Вале таърих собит сохт, ки ӯ дар идораи сиёсати давлатӣ ба хатоӣ роҳ дод. Шояд ӯ он вақт ҳич гумон намекард, ки ба ин худкомагӣ Русия вобастагиҳои кишварҳои ОМро бебозгашт аз даст медиҳад. Баъд аз ин изҳорот тавассути барномаҳои нав ва ҷаззоб бозингарони нав аз қабили Эрон, Чин, Ҳиндустон, Туркия вориди майдони то ҳол шаклнагирифтаи ОМ шуда, ҳамкориҳоро дар ҳамаи соҳаҳо ба роҳ монданд.

 

Тоҷикистони баъдиҷангӣ аз ин иқдом нафаси тоза гирифт ва доимо дар ин самт ҳамкориҳоро равнақ дода, вобастагиҳои мавҷударо ба андозае аз байн бурд. Ин боиси устувор шудани пояҳои истиқлолият шуд. Механизмҳои идоракунии давлат ба кор даромад. Робитаҳо афзуданд. Дар ОМ шарикҳои нави стратегӣ аз қабили Ҳиндустон ва Чин пайдо шуданд. Пекин танҳо барои инкишофи тиҷорат ба 5 ҷумҳурии Осиёӣ $30 млрд маблағгузорӣ кард. Ин ибтикорро абарқудрати азалӣ ва таоруфӣ- Русия номақбул ҳисобид. Зеро пайдо шудани рақибони геополитикӣ дар ҳузури ӯ ғайриқобили қабул пазируфта шуд. Аммо чӣ бояд кард? Дар урфият мегӯянд: Ҳар чӣ коштӣ, ҳамон бидравӣ.

 

Путин каду кошта, харбуза гирифтан хост, ки ғайриимкон аст…



Раҳими Ашроф

СССР, Суғд

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter