Принт

1 ПОСУХИ ТАЛКО БАР 2 ДИВЕРСИЯИ ТОШКАНД…

Ӯзбакистон дар арафаи Соли Нав сюрпризи навбатӣ кард: интиқоли газро ба Тоҷикистон қатъ намуд. 

Дар арафаи сардӣ; то ҳамсояаш ба бӯҳрони навбатӣ ғӯтад. Неши ақраб мегӯед? Хато мекунед. Ин аллакай гашти сиёсист.

Зеро 1 хонуме, ки ба тозагӣ аз ӯзбакистон баргаштааст, гуфт, барои ӯзбекистониҳо дуои солинавӣ ин аст, ки « кош гражданини Тоҷикистон мебудаму аз ин лагери каримовӣ фирор мекардам!». Акнун фаҳмидед, ки чаро Тошканд моро чап гирифтааст? Зеро намехоҳад, ки сатҳи зиндагонии мо барои ӯзбакҳо дастгоҳи аёнӣ буда бошад. Вале дар матлаб сухан сари дигар чист: Ба ҳама диверсияҳои Тошканди расмӣ, 1 корхонаи ТалКо чигуна посухи сазовор додаву саноатро аз бӯҳрону мардумро аз сардӣ мераҳонад. Ба фикрам месазад, ки менеҷерҳое мисли Шералӣ Кабиров нақшаҳои хуби иқтисодии худро дар дигар шаҳрҳои кишвар, ба вежа Кӯлобу Қурғонтеппаву Хуҷанд низ пиёда кунанд. Зеро онҳо Метавонанд!

 

Талко-муҳаррики иқтисоди Тоҷикистон

 

5-солаи дуюми асри ХХ1 иқтисодиёти Тоҷикистон баъди истиқлолияти давлатию ба шакли бозории иқтисод гузаштан, боз мувоҷеҳи 1 реформаи ҷадиде шуд. Ин реформа аз таҷдиди 1 идда корхона ва ташкилотҳои калидии хоҷагии халқи кишвар иборат буд, ки дар саргаҳаш Заводи алюминий меистод. Ёд дорем, ки «шарикони стротегӣ» ва дӯсту душманони дарунаву берунӣ сӯи ягона авангарди иқтисодиёти миллӣ, чигуна чашм ало мекарданд. 1 талошҳои Олег Дерипаска-шоҳзодаи алюминиюми русӣ, ки баъдан маълум шуд дузде беш набудааст, то куҷоҳо кашида буд, низ фаромӯш нашудааст. Ҳукумати марказӣ ва менеҷерҳои завод роҳи раҳоиро ёфтанду онро Ширкати Миллӣ карданд ва бо ҳамин даҳони муддаиёни Заводи алюминийро бастанд.

 

Толинг- калиди муваффақият

 

Яке аз дастовардҳои муҳим ва лоиқи таҳсини ин ширкати муаззами миллӣ ҷорӣ кардани муомилоти толлингӣ дар фаъолияти молиявӣ ва истеҳсолии корхона аст. Арқоме, ки дар зер хоҳем овард, ҳамчун далел ва бурҳони қотеъи бартарӣ ва муваффақияти толлинг мебошанд:

 

-Тибқи нақшаи бартерии фуруши алюминий дар соли 2004 ба низоми бонкии Тоҷикистон ҳамаги 62 млн. доллари ИМА ворид шуда буд, аммо имрӯз тавассути нақшаи толлингӣ ин нишондиҳанда аз 1 млрд. долари ИМА зиёдтар аст;

 

-Тӯли 6 соли ахир Талко даромадҳои амалиётиашро афзун гардонида, онро ба 1 млрд. доллари ИМА расонидааст;

 

-Талко яке аз андозсупорандагони боэътимод буда, ҳамасола тартибан ҳудуди 100 млн. доллари ИМА андоз ба буҷаи давлат ворид мекунад.

 

-Ширкат ҳамчун яке аз истифодабарандагони бузурги барқ буда, 70% ҳаҷми умумии пардохтҳои пули барқи ШХСК Барқи Тоҷикро ҳамасола таъмин мекунад;

 

- Беш аз 13 ҳазор коргар бо шароит ва маоши беҳтарин фаъолият карда, тибқи барномаи гузариш ба ашёи хоми дохилӣ бояд боз 10.000 ҷойи кории дигар ташкил шавад.

 

Накаутҳои «хоксорона»-и Талко

 

Фарҷоми соли 2012 дар баробари дигар дастовардҳои миллӣ, вирди забони кулли таҳлигарону сокинони кишвар зарбаҳои варзишгарбонуи Тоҷик-Мавзуна Чориева буд. Дар ҳақиқат ин «Шери нар»-и Тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён аз ҷумлаи наберагони Коваю Фаридун ва Рустаму Исфандиёр будани моро исбот кард. Аммо ҳарчанд расонаву таҳлилгарон дар бораи сохтмон ва ба истифода додани агрегатҳои истеҳсоли гази сунъӣ аз ҷониби КВД «Ширкати алюминийи Тоҷик» бисёр гуфта бошанд ҳам, нуктаеро ба андешаи банда сарфи назар карданд.

 

Манзури ман зарбаҳои хомӯшонаи Талко ба баногӯши Ислом Каримов-Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар ринги сиёсат ва иқтисод, бар қиболи найрангу ноҷавонмардона бастани лӯлаҳои гази табиӣ ва бекору «қути лоямут» мондани зиёда аз 13.000 коргари Тоҷик аст.

 

Талко сар аз аввали соли 2012 ба насбу мавриди истифода қарор додани 4 агрегати истеҳсоли гази сунъӣ аз ангишти маҳаллӣ дар ҳудуди коргоҳ оғоз карда, то анҷоми сол онро ба итмом расонид. Ин корхона имрӯз тамоми истеҳсолоти КВД «Ширкати алюминийи Тоҷик»-ро бо газ таъмин менамояд.

 

Акнун «рубоҳи пир» ба доми худаш афтоду шонси шарики иқтисодӣ будан бо Тоҷикистонро ба тамом аз даст дод ва Тоҷикистон дар арафаи соли нави 2013 боз аз 1 бунбасти иқтисодӣ раҳо ёфт.

 

Аҷибтар аз ин зарбаи дуюм вақте, ки коргоҳи истеҳсоли гази сунъиро Талко дар назди Дегхонаи шарқии шаҳри Душанбе бо иқтидори 120 метри мукааб дар 1 шабонарӯз, дар мӯҳлати камтар аз 3 моҳ ба кор даровард, ба назар мерасад. Ин Дегхона, ки бо гази сунъии ангиштсанг кор мекунад, 200.000 аҳолии пойтахтро бо оби гарм таъмин мекунад! Дигар ба мо чӣ лозим, гази миннативу гаронарзиши ӯзбакӣ??? Ин амали Талко дар баробари изҳороти Тошканд дар мавриди аз 31.12.12 бастани лулаҳои газ ва мушти обдори Талко ба баногӯши он, ки тахтапушти «пӯсида»-и Каримовро ба ринг амудӣ намуда буд, мавҷи ин зарба 2 вазири муаззаму масъулиятгурези Тоҷик-Гул Шералӣ ва Абдулло Ёровро низ беҳуш кард. Триозарба он қадар бо далелу бурҳон ва аёниятҳое буд, ки вазирони мӯҳтарам то ҳанӯз худро «ҷамъ» кардаву алифу ломашонро гуфта наметавонанд: Мо метавонем!

 

Эпилог

 

Тибқи иттилои мутахассисони Корхонаҳои истеҳсоли гази сунъии аз ҷониби Талко ба истифода додашуда, агрегатҳои мазкур дар 1 шабонарӯз 30 тонна ангишти маҳаллиро, ки бо нархи 100$ барои 1 тонна харидорӣ мешавад, масраф карда, 120.000 метри мукааб гази сунъӣ истеҳсол мекунанд. Ҳамзамон имрӯз «Тоҷиктрансгаз» гази ӯзбекистонро бо нархи 300$ барои 1000 метри мукааб харидорӣ намуда, бо нархи 385$ мефурӯшад. Пас биёед ҳисоб кунем, ки гази сунъии истеҳсоли Талко аз гази узбекӣ чӣ бартарӣ дорад? Дар ҳоли аз 30 тонна 120000м3 газ ҳосил шудан, барои 1000м3 гази сунъӣ ҳамагӣ 250 кг ангишт сарф мешавад, ки баробар ба 25$ аст ва дар қиёс бо нархи яклухти гази узбекӣ 12 баробар ва нархи чаканаи он 15 баробар арзонтар аст. Ҳамчунин тибқи ҳисобҳои пешакӣ ин корхонаҳо имкон доранд дар мӯҳлати камтар аз 1 сол пурра хароҷоти худро пӯшонда, боқӣ бо фоидаи соф фаъолият кунанд. Пас суоли матраҳ он аст, ки чаро то имрӯз ва дар оянда Вазорати энергетика ва саноат, ШХСК «Барқи Тоҷик», «Тоҷиктрансгаз» ва дигар гигантҳои молиявии кишвар ин иқдомро идомаю пайравӣ накардаанду намекунанд? Магар зиёну зарар дорад, агар ба ин иқдом бонку ташкилоти қарзии ватанӣ, тоҷирону соҳибкорони маҳаллӣ ҳамраъйу ҳамроҳ шаванд?

Шояд онҳо наметавонанд (зеро менталитеташон дар асри 20 тормоз дидааст), за то Мо Метавонем!



Одинашо Муродов

СССР

Матлабҳои дигар