ХАБАРИ ДОҒ

Мирзиёев бо 88% президент шуд

  • Душанбе, Дек 05 2016

Эмомалӣ Раҳмон, президенти ҶТ Шавкат Мирзиёевро пас аз эълон шудани натиҷаҳои интихоботи президентӣ, ки 4.12.2016 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, табрик намуд. Шавкат Мирзиёев бо 88% овоз президенти нави ҶӮ интихоб гашт. Чуноне ки расонаҳои хабарии кишвари ҳамсоя иттиллоъ медиҳанд, дар баробари Шавкат Мирзиёев, ҳамчунин Ҳотамҷон Кетмонов, Сарвар Отамурдов ва Наримон Умаров низ номзад буданд. Кумиссияи марказии интихоботи ин мамлакат имрӯз эълон намуд, ки Кетмонов 3,73%, Умаров 3,46% ва Отамуродов 2,35% овоз гирифтанд. Шавкат Мирзиёев, президенти нави Ӯзбакистон, рӯзи 24.07.1957 дар вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон таваллуд шуда, маълумоти олӣ дошта номзади илмҳои техникист. Фаъолияташро соли 1981 дар Донишкадаи муҳандисии хоҷагии қишлоқ шуруъ кардааст. Соли 1990 вакили Шӯрои олии Ӯзбакистон интихоб шуда, аз соли 2003 нахуствазир ва аз моҳи сентябри соли 2016 иҷрокунандаи вазифаи президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд ва 5 набера аст ва бори аввал рӯзи 4 декабр, яъне дар рӯзи интихоботи президентии Ӯзбекистон, ҳамроҳи хонаводааш дар 1 қитъаи раъйдиҳӣ дар Тошканд зоҳир шуд.

 

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter