ХАБАРИ ДОҒ

Сооронбой Жээнбеков Эмомалӣ Раҳмонро ба Бишкек даъват намуд

  • Ҷумъа, Фев 02 2018

Сооронбой Жээнбеков, президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, ки рӯзҳои 1-2-и феврали соли ҷорӣ бо сафари нахустини расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, аз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хост, ки дар фурсати муносиб ба Қирғизистон биёяд.
- Қирғизистону Тоҷикистонро риштаҳои қавии дӯстӣ ба ҳам мепайванданд. Мо тамоми маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дарозмуддатро муҳокима ва ба мавзуъҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудем. Мо масъалаҳои муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ, инчунин робитаҳоро дар соҳаи обу энергетика муфассал муҳокима намудем, - изҳор дошт мавсуф пас аз музокирот ба хабарнигорон.
Сооронбой Жээнбеков зикр намуд, имсол дар Қирғизистон 90-солагии Чингиз Айтматов, ки дар Тоҷикистон ӯро хуб мешиносанд ва осорашро мехонанд, таҷлил карда мешавад. Чанде аз асарҳои ӯ ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд.
- Мо умедворем, ки ҷониби Тоҷикистон дар чорабиниҳо фаъолона иштирок менамояд. Ва аз Эмомалӣ Шарипович низ даъват мекунам дар фурсати муносиб ба Қирғизистон сафар намояд ва меҳмони мардуми қирғиз гардад, - қайд намуд Сооронбой Жээнбеков.

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter