Принт

Санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, ки пас аз зӯҳри рӯзи 1.02.2018 байни Эмомалӣ Раҳмон, президенти ҶТ ва Сооронбой Жээнбеков, президенти ҶҚ сурат гирифт, дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Нахуст, Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков қабул гардида, санадҳои зерин имзо шуд:
1.    Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба тартиби буду боши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2.    Барномаи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон;
3.    Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ;
4.    Созишнома байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон (Полиси молиявӣ) “Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷиноятҳои молиявӣ ва иқтисодӣ”;
5.    Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сайеҳии Ҷумҳурии Қирғизистон;
6.    Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон барои солҳои 2018 – 2020;
7.    Созишнома байни Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тайёркунӣ ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ — омӯзгории тахассуси олӣ;
8.    Барномаи ҳамкорӣ байни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи мустаҳкам намудани муносибатҳои хуби ҳамсоягӣ дар солҳои 2018-2020.

СССР

Матлабҳои дигар