ХАБАРИ ДОҒ

Кремл меваи тоҷикӣ мехоҳад

  • Панҷшанбе, Март 17 2016

Аз 17 март Русия ба воридоти маҳсулоти кишоварзии Туркия маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард.

Росселхознадзор мегӯяд, маҳдудияти нав ба санскияҳо рабт надорад ва аз Туркия ҳамеша маҳсулоте ворид мешавад, ки дорои ҳашароти зараррасон ҳастанд. Муносибатҳои Туркияву Русия баъди сарнагун кардани ҳавопаймои бомбафкани русии Су-24 дар моҳи ноябри соли гузашта сард шуд. Русия аз 1.01.2016 зидди Туркия санксия ҷорӣ кард. Воридоти чанд навъи ғизо он замон манъ шуда буд. Афлесун, мандарин, ангур, себ, нок, зардолу, шафтолу, олуболу, қулфинай, помидор, бодиринг, пиёз ва гулкарам дар ин феҳрист ҷой дода шудаанд. Иқдоми Росселхознадзор дар ҳолест, ки ҳафтае пеш ғайричашмдошт яке аз чеҳраҳои варзидаи сиёсати Русия Владимир Жириновский-раҳбари ЛДПР аз меваи хуштамъу бомаззаи Тоҷикистон тавсиф намуда, инчунин аз тарки кишвар намудани марзбонҳои рус изҳори таассуф кард. Ӯ дар суҳбате бо «Русская Служба Новостей» аз меваю сабзавоти барвақтӣ ва бомаззаи Тоҷикистон васф намуда, хостори он шудааст, ки аз ин кишвар ҳарчи бештар меваҷоту сабзавот харидорӣ карда шавад. Масалан, ӯ аз таърих ёдовар шуда, гуфтааст, ки дар замони Русияи подшоҳӣ мардумони Осиёи Марказӣ ба ҳеҷ куҷое нарафта, дар ҷояшон маҳсулоти онҳоро мо мехаридем. Жириновский пешниҳод кардааст, ки бояд дар Русия Вазорати савдои хориҷӣ таъсис дода шавад, то тариқи инҳисорӣ ба ҷои маҳсулот ворид намудан аз кишварҳои дур, аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ маҳсулот харидорӣ карда шавад. Аз ҷумла, ӯ гуфтааст, шуруъ аз моҳи март метавонанд ҳар сабзавоту меваҷотеро, ки дар Тоҷикистон мерӯяд, бихаранд. Раҳбари ЛДПР меваҷотеро, ки аз Африқо ба Русия ворид мешаванд, резинӣ номидааст.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter