ХАБАРИ ДОҒ

Ҳомии ҳуқуқи мусофирон моем!

  • Панҷшанбе, Авг 16 2018


(ҷавоб ба мақолаи «Ҳомии ҳуқуқи мусофирон кист?» СССР, №5(490) 1.02.2018)
Дар моддаи 43, сархати 4-и Кодекси фазои ҳавоии ҶТ омадааст: «Аэропорти байналмилалӣ-аэропортест, ки барои қабул ва гуселонидани ҳавопаймоҳо, ки ҳамлу нақли байналмилалии ҳавоиро анҷом медиҳад ва дар он назорати гумрукӣ, сарҳадӣ, санитарию карантинӣ ва дигар навъҳои назорат сурат мегиранд, кушода аст». Аз ин гуфтаҳо маълум мегардад, ки ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» аз як майдони нишасти тайёра ва бинои умумии хизмативу мусофирнигоҳдорӣ иборат нест. Он дар асоси талаботҳои санадҳои меъёрӣ, ҳуқуқӣ ва қонунҳои амалкунандаи ҶТ ва дигар асноди байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, корро ба роҳ мондааст. Ҳангоми харидорӣ намудани чипта шартномае оғоз мегардад миёни ширкати ҳавопаймоӣ ва мусофирон. Тибқи шартнома тарафҳо вазифадор мешаванд, ки ҳар кадом ӯҳдадориҳои ба зима гирифтаашро иҷро намояд, яъне мусофир маблағи чиптаро пардозад ва ширкати ҳавопаймоӣ мусофирро тибқи чиптаи ба дастовардааш аз фурудгоҳи таъиншуда ба фурудгоҳи пешбинишуда интиқол диҳад. Фурудгоҳ бошад, бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ шартномаҳо ба имзо расонда, тибқи талаботҳои шартномаҳои мазкур ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва мусофирони онҳо, хизматрасонии рӯизаминро анҷом медиҳад. Ҳангоми дермонӣ ё ба таъхир афтодани хатсайрҳо намояндаҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо мусофирон кор бурда, онҳоро аз ҳисоби ширкати ҳавопаймоӣ бо хӯроки гарм ва ҷои хоб таъмин мекунанд. Ҳангоми кам будани ҷои хоб дар меҳмонхонаи назди ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» маъмурият барои интиқоли мусофирон ба меҳмонхонаҳои ш.Кӯлоб автобус таъмин мекунанд. Дар ҳақиқат чиптаҳои ҳавопаймоӣ аз ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» нисбат ба дигар фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ арзонтар мебошад. Маблағе, ки ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» аз хизматрасонии рӯизаминӣ ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба даст меорад, дар пардохти андозҳо, таъмин кардани бехатарии парвозҳо, маоши кормандон, таъмиру тармими роҳравҳо ва майдони парвоз, харидории таҷҳизотҳои лозимаи авиатсионӣ… сарф менамояд. Яъне шаффофияти кори ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» ба ҳама маълум аст.

Комилов А.Ф.
Директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб»

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter