ХАБАРИ ДОҒ

Рустами Эмомалӣ бо ордени «Зарринтоҷ» сарфароз гардид

  • Ҷумъа, Авг 31 2018


   Дар арафаи ҷашни 27 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти арзандаву самаранок дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Рустами Эмомалӣ-раиси шаҳри Душанбе бо Ордени «Зарринтоҷ» дараҷаи 2 сарфароз гардид.
   Бино ба итиллои расмӣ, 30.08.2018 дар Қасри Миллат президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 27-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагону касбу кори гуногуни кишвар мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва ҷоизаҳои давлатӣ супорид.
   Бо Фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин навбат ба ифтихори ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба фаъолони кишвар Ордени «Зарринтоҷ» дараҷаи 2, Ордени «Дӯстӣ», Ордени «Шараф» дараҷаи 2, унвонҳоии фахрии «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон», Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Медали «Хизмати шоиста», Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ордени «Спитамен» дараҷаи 2, Ордени «Шараф» дараҷаи 2, Медали «Ҷасорат», Медали «Марзбони шуҷои Тоҷикистон», ба хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, мудофиа, амният, суд ва агентиҳо рутбаҳои ҳарбии навбатӣ, дараҷавӣ ва махсус, ба олимони ҷавон Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар соли 2018, Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2018 ва Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2018 тақдим карда шуд.
   Бо Фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дигар фаъолони касбу кори гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадршиносӣ гардиданд. 1 нафар бо Ордени «Дӯстӣ», 10 нафар бо Ордени «Шараф» дараҷаи 2, 1 нафар бо Унвони фахрии «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон», 1 нафар бо Унвони фахрии «Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон», 2 кас бо Унвони фахрии «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон», 18 нафар бо Унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон», 64 нафар бо Медали «Хизмати шоиста», 4 нафар бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шуданд.
   Барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ — 4 нафар соҳиби Ордени «Спитамен» дараҷаи 2, 5 нафар бо Ордени «Шараф» дараҷаи 2, 12 нафар бо Медали «Ҷасорат»,10 кас бо Медали «Хизмати шоиста» ва 1 нафар бо Медали «Марзбони шуҷои Тоҷикистон»,  19 нафар бо рутбаҳои ҳарбии навбатӣ, дараҷавӣ ва махсус, аз қабили генерал —  полковники хизмати дохилӣ, генерал — майори гвардия, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2, генерал — лейтенанти адлия, генерал — лейтенанти милитсия, 2 нафар генерал — лейтенант, 4 нафар бо рутбаи генерал — майори милитсия, генерал — майори хизмати назорати маводи нашъаовар, генерал —  майори адлия, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, генерал — майори адлия ва 3 нафар бо рутбаи навбатии генерал — майор шуданд.
   Бо Амри президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 нафар соҳиби Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷиистон дар соҳаи маориф дар соли 2018, 3 нафар Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2018 ва 12 соҳиби Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2018 гардиданд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter