Принт

Пер Морел, ман & Роғун


Имрӯзҳо вақте мардуми Тоҷик тантанаи Роғунро дораду аз ба кор даровардани чархаи 1-уми ин НБО, ки дар ҳақиқат воқеаи таърихист, табли шодӣ мезанад, пеши назарам пайваста Пер Морел-фиристодаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои 2008-2011 меояд. Шояд шумо пурсед, ки Морелро ба Роғун чӣ дахле дорад? Дорад! Ӯ нафаре буд, ки моро бовар мекунонид, проекти Роғун кори ношуданист!!!
 Моҳи майи с.2009 дар ҳайати журналистони Тоҷик ба конфронси созмони НАТО барои 1 ҳафта ба пойтахти кишвари Белгия-Брюссел сафар намуда, онҷо бо Пер Морел вохӯрдам. То ин дам эшон чандин маротиба аз минбарҳои баланд дар Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистону Аврупо дар бораи зарари сохтмони НБО Роғун, хосса, барои кишварҳои ҳамсоя суханронӣ карда, дар ИА низ ҳамеша бар зидди бунёди НБО Роғун ташвиқоту тарғибот бурда, аз манфиатҳои ҳукумати онвақтаи кишвари ҳамсоя-Ӯзбекистони каримовӣ ҳимоят менамуд.
 Мо-журналистони Тоҷик он замон аз сафири ҶТ дар давлати Белгия ва ҳамзамон намояндагии ҶТ дар ИА Саймумин Ятимов (имрӯз раиси КДАМ) хоҳиш намудем, ки барои мо бо Морел вохӯрӣ ташкил намоянд, зеро мехостем аз ӯ шахсан бипурсем, ки чаро ӯ зидди бунёди НБО Роғун асту бар зидди сохтмони ин нерӯгоҳ пайваста кор мебарад. Ин вохӯрӣ дар дафтари кории Морел дар ИА сурат гирифт ва ӯ маро бо ҳамроҳии Марат Мамадшоев, Фахриддини Холбек, Гулнора Амиршоева ва Ҳикматулло Сайфуллозода ба ҳузур пазируфт.
«-Оё шумо медонед, ки бунёди чунин нерӯгоҳ дар минтақаи кӯҳӣ, ки таҳдиди сейсмикиаш хеле зиёд аст, ҳам барои мардуми шумо ва ҳам барои сокинони кишварҳои хамсоя, хосса, Ӯзбекистон хатарнок аст? Шумо медонед, ки агар заминларзаи 8-9 балла рух диҳад, чӣ мешавад? Шумо медонед, ки сарбанди 340 метраи ин нерӯгоҳ ба талаботҳои саддсозӣ мутобиқ нест? Сарбанди баланд месозеду обро барои худ захира мекунед, дигарҳо чӣ кор мекунанд? Бигузор асосноккунии техникии байналмилалӣ гузаронида шавад, танҳо пас аз он мо бовар мекунем, ки бунёди НБО Роғун зарар ва пайомадҳои нохуш надорад! Сарбандро низ набояд ин қадар баланд созед!»-такрор ба такрор мегуфт П.Морел ба мо.
 Морел тӯли тамоми фаъолияти хеш ҳамчун фиристодаи махсуси ИА дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар тамоми сафарҳо ва мулоқоту баромадҳояш ҳамеша аз зарари бунёди НБО Роғун мегуфту дар баробари ин аз манфиатҳои кишварҳои ҳамсоя Ӯзбекистону Қирғизистон пуштибонӣ менамуд. Ҳатто депутатҳои ИА низ мутмаин сохта буд, ки сохтмони НБО Роғун, ки ба он Тоҷикон сар кардаанд, кори ғалат асту ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бар зидди он баромад кунад, зеро ин кор метавонад дар оянда Ӯзбекистонро беобу хушк гардонад. Ӯ душмани ашаддии НБО Роғун шуда буд ва инро аз касе пинҳон намедошт. Мегӯянд, ки маҳз бо пешниҳоду тавсияи эшон кишвари ҳамсоя-Ӯзбекистон бидуни огоҳӣ рӯзи 9.11.2009 аз системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ баромад-ин ҳам 1 навъи эътироз ба сохтмони НБО Роғун буд. Аммо Морел  ба орзуяш нарасид.
Ӯ барин лже-демократҳои ришвагири аврупоӣ, мутаассуф, дар таърихи 10 соли охири сохтмони НБО Роғун кам набуданду аз минбарҳои баланд дар бораи ин иншооти таърихии аср, бештар зарарҳои он мегуфтанду менавиштанд, лек бо ин навиштану гуфтанҳо онҳо натавонистанд азму иродаи мардуми Тоҷик ва Сарвари Миллати моро бишкананд!
   Имрӯз, бо гузашти на беш аз 10 сол мо НБО Роғунро бунёд кардем, сохтем ва ба истифода додем. Тавонистем! Ҳар касе то ин дам аз Роғун бад гуфт, шоҳиди ин воқеаи таърихӣ-истифодаи чархаи нахустини он гашт. Мардуми Тоҷик бо роҳбарии Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот намуд, ки Тоҷик Метавонад!
   Ҳоло танҳо мехоҳам бигӯям, ки бунёди НБО Роғун ва ба истифода додани чархаи нахустини он ба Пер Морел, дар кадом гӯшаи дунё набошад, муборак бод! Мо Метавонем!

М. Аминова,
СССР

Матлабҳои дигар