ХАБАРИ ДОҒ

Чаро амри Президентро иҷро намекунанд?

  • Ҷумъа, Фев 08 2019


   Имрӯз 8.02.2019, соат бо вақти ш.Бохтар 13:00 дақиқа. Дар бинои Раёсати иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилоят бо намояндагони ВАО бояд нишасти матбуотӣ баргузор мегардиду беш аз 15 нафар хабарнигорон мунтазири ин нишаст буданд.
   Дар ҳавлии ин бино касеро пайдо накардем, ҳамаи дарҳои утоқҳои ин Раёсат баста буд, танҳо яке аз утоқи масъулин кушода буд, ки дохили он 2 нафар хӯроки нисфирӯзӣ мехӯрданду дар посух ба журналистон гуфтанд, ки «ҳоло вақти обед аст ва мо огаҳ нестем, ки нишасти матбуотӣ баргузор мегардад ё не». Яке аз масъулин гуфт, ки ҳама дар намози ҷумъа ҳастанд.


   Аҷиб, дар Кодекси меҳнат муқаррар шудааст, ки танаффуси нисфирӯзӣ аз соати 12:00 то 13:00 аст, дар Кодекси меҳнат дар бораи хондани намоз дар вақти корӣ  чизе гуфта нашудааст, чаро пас Амри президентро иҷро намекунанд. Ногуфта намонад, ки  тибқи амри Президенти мамлакат аз 15 сентябр соли 2011 № АП-1729 ҷадвали замимагардида дар тамоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ оид ба ҷамъбасти 6 моҳа ва 1 сола бо намояндагони ВАО нишастӣ матбуотӣ  намуда, аз натиҷаи он ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ахбор манзур намоянд. Ҳоло дигар чӣ гӯем!?

Юсуфи Баҳодур, СССР, шаҳри Бохтар

1 Паём

  • Шарҳр додан Фарход Гадоев Ҷумъа, 08 Феврал 2019 21:13 Паём аз Фарход Гадоев

    Эхтиромона хохиш мекунем, ки аз номи мо омузгорон дар нишасти матбуотии хукумати нохияи А. Чоми хамин саволро аз рохбарияти нохия мепурсидед :-Барои чи дар нохияи Чоми бо бахонаи ротатсияи кадрхо(чойивазкунии мансаби)танхо директорони мактабхо ва он хам бидуни баназаргирии талаботи Низомномаи сохави ичро мегардад.Вале барои чи хизматчиёни давлатие, ки тибки талаботи конуни хизмати давлати бояд пас аз панч сол дар як вазифа кор кардан иваз шаванд, иваз намешаванд? Масалан мудири шуъбаи ташкили -Салимов М. зиёда аз 15 сол, мудири шуъбаи умуми -Бобошоев А. Зиёда аз 8 сол, рохбари дастгох -Мусоев А зиёда аз 8 сол ва гайра дар як вазифа кор карда, ротатсия намешаванд. Магар ичроиши якхелаи конунхо дар ин маврид риоя гардидааст ва ё инчо сирест ки мо намедонем?

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter