Принт

Лоиқзода Қаноатшо Холиқ аз вазифаи раиси ноҳияи Рашт сабукдӯш гардид


    Лоиқзода Қаноатшо Холиқ, раиси ноҳияи Рашт дирӯз бо Фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аз вазифа сабукдӯш гардида, ба ҷойи ӯ Муқимӣ Раҳимҷон Набизода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт таъин карда шуд.
   Инчунин, тибқи Қарорҳои Ҳукумати ҶТ Раҳмонзода Лолахон Футур бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати ҶТ озод гардида, Савзаалӣ Назирзода-директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати ҶТ ва Саидзода Бобоҷон Абдуқодир-муовини якуми директори Агентии  таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати ҶТ таъин шуданд.
    Бино ба иттилои расмӣ, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 қатор кадрҳои сатҳи роҳбарии дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ, прокуророни ноҳияҳои Рӯшон ва Мурғоби ВМКБ, ноҳияҳои Шаҳринав, Файзобод, Нуробод, Лахш, шаҳрҳои Роғуну Норак, Хуҷанд, Панҷакент, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳристони вилояти Суғд, ноҳияҳои Ҷайҳуну Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба, болаёқат ва поквиҷдони соҳа таъин гардиданд.
    Сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Вахшу Шаҳритуси вилояти Хатлон иваз гардида, дар сохтори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйироти кадрӣ ба амал омад.

Матлабҳои дигар