ХАБАРИ ДОҒ

Мулоқоти судманди ҷавонон дар Хатлон

  • Сешанбе, Апр 12 2016

Роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд ва Бохтари вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони маориф, занон, ҷавонон ва ходимони дин мулоқоту суҳбати судманд анҷом доданд.

 

Бино ба иттилои Шаҳзод Раҳимов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, варзишгарони вилоят дар се моҳи аввали соли 2016-ум дар 3 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзида, 11 медали тилло, 5 медали нуқра ва 4 медали биринҷиро сазовор гашта дар ин муддат варзишгарони вилояти Хатлон аз мусобиқаҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ ба вилоят 154 медал оварданд.

Дар ҷараёни баргузории вохӯриҳо,муовини якуми раиси Кумита Мавсума Муинӣ аз дастгириву ғамхориҳои рӯзафзуни давлату Ҳукумат, дастовардҳои дар зарфи биступанҷ соли Истиқлолият бадастовардаи миллати сарбаланди тоҷик ёдовар шуда, онҳоро ба илмомӯзиву касбандӯзӣ ва ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят намуда, баҳри ҳамеша омода будан барои хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ талқин намуд. Баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию ватанпарастии насли наврасу ҷавон, пешгирӣ намудани онҳо аз ҳама гуна омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, расонидани нуктаҳои Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзӯъҳои меҳварии суҳбату вохӯриҳо буд.Ҷавонони сарбаланди Хатлонзамин зимни баромадҳояшон омодагии худро баҳри гулгулшукуфонии Тоҷикистони азиз иброз намуданд.Зимни мулоқотҳо як қатор ғолибони озмуни ҷумхуриявии иншои беҳтарин дар мавзӯи "Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат", ки аз ҷониби бахшхои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии дар маҳалбуда доир шуда истодааст, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва "Диплом" қадрдонӣ гардиданд. Чунин мулоқоту вохӯриҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.

 

Баҳодур Уроқов, хабарнигори СССР дар Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter