Принт

Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон-сардори нави Хадамоти танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёти кишвар


   Бо Қарори Ҳукумати ҶТ Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон сардори нави Хадамоти танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти ҶТ таъин гардида, бо ин сабаб аз вазифаи муовини вазири нақлиёти ҶТ озод карда шуд.
   Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон дар ин вазифа Қурбонзода Хуршед Ҳазратро, ки дар пайи интиқоди Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи роҳҳои кишвар ва ҳаракати мошинҳои гаронвазн тавассути роҳҳои ба тозагӣ таъмиру таҷдидшуда, ки зимни мулоқот бо кормандони мақомотҳои гумруку андоз ва соҳаи молияву бонкдорӣ рӯзи 10.05.2019 сурат гирифт, аз ин мақом сабукдӯш карда шуд.

Матлабҳои дигар