ХАБАРИ ДОҒ

Эмомалӣ Раҳмон: «300 нафар шаҳрвандони худро ба Ватан баргардонидем!»

  • Душанбе, Май 20 2019


    «Мо аз хориҷи кишвар зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони худро, ки ҷиҳати пайвастан ба гурӯҳҳои ҷангҷӯёни  террористиву ифротгаро, бахусус “Давлати исломӣ”, ба минтақаҳои “даргир”-и Ховари миёна рафта буданд, ба Ватан баргардонидем. Аз ҷумла, дар охири моҳи апрели соли равон бо саъю талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон 84 нафар кӯдакону ноболиғон, ки ҳамроҳ бо волидайни худ ба Ироқ рафта, дар онҷо бе парастору саробон монда буданд, ба Душанбе баргардонида шуданд. Корҳо дар самти ба Ватан баргардонидани дигар шаҳрвандони кишвар, ки фирефтаи ташвиқоту таблиғоти созмонҳои террористӣ ва тундгаро гашта, дар  минтақаҳои задухӯрдҳои мусаллаҳона қарор доранд, ҳамоно идома доранд»-қайд намуд зимни суханронии хеш Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҶТ дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси сатҳи баланд «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташшакил», ки рӯзи 17.05.2019 дар Душанбе баргузор гашт.
   Дар идомаи суханронии хеш Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохт, ки бо таваҷҷӯҳ ба минтақаи мо гурӯҳҳои ифротиву тундгаро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хатари ҷиддӣ доранд. Онҳо ҳадафҳои муғризонаи худро бо шиорҳои динию мазҳабӣ рупӯш намуда, тарафдоронашонро зери парчами мубориза барои адолати иҷтимоӣ ҷалб мекунанд. Вале дар асл мақсади онҳо дигар намудани сохти дунявии давлатдории кишварҳои минтақа буда, барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ аз ҳама гуна роҳу восита истифода мекунанд. Тоҷикистон, ки дар таърихи навини худ оқибатҳои фоҷеабори зуҳуроти даҳшатовари терроризму ифротгароиро пушти сар кардааст, бо чунин ҳадафҳои пасипардагии онҳо аз наздик шинос аст. Мо ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ бо падидаи густурдаи ба сари мардум бор кардани андешаву равияҳои ифротгароиву бегона ва зӯровариву мудохила аз хориҷ рӯ ба рӯ шудем.
   - Муқовимат ба таҳдидҳои амниятӣ низ муттаҳидии давлатҳоро тақозо намуда, ба ҳеҷ ваҷҳ истифода аз сиёсати “меъёрҳои дугона”-ро  намепазирад, зеро чунин муносибат боиси тавсеаи доираи таҳдиду хатарҳои амниятӣ дар шаклу усулҳои ғайримаъмулӣ мегардад. Бинобар ин, имрӯзҳо муборизаи муштарак ва ҳадафмандонаи давлатҳою халқҳо, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятҳо, пеш аз ҳама, бо решаву сабабҳои зуҳуроти терроризм аҳамияти махсус касб менамояд, иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҶТ.



ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter