Принт

Душанбе мизбони иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё

   15.06.2019 дар ш.Душанбе 5-умин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад гашт. Баррасии масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар ҷараёни ҷаҳонии мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ аз ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш аст.

     Тавре сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад, барои иштирок дар кори ҳамоиши мазкур сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои узв, аз қабили Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Урдун,  Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоҷа, Чин, Корея,  Қирғизистон, Муғулистон, Аморатҳои Муттаҳидаи Арабӣ, Покистон, Фаластин, Русия, Таиланд, Туркия, Ӯзбекистон, Шри-Ланка ва кишварҳои нозир, аз ҷумла Беларус, Индонезия, Филиппин, Малайзия, Украина, Америка, Япония, ташкилотҳои байналамилалии нозир, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Анҷумани парламентии кишварҳои туркзабон, созмони шарик-Созмони Ҳамкории Шанхай ва меҳмони ҳамоиш-Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тоҷикистон ба ҳам меоянд.

   Гуфта мешавад, ки ҷараёни кори Ҳамоиши 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро 650 нафар намояндагони ВАО-и дохил ва хориҷ, рӯзномаву маҷаллаҳо, радио, телевизион ва бунгоҳҳои хабарӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, ИМА,Чин, Канада, Баҳрайн, АМА, Афғонистон, Эрон, Камбоҷа, Туркия, Ҳиндустон, Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ветнам, Покистон, Бангладеш, Лубнон, Шри-Ланка, Қирғизистон, Русия, Ироқ Иттиҳоди Аврупо ва ғайра инъикос мекунанд.

   Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) анҷумани байнидавлатӣ ва созмони минтақавиест, ки соли 1992 бо дастгирии СММ таъсис ёфтааст. Мақоми олии қабули қарор нишасти сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои узв буда, он дар чор сол як бор баргузор мегардад. Охирин ҳамоиш 21 майи соли 2014 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардида буд.

Раёсат дар Машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё тирамоҳи соли 2018 аз Чин ба Тоҷикистон гузашта буд.

   Кохи Наврӯз  макони асосии баргузории ҳамоиши МҲТБО буда, дар он маркази матбуотӣ ташкил шуда, марказ бо таҷҳизоти муосир барои пӯшиши рафти  кори иҷлос муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

 

Матлабҳои дигар