Принт

Гиёзода Исмон Қурбон – раиси нави Суди шаҳри Душанбе

Имрӯз бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Садирзода Нусратулло Абдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси суди шаҳри Душанбе озод карда шуд. Гиёзода Исмон Қурбон раиси суди шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод карда шуд.

 Чуноне ки сомонаи president.tj хабар медиҳад, Саидзода Гулбону Исуф раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Душанбе озод карда шуд. Ваколати раиси суди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Саидраим Абдураҳим бинобар вафоташ қатъ карда шуда Раҳмонзода Саидалӣ Сабзалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифи раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе озод карда шуд.

Дар робита ба тағйироти кадрӣ дар мақомотӣ судӣ оид ба бозхонд ва интихоб ба вазифаҳои муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси коллегияи Ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои тасдиқ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.

Ҳамчунин бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зикриё ва Давлатзода Садриддин Хол муовинони Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

СССР

Матлабҳои дигар