Принт

Депутатҳои мо аз ҳамшаҳрашон ибрат мегиранд?

 

Агар вакилони ояндаи парлумони Тоҷикистон низ аз ҳамдиёри худ - депутати Думаи давлатии Россия Раҳим Азизов ибрат гирифтаву ба ӯ пайравӣ мекарданд, нур бар болои нур мешуд...

Азизов Раҳим Азизбоевич – ходими намоёни сиёсиву давлатии Россия, депутати Думаи давлатӣ аз ҳавзаи интихоботии якмандатии вилояти Киров, дар шабакаи ҷаҳонии интернет сомона ва дар шабакаи Фейсбук саҳифаи расмии худро (https://www.facebook.com/azimov2016/) дорад.  Ӯ аз фаъолияти вакилии хеш мунтазам ахборот пахш мекунад, дорои қабулгоҳи электронии худ буда, бо интихобкунандагони хеш ҳамеша дар тамос аст.

Хотиррас мешавем, ки Раҳим Азизов ҳамдиёри мо, зодаи шаҳри Исфара, нахустин тоҷик дар парлумони Россия аст.

Мавсуф тавассути сомонаи расмӣ ва саҳифаи фейсбукиаш фаъолияти депутатӣ, раванди амалигашти Барномаи пешазинтихоботӣ ва иҷрои дархостҳои интихобкунандагони худро ошкору шаффоф инъикос мекунад.

Чун айни замон дар арафаи чорабинии муҳими сиёсӣ - Интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, тавсия мегардад, ки вакилони нави парлумони мо низ аз чунин иқдоми ҳамкасбони руси худ- депутатҳои Думаи давлатии Россия бояд амалан пайравӣ бикунанд.

Икбол Тешаев

Журналист

 

Аз редаксия: Воқеан ҳам кадоме аз депутатҳои мо, ки ҳамакнун мӯҳлати ваколаташон поин мерасад, сайти интернетӣ, саҳифаи фейсбукӣ, твиттер, блог доранд? Медонем, ки аксарият бо номҳои мустаор ба Фейсбуку шабакаҳои иҷтимоӣ дохил мешаванд, вале аз ифшои номи аслии хеш метарсанд. Суоле матраҳ аст, вакиле, ки бо номи худ дар олами виртуолӣ 1 ҳарф гуфта натавонад, магар манофеи миллату давлатро ҳифз карда метавонад? Посух аз туст, хонанда.

Рӯиҳамрафта, вакили мардумӣ аз ҳамин ноҳияи бостонӣ-Мавзуна Шамсиддинзода, ки вакили мардумӣ дар парлумони касбӣ буду ӯро боз ҳам барои навбати 2-ум ба номзадӣ пешбарӣ кардаанд ва 100% гарант ҳаст, ки боз депутат мешавад, боре ҳам назари худро дар мавриди хушунат дар марз бо Қирғизистон нагуфтаву расман аз манофеи мрзии Тоҷикистон, ҳуқуқи даҳҳо ҳазор сокини Воруху Чоркӯҳ, ки пайваста поймол мешаванд, ҳифозат накардааст. Ӯ на саҳифаи Фейсбукии фаол дораду на твиттеру на блог ва на сайти вежаи интернетӣ. Пас, меарзад, ки чунин нафарро дубора депутат интихоб куне(м)д? Шояд нафаре аз Исфара ба парлумон равад, ки ақаллан манофеи марзии ватани моро дар сатҳи баландтарин ҳаллу фасл кардаву дар набардҳои иттилоотии интернетӣ чизе гуфта тавонад??? 

 

 

Матлабҳои дигар