Принт

Қумандон озод мешавад?

Саломи самимӣ ба кормандони ҳафтаномаи мардумии СССР! Дар шумораҳои гузаштаи СССР матлабҳоеро мутолиа намудем, ки дар онҳо хизматҳои шоёни Хӯҷа Камандирро барои сохти Конститутсионӣ дар кишвар ба назар нагирифта, ӯро сиёҳ намуда, туҳматҳои зиёдро ба ӯ бор кардаанд. Дар ин маврид бо номи “Бадгӯйӣ накунед!” бо дастгирии журналисти ҷасуру муваффақ Сайёфи Мизроб матлаберо дар ҳафтаномаи СССР нашр шуда буд.  Сипоси хос ба ҷаноби сардабир барои таъсиси ҳафтаномаи дар ҳақиқат мардумӣ! Инҷо мехоҳам баён кунам, ки Хуҷа Каримов барои ободонии Ватан кӯшишҳои зиёд намуда, қариб дар ҳама деҳаҳои ноҳияи Хуросон мактаб, беморхона ва майдонҳои варзишӣ бунёд кардааст. Ҳатто барои фарзандон ва оилаҳоии нафароне, ки ҷони худро барои сохти Конститутсионӣ бахшидаанд, хона бо тамоми ҷиҳозаш сохта супоридааст. Дар ҳақиқат ӯ марди ободкору хайрхоҳ, шуҷоъ ва ходими халқ буд. Агар ҳоло дар озодӣ мебуд, боварии комил дорам, ки дар ин вазъият (офатҳои табиъии пайиҳами моҳҳои охир дар ноҳияи Хуросонро дар назар дорам) ёру ёвари мардуми ин ноҳия мегардид. Мо ҳама ба адолати судӣ дар кишвар боварии комил дорем ва мутмаинем, ки хидматҳои шоёни қумандони шердил Хӯҷа Каримов нисбати халқу миллатро ба назар гирифта ӯро раҳо мекунанд. 

Бахтиёр Ҷабборзода, н.Хуросон, тел: 929141481

 

Матлабҳои дигар