ХАБАРИ ДОҒ

Модари тоҷик ва очаи амрикоӣ

  • Чоршанбе, Июл 15 2020

«Домани Модар»-ро аз  дасти шоирону сарояндагони навпайдои Тоҷик раҳо кунед, то аз предмети гиря ба индивид табдил ёбанд!!!!!!!

Оре, модарони мо, очаҳои мо, буваҳои мо, нанҳои мо куллан «предмет досуга», предмети гиря, предмети раҳмхӯрӣ, предмети ғам, предмети ғусса гаштаанд. Ин дар ҳолест, ки агар адабиёти клоссикиамонро варақ занем, тақрибан дар бораи оча-модар ҳарфе намеёбем. Беҳтарин байте, ки дар бораи модар дар адабиёти мост, ин мисраҳои Фирдавсиянд, ки таън бар зоти пасти шоҳ Маҳмуди Ғазнавӣ аз сӯи модар мезанад:

-Агар модари шоҳ бону будӣ,

Маро симу зар то ба зону будӣ!

Шумо дар «Шоҳнома» ақаллан 1 образи зан-модари гирёнчак во хӯрдаед? Рудоба, Манижа, Гурдофарид ва ҳатто Судоба ҷавонмард бонувоне ҳастанд, ки ҳаргиз фарзандон сари гӯрашон нишаста, «очамой» намегӯянду рӯю мӯй намехарошанд. Усулан бигирем, образи модар дар адабиёти клоссикии мо вуҷуд надорад! Ва шумо оё фикр мекунед, онҳо, яъне клоссикҳоямон очаҳои худро дӯст намедоштанд? Медоштанд! Вале образи усулӣ дар адабиёти клоссики мо образи Падар аст, образи Мард аст, то миллатро Ҷавонмард созад.

Ба фикри сирф шахсии ман, ки метавонад ғалат ҳам бошад, образи модар дар адабиёти муосир баъди ҳамон «Модарнома»-и Эраҷ Мирзо роҳ ёфт, ки устод Лоиқ Шералӣ тақвияташ бахшид. Вале ашъори Эраҷу Лоиқ ҳаргиз модарони пассив надоштанд. Ба оҳистагӣ, вале фарогир, образи «очаи бечора» баъди ҷанги гражданӣ маъруфу машҳур шуд ва онгуна, ки ҳамакнун қаҳрамониву ҷонфидоии модарро таърифу тавсиф кардӣ, айб аст, бояд ӯро гирёнчак нишон дод: 

-Мода, яъне мӯд ҳамин аст дигар!!!

Дар насри клоссик низ, фарзи мисол, «Самаки Айёр» зан-модар куллан ҷанговар аст, шердил аст, баномус аст, ҷавонмард аст. 1 образи Рӯзафзун, ки ҳазорон мардро бо ҳилла ба дом мегираду Мардондухту Гетинамойу Шарвони Башан, ки даҳҳо ҳазорро дар майдони ҷанг меафгананд, чӣ шукӯҳу шаҳомате доранд! 

Вале дар мо чӣ? Аз тамомии ашъори ба модар бахшида танҳо 1 шеъри Озар «Модар фаришта буд!», андаке писандидатар аст. Дар он низ ҳарчанд образи модар мушаххасан вуҷуд надорад, аммо таҳрикдиҳанда аст. Дигар ашъори модаронаи мо куллан пессимистиянд. 100%. Ва ин пессимизм мардумро дилшикаста кардааст. Аз модари пессимист фарзанди оптимист ба дунё меояд? Ҳаргиз на! Зеро ватани №1 барои Тоҷик, яъне батни модар, мавзеъи пессимистист. Ин аст, ки 1 миллати гирёнчак шудаем. Зимнан бояд умуман модарсароӣ, мисли клоссикҳоямон, дар адабиёти мо низ қатъан манъ гардад. Сурудҳои модармурдаву модарғуссасароӣ аз тариқи ТВ вардошта шаванд. Набояд модарро ба предмети яъсу ноумедӣ табдил дод. Вагарна фардо миллати гирёнчаку номарду заъиф аз худ боқӣ мегузорем.

Дар бораи сурудҳои модарномавӣ ҷои ҳарф нест. Шахсан ман метарсам суруди модар гӯш кунам, зеро ин суруд маро соатҳо аз зиндагонӣ дилсард месозаду сарамро гарангу табъамро вайрон. 1 нафаре нест, ки Очааш, Модараш, Бувааш, Нанааш мардона бошад. Модар…тамом, вовайло, ғам, ғусса, дод, вой… Рост мегуфт, ҳамон Сӯҳробшои Фаррухшо, ки барои очаи 1-2 шоир шарт аст, ки 1 миллат гиря кунад?

Агар ба дурустӣ биандешем, модари тоҷик басо ҷавонмард аст. Ҳатто имрӯз низ! Шумо 1 модарро дидаед, ки шишта шабонарӯзӣ мисле, ки дар суруду таронаҳои шоирони муосир аст, гиряву нола кунад? Неъ! Модари тоҷик ҳаққи фарзанди худро аз даҳони мор мегирад. Ин аст, ки мегӯянд, «бепадарӣ ятимӣ нест-бемодарӣ ятимист». Вале надонам чаро, ки адабиёти асри 21 ин ҷонфидоӣ, ин қаҳрамонӣ, ин ҷавонмардии модарро намебинаду якҷиҳату якҷониба, гуфти русҳо, «тупо» ғаму яъсу ноумедӣ дар образи модар мекорад.

Ин мотамзадагии модар акнун ба клипҳо роҳ ёфтааст. Тобутеро мебаранду модаргӯён аз пасаш ҳофиз дартоз, гӯре нишон медиҳанду сарояндаи сияҳпӯше очамой гуфта, асабро мехарошад. Вале агар модар зинда аст, ҳатман гиряву нолакунон дар охири клип мемурад. Намурд-очаи тоҷик нест. Бояд мирад! 

Ва ин сардбарҳамӣ ба кино ҳам роҳ ёфт! Филмеро ном оваред, ки дар он модари тоҷик, фарзи мисол мисли 1 модари амрикоӣ, қаҳрамон бошад. На-ме-ё-бед!!! Модари голливудӣ ҳатман фарзандро аз сӯхтор, чанголи киллерҳо, аз марги муфоҷо ва ҳатто «ужас»-у «инопланетян»-ҳо наҷот медиҳад. Модари тоҷик мегиряду бас…

Образ мехоҳед? Марҳамат. Модари Тоҷик Марям Давлатова аст!!! Ҳини пандемия 1 миллатро аз тарсу ваҳм вораҳонид. Модари Тоҷик Ойниҳол Бобоназарова аст, ки мавқеи мардонаи худро дорад. Модари тоҷик Гулрухсор аст, ки ҳаргиз пеши дӯсту душман сар хам намекунад. Модари тоҷик Озодаи Раҳмон аст, ки мардонавор карйера сохтааст, ки 1 душман ҳатто эродаш гирифта наметавонад. Модари Тоҷик Рафиқа Мӯсоева ва Адолат Раҳмонова, ҳамон бонуест, ки ҳини ҷанги гражданӣ ҷавонмардонро чунин ба ҷанг бо оппозитсияи исломӣ ва мухолифин ва ҳифозат аз ватану ҳукумати конститутсионӣ таҳрик медод:

-Биё рӯмоли маро банду тоқиятро ба ман деҳ, то ҷоят рафта, ватанро ҳифз кунам!

Мо модари гирёнчак дорем: 2-3 гадову ҷӯгӣ, талбандаву беҳувият. Модарони воқеии мо, ки сафашон миллион-миллион нафар аст, ҷумлагӣ шерамард занонеанд, ки ҳаргиз тифл, фарзанд, кӯдак, писар, духтарашонро ба дасти хорӣ нахоҳанд дод. Аммо ин қаҳрамонӣ паси пардаи чанд шоираку сарояндаву режиссёру ҳунарманду санъаткораки буздил пинҳон мондааст. 

Ба мани Тоҷик Модари реалии ман-қаҳрамон, шердил, ҷавонмардсифат, ватанпараст, патриот, яъне  Очаҷони Тоҷики асиламро баргардонед ва модарҳои гирёнчакатонро аз ТВ ва диску интернет ҳазф кунед! Мо Метавонем!

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter