Принт

Оби Норак кам шуд-лимити барқ ҷорӣ мегардад!

    Ҳукумати ҶТ зимни пахши 1 Муроҷиатнома аз сокинони кишвар хост, ки дар истифодаи обу нерӯи барқ сарфаҷуӣ намуда, бо дарназардошти вазъияти баамаломада-кам шудани об дар НБО «Норак» ҳар1 шаҳрванд, ҳар 1 оила, тамоми ташкилоту муассисаҳо ва ширкату корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, бояд истифодаи сарфакоронаи барқро таъмин намоянд.

   Дар Муроҷиатномаи мазкур омадааст, ки тирамоҳу зимистони соли 2019-2020 дар минтақаҳои ташаккулёбии маҷрои дарёҳои Вахш ва Панҷ боришоти барф бениҳоят кам буд ва 50 фоизи ҳаҷми солҳои гузаштаро ташкил карда, чунин вазъият дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ба вуҷуд омад. Ҳоло об дар маҷрои дарёи Панҷ нисбат ба солҳои гузашта 2 ҳазор метри мукааб, аз ҷумла дар дарёи Вахш 800 метри мукааб, яъне 50 фоиз кам шудааст. Чунин ҳаҷми об нишонаи равшани он аст, ки дар кӯҳҳо захираи барф кам мебошад.

   Имрӯзҳо дар обанбори Норак захираи об нисбат ба соли гузашта 17 метр кам шуда, агар ин вазъият идома пайдо кунад, захираи об дар обанбор ниҳоят кам гашта, дар фасли зимистон барои бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ мушкилоти бисёр ҷиддӣ пеш меояд.

   Бо ҳамин мақсад Ҳукумати ҶТ ба мардуми кишвар муроҷиат карда, хоҳиш менамояд, ки танҳо ба хотири захира кардани об дар обанбори Норак барои фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода маҳдудияти интиқоли барқро, ки аз ҷониби Ширкати «Барқи Тоҷик» ҷорӣ карда мешавад, дуруст дарк намоянд.

 

Матлабҳои дигар