ХАБАРИ ДОҒ

21.12.2021. Дар арафаи Шаби Ялдо Паёми навбатии Президенти кишвар чун Нури Хуршед ва Таваллуди Митра садо дод. Муҳимтарин нукоти ин сӯҳбатро пешкаши хонанда мегардонем.

 

Маош дар Тоҷикистон зиёд шуд:

- Сар аз якуми январи соли 2022 маоши хидматчиёни ҳарбӣ 25%, маоши кормандони мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ 20%, аз кормандони бахши буҷавӣ ва стипендияҳои донишҷӯёну муҳаққиқон аз якуми июли соли 2022 то 20%  ва нафақаи ятимони кул ва нимятим 25% зиёда карда мешавад.

 

Дар бораи реформаи маориф:

-Бе маориф ягон қадам пеш рафта наметавонем!!! «Забони русӣ ва анлисиро омӯзед», баъди 10 сол бе донистани ин 2 забони изофагӣ хидматчиёни давлатиро ба кор нагиранд!

-Барои баланд бардоштани касбияти омӯзгорони ҷавон эътибори аввалиндараҷа диҳед.

-Дар соҳаи маориф реформа лозим аст!

 

Аҳолӣ зиёд мешавад:

-Соли 2022 аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион ва соли 2026 ба 11 миллион мерасад, ки бояд барномаву стратегияҳои давлат бар асоси афзоиши шумораи аҳолӣ таҳия шаванд.

 

Роҷеъ ба нақши калидии Зан-Модар:

-Ҳама бузургон, аз ҷумла Пайғамбари Ислом аз модар таваллуд шуда, мақоми зан дар Ислом басе баланд мебошад. Аз ҷумла сураи Нисо бо номи Зан омадааст.

-Дар тарбияти фарзанд роли кӣ бештар аст? Кӣ тифлро ба дунё меорад? Кӣ тарбия мекунад? Кӣ донишмандаш мекунад? Кӣ маршалу генералу олиму шоиру нависандааш мекунад? Модар!!!

-1 умр хизмати модарро кунем, заҳмати 1 шаба дар сари гоҳвора  аллагӯияшро баргардонида наметавонем.

-Аз 42 ҳазор донишҷуе, ки дар хориҷа мехонанд, беш аз 8000 нафарро духтарон ташкил мекунанд.

 

Роҷеъ ба хурофотпарастии мардум:

-Хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба Инсон танҳо бадбахтӣ меорад.

-Мо бояд ба қафо, ба асри миёна бо фарҳанги асримиёнагӣ барнагардем, балки ба пеш равем, бо замона қадам занем. Бояд ҳамқадами замон бошем!

-Ба ҷавонон ҳамчун дуст, рафиқ, падар (чигуна ҳоҳед қабул кунед) муроҷиат мекунам, илм омӯзед!!!

-Насли ояндасозро дар оянда низ бо тамомии имконот дастгирӣ мекунем.

-Ҳама чизе, ки дорем, ҳатто ҷойнамозу тасбеҳу матоъе, ки худро мепечонем, аз хориҷа аст. Либосе мепӯшем аз куҷост? Яъне ҳама боигарии мо кӯмак ба иқтисодиёти хориҷист. Бо ин роҳ давлатдорӣ карда мешавад? Не!

 

Дар бораи нобоварӣ ба мутахасисони худӣ:

-Хизматчиёни давлатӣ, аъзои ҳукумат сараш дард кард, ба хориҷа меравад: Илтимос Ҷаноб Олӣ, ҷавоб диҳед, ки маризам. Яъне эътимод ба мутахассисони дохилӣ надоранд.

-Фарзандонатонро ба хурофот таслим накунед!!!

Вазъи Афғонистон печида мондааст ва ҳолати фоҷиабори ба миёномада гуноҳи халқи афғон не, балки дахолати кишварҳои хориҷӣ ба ин сарзамин мебошад.

 

Роҷеъ ба ободкории Тоҷикон:

-Дар 3 соли ахир 25000 иншоот сохтем. Мо соҳибкорони ҷавонмард, мардуми ободкор дорем. Боварӣ дорам дар 5 соли дигар, дар 35-солагии Истиқлолият, деҳотро низ мисли шаҳр мекунем, корхонаҳои саноатӣ месозем, кадрҳои ҷавон тарбия мекунем. Кори намешуданӣ нест!

- Мо имконият дорем, фақат нангу номус доштан лозим, умр мегузарад, бояд  аз худ 1 нишонаи нек, 1 мулки пешрафта ба мерос гузорем…

 

 

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter