Принт

Соли нави президентӣ

 

 Зи шайхи чилланишин дур бошу ҳиллаи вай,

Ки ҳаст чиллаи вай сардтар зи чиллаи дай!

 Имрӯз басо мӯд шудааст, ки дилхоҳ тоҷикаки бузришаки толибмаоби муҳиддинкабирипеша Соли Нав, Арча, Бобои Барфӣ ва одамони бо соли нав алоқамандро куфру кофир эълон кунаду миллион зиёии зиёдатӣ, ки садқаи номи интеллигент шаванд, хомӯш ин моҷароро қурт созанд. Аз Барфаки бечора ҷои сухан нест. Ин Барфак кофири мутлақ аст барои ин 2-3 нодони ҷоҳил.

            Усулан куфр эълон кардани дастоварди башарӣ чизе бештар аз экстремизм нест. Барои навишти ин матлаб моро матлаби 1 «профессор» таҳрик дод, ки то ин замон худро зиёӣ, интеллигент ва пешрав мехонду Соли Навро аккурат куфр хонда, дар сари пириҳо барои худ билети биҳишт харидан мехоҳад. Ҳайфи ин давру замон, ки чунин профессорҳо дорад…

            100 нобуди ун профессор. Биёед Соли навро муруре кунем, ки кай ва чигуна дар зиндагонии мо-дар даврони шӯравӣ пайдо шуда буду барои чӣ профессорҳои қаблӣ онро куфр эълон намекарданд.

            Соли Навро дар оғоз худи Ленин ва коммунистони ҳамдилаш дар соли 1918…манъ карданд. Зеро ялдо, таваллуд, рождествои Исои Масеҳ ба ҷаҳонбинии навини атеистӣ созгор набуд. Мегӯянд, худи Ленин онро ҷашн мегирифт. Вале дар СССР мумкин набуд. Зимнан бо қабули тақвими нави Григорианӣ баҳонае ёфтаву Соли Навро манъ карданд. Мисли ҳукми неопрофессори имрӯзаи мо-куфр, кофир ва насронӣ эълон шуд, 1 январ…

            Ба бахти мардуми советиву ба бадбахтии профессорони экстремист, Сталин И.В. онро эҳё кард, вақте дар таърихи 17.11.1935 гуфт:

«Жить стало лучше, товарищи. Жить стало веселее»

            Ин фраза арабӣ нест, ки профессорон нафаҳманд. Хулласи калом, баъди ин ибораи болдор, дар таърихи 28.12.1935 дар газетаи Правда мақолае нашр шуд, ки аз мардум даъват мекард, Соли Навро бо Арчаву Бобои Барфиву Барфак ва дигар қувваҳои сиёҳи зидди солинавӣ-Гургу Сагу Мурғу Баба Яга ва профессорҳои зиддисолинавӣ ҷашн гиранд. Албатта, қувваҳои хубӣ бар экстремизми имрӯза, ки рӯз то рӯз нерӯ мегиранд, пирӯз мешуданд ва Соли Навро мардуми шӯравӣ ҷашн мегирифт.

            Аз 01.01.1947 бошад, Соли Нав бо дастури Сталини ҷаҳонгир, расмӣ шуд ва шаб то рӯз онро ҷашн мегирифтанд. Суруди «5 минут», аз «Карнавльная ночь»» бошад Соли Навро ҳамагир намуду кинофилми маъруфи « Ирония судьбы или С лёгким паром»-и Элдар Рязанов онро ҳамешазинда барои тамомии мардуми советӣ!

            Ба ҳамин тартиб Соли Нав ба хонадони ҳамаи мо раҳ ёфт.

Дар асл, ин ҷашни калидии Тақвими Нави мост. Зеро дар рӯзи 31 декабр ҳама кору бор паси сар монда, аз 1 январ мо, давлати мо, ҳукумати мо ва ҳатто муллоҳои бузришу профессору академикҳои кӯсаамон, аз саҳифаи тоза кору бору фаолиятро шуруъ мекунанд.

Ба забони дигар, бо таваллуду рождествои Исои масеҳ 1 январ ҳич бастагие надорад. Зеро то мо дар тақвими умумибашарӣ рӯз мебарем ва муваззафем, ки ҳар шоми 31 декабр ба 1 январ ба ҳамдигар бигӯем:

-Соли Нав муборак!

 

 

Матлабҳои дигар