ХАБАРИ ДОҒ

Ракетаҳои президентӣ ва Модари Кузя

  • Чоршанбе, Янв 26 2022

 

Ба иттилои расонаи муътамадтарини Амрико- The New York Times, Москва тасмим гирифтааст, ки дар Куба ва Венесуэла ракетаҳои ҳастайии парвозашон наздик (средняя дальность) ҷойгир кунад. Ин посух бар Вашингтон аст, ки гуфт, хоҳед-нахоҳед НАТО ракетаҳои ҳамгунаи худро дар Эстония ҷойгир менамояд.

Дмитрий Песков-сухангӯи Путин дар пасманзари ин иддаои армикоиён гуфт, «Куба ва Венесуэла давлатҳои соҳибистиқлоланд ва худашон тасмим мегиранд, ки ракетаҳои кадом давлатеро дар кишварашон ҷойгир кунанд!». Ин ишора ба Кохи Сафед буд, ки ин 2 давлатро ҳушдори гӯшмол медод.

Вале беш аз 50 сол аст, ки Амрико ба Куба храп мезанаду 30 сол боз Венесуэларо тап-тап дорад. Зеро ин 2 кишвари саркаш ҳаргиз ба хостаҳои Вашингтон амал намекунанд ва 2 ҷазираи озодро дар Амрикои Лотинӣ мемонанд, ки тобеъи Амрико нагаштааст.

12.01.2022.  TheNewYorkTimes бо такя бар манобеи худ навишт, ки ҳини дидори масъулини баландпояи НАТО ва Россия, ки дар Женева баргузор шуд, ҷониби Маскав ишора намуд, ки дар сурати наздиктар омадани НАТО (Прибалтика ва Украина) Кремл имкони дар Куба ва Венесуэла ҷогирсозии қувваҳои худро дорад.

16.01.2022. Генсеки НАТО Йенс Столтенберг ба канали телевизионии амрикоии СВС гуфт, «аз Россия пешниҳод кардем, ки дар бораи бехатарии Аврупои Шарқӣ, ба вежа Украина сӯҳбат ороем, вале онҳо посухе надоданд!». Ва ин изҳорот дар ҳолест, ки новобаста ба аҳду паймони бо СССР ва Горбачёв басташудаи НАТО ин блоки ҳарбӣ ҳарчӣ бештару пештар ба Маскав наздиктар мегардад. Коршиносон ҳатто ҳодисоти Қазоқистонро кори дасти Амрико ва муттафиқинаш медонанд, ки «мехостанд Қазоқистонро вайрон карда, дасти Маскавро аз кишварҳои пасошӯравии ОМ кутаҳ созанд ва армияи муҷаҳҳази Толибонро вориди Осиёи Марказӣ кунанд».

Дар ҳар сурат, Путин маҳз баъди ҳодисоти Қазоқистон “пӯстинашро чаппа пӯшид”, зеро гуфта мешавад, аз табаддулоти бузурги НАТО огаҳӣ пайдо кард.

Воқеоти мазкурро коршиносон ба “Буҳрони Кариб” (Карибский кризис) монанд мекунанд. Хотиррас мешавем, соли 1961 Амрико ракетаҳои миёнапарвози худро дар Туркия ҷойгир намуд. Акнун ин мушакҳо метавонистанд шаҳрҳои бузурги Россия, минҷумла Маскавро мушакборон кунанд. Ин аст, ки Никита Хрушёв дар ҷаласаи СММ (ООН) баромад карда, кафшашро кашида, ба микрофон зада, шиори ҳамешазинади “Ман ба шумо очаи Кузкаро нишон медиҳам” (я вам покажу Кузькину мать!!!)-ро гуфта буд.

Моҳи октябри соли 1962 СССР дар Куба ракетаҳои ядроии худро ҷо кард ва дар тӯли 12 рӯз олам дар сари мӯе наздик ба ҷанги ядроӣ қарор гирифт.

Он даврон ақли солим пирӯз омаду буҳрони шадиди ҷанги сарди 2 кишвар ба ҷанги гарм напечид. Вале имрӯз чӣ? Ба назар мерасад, Ҷо Байдени имрӯзӣ фаросати сиёсии Ҷон Кеннедӣ-президенти вақти Амрикоро надорад ва гумон аст, ин бӯҳрон рӯзу моҳу солҳои наздиктарин ҳаллу фасл шавад. Боз дар мавриде ки марионеткаҳои вашингтонии Полшаву Прибалтикаву Украина ба ин оташи иғво равғанрезанд.

А, ба Путин бошад, дигар ягон роҳи баргардиш ба қафо намондааст, зеро “Позади Москва, товарищи!”...

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter