Принт

11 қарори нав: ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар Душанбе

 

 13.05.2022. Имрӯз дар ш.Душанбе ҷаласаи баҳории Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ баргузор гардид, ки дар он роҳбарони мақомоти корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳод ва Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи ИДМ ширкат намуданд.

Вазирон дар мавриди масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуда, инчунин иқдомҳои ҷориро оид ба таъмиқи равобити амалӣ дар тамоми самтҳои калидии ҳамкорӣ мутобиқ ба афзалияти раёсати Қазоқистон дар ИДМ муфассал баррасӣ карданд.

Зимни нишаст ба таҷрибаи баргузории машваратҳо миёни Вазорати корҳои хориҷӣ дар қолаби Иттиҳод, ки ба амалисозӣ ва ҳамоҳангсозии саъю талошҳои муштарак дар тамоми самтҳои фаъолияти Иттиҳод мусоидат мекунанд, баҳои баланд дода шуд.
Инчунин, доир ба татбиқи пай дар пайи Барномаи амал оид ба фаъолсозии иштирок миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ тавофуқ имкон ёфта, дар натиҷаи ҷаласаи мазкур 11 қарор ба имзо расид.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ  13.10.2022 дар Нур-Султон  баргузор мешавад.

Матлабҳои дигар