Принт

Баҳриддин Аҳмадов: ба интрига роҳ дода нашуд!

 Баҳриддин Аҳмадов, иштирокчӣ ва шоҳиди баргузории Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    - Барои интихоби макони баргузории иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фикрҳои ҳархела зиёд буд. Ман дар хотир дорам, ки 1 гурӯҳ депутатҳо аз ш.Душанбе ба вилояти Суғд омаданд.  Маро, ки дар ҳамон вақт роҳбари дастгоҳи раиси вилоят будам, бо онҳо ҳамроҳ карданд. Барои гузаронидани иҷлосия мо аз Қасри Энаҷон Бойматоваи Конибодом, аз Қасри 2 карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Абдуғаффор Самадов, аз театри Камоли Хуҷандии ш.Хуҷанд ва сипас Қасри Арбоб дидан кардем.

 

Қасри тақдирсози миллат

Қасри Арбоб ба ҳайати комиссия маъқул шуд. Ин хабар то ба Душанбе рафт ва ба роҳбарияти ҷумҳурӣ низ писанд омад. Ва депутатҳо гуфтанд, ки мо барои дар Қасри Арбоб гузаронидани иҷлосия тайёр ҳастем. Баъд аз ин омадани депутатҳо сар шуд. Аввалин шуда депутатҳои ш.Душанбе ва водии Ҳисор омаданд. Охирон бо роҳбарии Эмомалӣ Шарифович, ки дар ҳамон давра вазифаи раиси комиҷроияи вилояти Кӯлобро ба уҳда доштанд, депутатҳои вилояти Кӯлоб бо тайёраи махсус вориди Ленинобод шуданд. Мо дар назди хонаи депутатҳо онҳоро пешвоз гирифта, ба мошинҳо шинонда, ба Қасри Арбоб фиристодем.

 

Пропускҳои махсус ва посбонҳои русу узбеку тоҷик

Ман дар хотир дорам, барои амнияти вакилон ва қаср супориш шуд, ки рухсатномаи махсус (пропуск) фармоем. Мо рухсатномаи махсус ташкил кардем, ки ҳангоми даромаду баромад ба қаср аз он истифода баранд.

 Бахши муҳофизат аз 3 гурӯҳ иборат буд ва дар он сарбозон аз Русия, Узбекистон ва Тоҷикистон буданд. Иҷлосия 16 - уми ноябр сар шуда, то 2-юми декабр идома ёфт.

Ман Эмомалӣ Раҳмоновро дар ҳамон ҷо дидам. Хело ҷавон, хушқаду қомат ва хело зебо буданд.  Вақте, ки мо ба пешвозашон рафтем, даст дароз карда, моро ба оғӯш кашиданд. 1 одами ситорагарм, зебо, қаду қомат омадагӣ. Худам аз дил гузаронидам ва гумон кардам, ки мумкин ҳамин одами бузург пешниҳод шаваду оянда роҳбариро ба ӯҳда гирад...

 

Ба интрига роҳ дода нашуд!

Раиси ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаров буданду ба иҷлосия раисӣ мекарданд. Сипас Ҳабибулло Табаров раиси иҷлосия интихоб шуданд. Он кас сессияро идома доданд.

 Мақсади баргузории сессия пеш аз ҳама давлатро аз парокандагӣ наҷот додан, давлатро нигоҳ доштан буд.

Рӯзи 19 ноябр рӯзи интихоб кардани раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуд. Ман худам бо 1 гурӯҳ депутатҳо рафта, Раҳмон Набиевичро аз хонааш бо мошин ба Қасри Арбоб овардам. Дар иҷлосия иштирок карданду дар ҳамон ҷо он кас истеъфо доданд. Акнун, баъди қабули аризаи ӯ интихоби раиси Шӯрои Олӣ, сарвари давлати парокандаи Тоҷикон, зарур буд.  

 

 Акбаршоҳ мехост сарвари давлат шавад...

Барои раиси Шӯрои Олиро интихоб кардан чанд нафар номзад пешбарӣ шуданд, аз он ҷумла, Акбаршоҳ Искандаров ва Иззатулло Ҳаёев. Баъд депутат Мирзоев аз номи гурӯҳи депутатҳои водии Ҳисор номзадии Эмомалӣ Шарифовичро пешниҳод кард. Ҷаҳон Набиев аз гурӯҳи депутатҳои вилояти Суғд баромад карда, ин пешниҳодро дастгирӣ намуданд.

Ҳамин тариқ, Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Иззатулло Ҳаёеву Акбаршоҳ Искандаров маҷбур номзадии худро бозпас гирифтанд. Инро барои чӣ мегӯям? Зеро мардум бояд донад, ки интихоботи алтернативӣ буду касе намехост, сарвари кишвар шавад. Зеро метарсиданд!

 Дар ҳамон давра баъзе аз депутатҳои ҷануб, ки бо оппозитсия наздикӣ доштанд, мехостанд, ки ҳамин иҷлосия вайрон шавад. Вале тамоми депутатҳо бо 1 овоз барои баргузории иҷлосия тарафдорӣ карданд. Баъзе фикрҳо пайдо шуд, ки ҳамин иҷлосияро ҳозир не, баъдтар гузаронем, вале ба ин роҳ надоданд.

Баъди оне, ки Эмомалӣ Раҳмон интихоб шуданд, омада парчамро бӯсиданду ба минбар баромаданд. Он кас дар пеши худ 3 вазифа гузоштанд:

1-    ум ҷанги бародаркушро ба тезӣ хобонидан,

2-     баргардонидани гурезаҳо ва

3-     баланд бардоштани иқтисодиёти давлат, ки дар он замон тамоман фалаҷ гардида буд.

 

Нишон ва Парчам

Дар ҳамон ҷо ҷонишинони раиси Шӯрои Олӣ, раисони комитетҳо, комиссияи доимӣ интихоб карда шуданд. Ба вазифаи муовини аввали раиси Шӯрои Олӣ Абдулмаҷид Достиев, муовинони раиси Шӯрои Олӣ Қозидавлат Қоимдодов ва Хидиралиев интихоб гардиданд.

 Пеш аз ҳама масъалаи аз нав кардани Нишон ва Парчами Тоҷикистон ба миён гузошта шуд. Бо роҳбарии Президенти Академияи фанҳои Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ комиссияи махсуси депутатӣ таъсис дода шуд, ки ман ҳам ба он шомил шудам. Намунаи Парчам ва Нишони давлатиро ба депутатҳо пешниҳод кардему бо иловаи баъзе таклифу пешниҳодҳо он қабул гардид. Сипас дар комбинати шоҳибофии ш.Хуҷанд Парчамро омода кардему рӯзи додани оши оштӣ онро бурдем. Он рӯз тамоми қумандонҳо - Бобои Сангак ва  Файзалӣ Саидов ва дигарон ҳар кадоме парчамро бӯса карданд.

Дар он давра Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори ҷавон буд ва ҳоло сиёсатмадори ҷаҳон шудаанд.

 

Матлабҳои дигар