ХАБАРИ ДОҒ

- 25.04.2023. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ш.Левакант ҶСК “Азот” – калонтарин корхонаи кимиёвии мамлакат ва гидроагрегати рақами 1-и НБО «Сарбанд»-ро бо тавоноии 39 МВт баъд аз таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Муборакамон бод!

 - Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 8,6 млн доллар неруи барқ содир кард, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 18% бештар аст.

- Давоми 3 моҳи соли 2023 дар вилояти Суғд 157 офати табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он 22 нафар ба ҳалокат расида, маблағи зарар 5,7 млн сомониро ташкил дод.

 - Масъулини ҷамоати шаҳраки Бӯстони н.Мастчоҳ рӯйхати ному насаби 160 нафар даъватшавандаро, ки аз хидмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, дар даромадгоҳи бозори марказии ноҳия насб карданд: ин амал дар таърихи кишвар бесобиқа аст…

 - Ширкати ҳавопаймоии «АЗАЛ» - «Хатҳои ҳавоии Озарбойҷон» сар аз 30.05.2023 парвозҳоро дар масири Боку – Душанбе – Боку шуруъ мекунад: нархи билети рафтуомад 270 евро...

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter