ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Нояб 07 2018


Алимурод Исломзода, раиси КВД "Хоҷагии манзиливу коммуналӣ" субҳи 6.11.2018 дар синни 63-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Гуфта мешавад, ки субҳи рӯзи гузашта фарзандонаш Алимурод Исломзодаро бо фишори баланд ба беморхона мебаранд, вале то ба бемористон нарасида, эшон ҷон додааст.
 Алимурод Исломзода 8 соли охир роҳбарии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-ро бар ӯҳда дошта, дар гузашта ба ҳайси раиси н.Восеъ низ кор кардааст.


Чоршанбе, Нояб 07 2018


Дастаи «Истаравшан»-и ш.Истаравшан-ғолиби мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон ба Лигаи олӣ роҳ ёфт.
Дастаи «Истаравшан», ки пешакӣ бо 67 имтиёз ба гирифтани медалҳои тилло даст ёфт, дар даври охирин дар меҳмонӣ аз дастаи «Ваҳдат»-и ш.Ваҳдат бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда, ин ягона нокомии футболбозони шаҳри Истаравшан дар мавсими соли 2018 ба шумор меравад.
Ба дастаи «Истаравшан» ин комёбӣ муборак бошад!
  

Ҷумъа, Окт 12 2018


Давлаталии Саид-муовини аввали сарвазири ҶТ рӯзи 11.10.2018 дубора Президенти Федератсияи Шоҳмоти кишвар таъин шуд!
Мавсуф, ки яке аз ҷавонтарин узви ҳукумат тӯли даҳсолаи ахир маҳсуб мерафт, бори нахуст дар соли 2014 президенти ин ниҳод интихоб гардида буд. Дар тӯли 4 соли ахир соҳаи Шоҳмот дар кишвар сахт рушд кард, ки ин ҳамаро ба фаъолияти Саид баста мекунанд.
Минҷумла шоҳмотбозони Тоҷик дар аксари мусобиқоти байнулмилалӣ ширкат варзида, соҳиби хол да рейтинги ФИДЕ (FIDE - World Chess Federation) шуданд. Барои нахустин бор дар таърихи кишвар, яке аз давраҳои сабқати Ҷоми Ҷаҳонии Шоҳмот дар осоишгоҳи Хоҷаобигарм доир шуд.
Бузургтарин дастоварди Шоҳмот ин ҳам шуд, ки ин бозии ақлонӣ ба консепсияи рушди маориф роҳ ёфт ва дур нест, ки дар ҳама макотиби кишвар Шоҳмотбозӣ омӯзонида шавад.
Ҳамзамон сар аз соли ҷорӣ дар ҶТ Консепсияи нави рушди Шоҳмот таҳия ва пешниҳод мегардад. Давлаталӣ Саид гуфтааст, солҳои наздиктарин дар пойтахти кишвар ш. Душанбе Маркази махсуси Шоҳмотро бунёд мекунад.

М. Мубориз,
Барандаи Ҷоми Шоҳмот дар Спартакиадаи РСС Тоҷикистон дар соли 1979

Махсус барои СССР

Чоршанбе, Окт 10 2018


Имрӯз, соати 13:00 дақиқа бо вақти Душанбе шахсан Рустами Эмомалӣ-президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе ба пешвози мунтахаби футболистони ҷавон (U-16) баромад. Дар сӯҳбати рӯбарӯ бо онҳо шаҳрдори Душанбе изҳори сипос намуд ва якҷоя акс бардоштанд. Ёдовар мешавем, ки футболистони то 16-солаи Тоҷик аз Малайзия ба Ватан баргаштанд.

 

Душанбе, Окт 08 2018


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки дар бозии ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола дар Малайзия аз тими Ҷопон бо ҳисоби 0-1 мағлуб шуд, бори нахуст дар таърих бо медалҳои нуқра сарфароз гашт.
Ин бозӣ шоми якшанбе, 7.10.2018 дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили ш.Куала-Лумпур баргузор шуда, голи ягонаро ҳамлагар Нишикава дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 63-юм, бо зарбаи сахт аз дохили ҷаримагоҳ ба ҳадаф расонд.


Ҷумъа, Окт 05 2018


 Шоми 4.10.2018 футболбозони навраси Тоҷикистон дар вохӯрии нимниҳоӣ дастаи мунтахаби наврасони Кореяи Ҷанубиро бо натиҷаи 7:6 (1:1, вақти асосӣ) шикаст дода, бори аввал дар таърихи футболи мамлакат дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов ба  финали Чемпионати Осиё байни наврасон роҳхат гирифт.
   Бояд қайд намуд, ки ин дастовард дар таърихи футболи ватанӣ барои бори аввал аст. Сармураббии даста Зайниддин Раҳимов, дар нишасти хабарии баъд аз бозӣ бо хурсандӣ иброз намуд, ки даста ғалабаи худро ба муносибати ҷашни солрӯзашон ба Пешвои муаззами Миллат, Эмомалӣ Раҳмон, ки дар пешрафти соҳаи варзиш саҳми калон доранд, тақдим месозад.
    Муборак бошад!


саҳ 21 аз 43

Китобҳо

Flag Counter