ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Март 07 2016

«Вахш» ва «Саройкамар» – ғолибони минтақаи Хатлон 

«Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон  ғолиби минтақаи Хатлон шуд. Дар бозии финалӣ, ки рӯзи 26 феврал дар варзишгоҳи марказии Данғара баргузор гардид, «Вахш» бар «Саройкамар» бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуд. Голҳоро Мухтор Ортиқов дар дақиқаи 9 ва Собир Холматов дар дақиқаи 12 ба самар расонданд.

Ба ин тартиб, «Вахш» ва «Саройкамар» ҳуқуқи дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа иштирок карданро соҳиб шуданд. Дар марҳилаи ниҳоӣ «Вахш» дар гурӯҳи «Б» ва «Саройкамар» дар гурӯҳи «А» баромад мекунанд. Чемпиони дукаратаи Тоҷикистон «Равшан»-и Кӯлоб, ки аз сермухлистарин дастаҳои футболи мамлакат ҳисоб меёбад, ба иллати заъфи молиявӣ ва боз садҳо чуну чароҳои дигар ба марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа баромада натавонист, ки дар чанд соли охир барои аввалин бор мебошад. Аз рӯи маълумотҳои ҷойдошта, айни замон «Равшан» дар мушкилоти сангини молиявӣ қарор дорад. Дар марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Хатлон бошад, ҳайати ҷавонони «Равшан» иштирок намуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва роҳбарони «Равшан»-ро зарур аст, ки сари ин мавзу чораҳои амалӣ андешанд. Дар сурати чунин идома ёфтани кор, имконияти аз байн рафтани маъруфтарин клуби футболи ватанӣ ҷой дорад. Аз байн рафтани «Равшан» бошад, ба рушду инкишофи футболи Тоҷик таъсири ниҳоят сахти манфии худро мерасонад. 

Ҷоми ФФТ-2016. Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Хатлон. Финал

«Вахш» – «Саройкамар» – 2:0

Голҳо: Мухтор Ортиқов, 9 (1:0). Собир Холматов, 12 (2:0).

 

«Хуҷанд» ва «Қайроққум» - ғолибони минтақаи Суғд

Марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар минтақаи Суғд низ ҷамъбаст шуд. Аз рӯи натиҷаи ҷамъбаст дастаҳои «Хуҷанд» ва «Қайроққум» ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳхат гирифтанд. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсия ҳафтаи оянда дар Душанбе оғоз мегардад.

Ҷоми ФФТ-2016. Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Суғд

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

«Қайроққум» – «Спитамен» – 3:3

«Эсхата» – «Парвоз» – 2:2

Даври 2-юм

«Спитамен» – «Эсхата» – 1:3

«Парвоз» – «Қайраққум» – 0:3

Даври 3-юм

«Спитамен» – «Парвоз» – 3:2

«Эсхата» – «Қайроққум» – 2:3

                                         БҒМБТ/Т И

1«Қайроққум» (Қайроққум)      32109-57

2«Эсхата» (Хуҷанд)               31117-64

3«Спитамен» (Спитамен)       31117-83

4«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)30124-81

 

Гурӯҳи «Б»

Даври 1-ум

МТО – «Пионерпласт» – 0:1

«Ашт» – МТО – 1:1

Даври 2-юм

«Далерон-Уротеппа» – МТО – 5:1

«Ашт» – «Хуҷанд» – 1:7

Даври 3-юм

«Далерон-Уротеппа» – «Хуҷанд» – 1:3

«Пионерпласт» – «Ашт» – 2:4

Даври 4-ум

МТО – «Хуҷанд» – 0:8

«Пионерпласт» – «Далерон-Уротеппа» – 3:0

Даври 5-ум

«Хуҷанд» – «Пионерпласт» – 2:1

«Ашт» – «Далерон-Уротеппа» – 3:0

                                                 БҒМБТ/ТИ

1«Хуҷанд» (Хуҷанд)                         440020-312

2«Ашт» (Ашт)                                42119-107

3«Пионерпласт» (Бобоҷон Ғафуров)42027-66

4«Далерон-Уротеппа» (Истаравшан)41036-103

5МТО (Хуҷанд)                                40132-151

 

 

«Регар», «Помир», «Истиқлол» ва «Хайр» - ғолибони минтақаи Душанбе

Марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе бо ғалабаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ҷамъбаст шуд. Дар даври охири ин мусобиқа металлургчиён бар КМВА «Помир» бо ҳисоби калони 3 бар 0 пирӯз шуданд. Дар минтақаи Душанбе инчунин дастаҳои КМВА «Помир», «Истиқлол» ва «Хайр» низ соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ шуданд.

Ба ин тартиб, дар марҳилаи финалӣ «Регар-ТадАЗ» ва «Хайр» дар гурӯҳи «Б», КМВА «Помир» ва «Истиқлол» дар гурӯҳи «А» баромад мекунанд.

Ҷоми ФФТ-2016.  Марҳилаи пешакӣ

Минтақаи Душанбе. Даври 7-ум

«ЛОКОМОТИВ» – «БАРҚИ ТОҶИК» – 1:2

«ХАЙР» – «ПОМИР» – 4:1

 КМВА «ПОМИР» – «РЕГАР-ТАДАЗ» – 0:3

«ИСТИҚЛОЛ» – «КӯКТОШ» – 11:1

 

                                          БҒМБТ/Т         И

1«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)761034-4         19

2КМВА «Помир» (Душанбе)        750233-8          15

3«Истиқлол» (Душанбе)        741228-1013

4«Хайр» (Ваҳдат)                 733115-7      12

5«Помир» (Душанбе)                72238-18        8

6«Кӯктош» (Рӯдакӣ)                722316-388

7«Барқи тоҷик» (Душанбе)        71153-24          4

8«Локомотив» (Душанбе)        70073-31   0

 

Душанбе, Март 07 2016

Доварон ва ҳайати намояндагии хизматрасони ду бозии боқимондаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар доираи вохӯриҳои марҳилаи гурӯҳии ҶҶ-2018 дар квартети «В» маълум шуданд. Сардовари бозии даври нуҳӯми ин мусобиқа миёни мунтахабҳои миллии Австралия ва Тоҷикистон, ки рӯзи 24 март дар варзишгоҳи «Аделаида Овал»-и шаҳри Аделаида доир мешавад, рефери 30 солаи ФИФА аз Қатар Фаҳад Ҷаббор Ал-Маррӣ таъин шудааст. Ӯро дар канори майдон ёварони рефери ФИФА Юсуф Ориф Ал-Шамарии 26 сола аз Қатар ва Муҳаммад Ал- Абакрии 36 сола аз Арабистони Саудӣ кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётии ин вохӯриро  рефери 33 солаи ФИФА Чуан Ху Фу аз Сингапур ба зимма дорад. Нозири доварон Азимӣ Бин Абдулло аз Малайзия ва комиссари бозӣ бошад, Томохиро Каисе аз Япония таъин шуданд. Ба ин тартиб, ин ҳайати хизматрасонро интернатсионалӣ низ номидан мумкин аст. Ҳаминро илова мекунем, ки бозӣ соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 14:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад. 

Бозии мунтахаби миллии Тоҷикистонро дар даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии ҶҶ-2018 муқобили Қирғизистон, ки рӯзи 29 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, соати 18.00 доир хоҳад шуд, ҳайати доварон аз Узбекистон ҳакамӣ мекунанд. Сардовари бозӣ рефери 35 солаи ФИФА Азиз Асимов таъин шудааст. Ӯро дар канори майдон ҳамватанонаш ёварони рефери ФИФА Руслан Серазитдинови 33 сола ва Андрей Тсапенкои 29 сола кӯмак мекунанд. Ҷасим Муҳаммад Абдулкарим аз Баҳрайн нозири доварон ва Бачир Ҷафиқ Абдул Холиқ аз Лубнон комиссари ин бозӣ таъин шуданд. 

 

ҶҶ-2018. Марҳилаи дуюми интихобӣ. Гурӯҳи «В»

Даври 9-ум

24 март (панҷшанбе)

Оғози бозӣ соати 19:30 (14:00 ба вақти Душанбе)

Австралия – ТОҶИКИСТОН

Сардовар: Фаҳад Ҷаббор Ал-Марри (Қатар).

Ёварон: Юсуф Ареф Ал-Шамари (Қатар), Муҳаммад Ал-Абакри (Арабистони Саудӣ).

Довари эҳтиётӣ: Чуан Ху Фу (Сингапур).

Нозири доварон: Азимӣ Бин Абдулло (Малайзия).

Комиссари бозӣ: Томохиро Каисе (Япония).

Аделаида, Варзишгоҳи «Аделаида Овал»

Даври 10-ум

29 март (сешанбе)

Оғоз соати 18:00 

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Сардовар: Азиз Асимов (Узбекистон).

Ёварон: Руслан Серазитдинов, Андрей Тсапенко ( Узбекистон).

Довари эҳтиётӣ: Алибек Сапаев (Туркманистон).

Нозири доварон: Ҷассим Муҳаммад Абдулкарим (Баҳрайн).

Комиссари бозӣ: Бачир Ҷафиқ Абдул Холиқ (Лубнон).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

ФутболvsСССР

 

Душанбе, Март 07 2016

Аз 3 то 7 март дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи маркази ҷумҳуриявӣ мусобиқа оид ба футболи занона бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии Модарон – 8 Март доир мегардад.  Дар мусобиқа дастаҳои футболи занонаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок мекунанд. Қобили қайд аст, ки дар ин сабқат дастаи футболи духтаронаи (U-14) Тоҷикистон низ ширкат мекунад. Иштирок дар ин мусобиқа марҳилаи дуюми омодагии футболбоздухтарони тоҷик ба чемпионати минтақавии Осиё маҳсуб меёбад. Чемпионати минтақавии Осиё барои дастаҳои футболи духтаронаи то синни 14 сола моҳи апрели соли ҷорӣ дар Душанбе доир хоҳад шуд. 

Мувофиқи қуръакашӣ ба гурӯҳи «А» дастаҳои футболбоздухтарони «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) ва «Барқ» (Норак) шомил шуданд. Гурӯҳи «Б»-ро бошад, дастаҳои «Ласточка» (Душанбе), «Зебо» (Дӯстӣ), «Ситора» (Фархор) ва «Регар-ТадАз» (Турсунзода) ташкил доданд.

Мувофиқи низомномаи мусобиқа ғолибони гурӯҳ ба бозии финалӣ роҳхат мегиранд. Дастаҳои дар гурӯҳҳо зинаҳои дуюмро касб карда, барои ҷои сеюм рақобат мекунанд. Бозиҳо ду қисми иборат аз 35 дақиқагӣ. Бозиҳои ҳалкунандаи мусобиқа рӯзи якшанбеи 6 март доир хоҳанд шуд. 

 

Тақвими бозиҳои мусобиқа:

Даври 1-ум

3 март (панҷшанбе)

9:00 – «Ласточка» – «Регар-ТадАЗ»

10:30 – «Вахш» – мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14)

12:00 – «Ласточка» – «Ситора»

14:00 – «Зебо» – «Регар-ТадАЗ»

 

Даври 2-юм

4 март (ҷумъа)

9:00 – «Норак» – «Хуҷанд»

10:30 – мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) – «Вахш»

12:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Ласточка»

14:00 – «Ситора» – «Зебо»

 

Даври 3-юм

5 март (шанбе)

9:00 – «Хуҷанд» – «Вахш»

10:30 – мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) – «Норак»

12:00 – «Ласточка» – «Зебо»

14:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Ситора»

 

6 март (якшанбе)

Бозӣ барои ҷои сеюм

9:00 – 2 «А» – 2 «Б»

Финал

10:30 – 1 «А» – 1 «Б»

 

Дилором Нусратуллоева

Сардори шӯъбаи футболи занонаи ФФТ

 

Ҷумъа, Март 04 2016

Рӯзи 4-уми марти соли 2016, соати 19:00, дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ маросими пӯшидашавии мусобиқаҳои варзишии кушоди даставӣ дар байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, корхонаю идораҳои давлатӣ ва шахсони ҳавасманд оид ба гуштини миллӣ, футболи хурд, шиноварӣ ва вазнбардорӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти шиори «Варзиш - солимии ҷомеа» доир мегардад.

Чуноне ки ба СССР дар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, дар маросими тантанавӣ ба ғолибони мусобиқа Шоҳҷоиза - автомобили сабукрав, Ҷом, медал, диплом, Ифтихорнома, Сипоснома ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим мегарданд. Барои инъикоси чорабинии мазкур намояндагони воситаҳои ахбори омма даъват карда мешаванд.

Мину Аминзода

 

Панҷшанбе, Март 03 2016

1 март, дар арафаи таҷлили муқаддастарин Иди Миллӣ-25 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар телевизионҳои “Варзиш” ва “Синамо”-ро ифтитоҳ дод. ТВҳои мазкур давоми 24 соат фаъолият дошта, шумои азизро ба дунёи варзишу олами синамо мебаранд.

Сешанбе, Фев 23 2016

Мавзуна Чориева-номдортарин муштзани Тоҷик (байни зану мардони миллат) пас аз танаффуси тӯлонӣ, ки бо издивоҷу таваллуди фарзанд бастагӣ дошт, боз аз худ дарак дод.

саҳ 29 аз 30

Китобҳо

Flag Counter