ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июл 05 2017


Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё варзишгари маъруфи кишвар, қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 дар намуди гурзандозӣ Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари Осиё эълон кард.
Дар номаи табрикии президенти Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё, ҷаноби Даҳлан Ал Ҳамад гуфта шудааст: “Хушҳолам, ки аз номи Федератсияи варзиши сабуки Осиё ва федератсияҳои варзиши сабуки кишварҳои қора Шуморо ба ин ҷоиза сазовор шуданатон хабардор карда, шодбош мегӯям. Ин ҷоиза қадрдонии меҳнатҳои шабонарӯзии Шумост. Бовар дорем, ки дар оянда низ ба дастоварҳои назаррас ноил мегардед. Мо медонем, ки барои ба мақсад расидан Шумо заҳмати зиёд мекашед. Мо ба Шумо муваффақият ва дар муаррифии кишваратон ва ҳамин тавр қораи Осиё комёбӣ мехоҳем”.
Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров солҳои 2015 ва 2016 беҳтарин варзишгари соли Тоҷикистон эълон шудааст.
Дилшод Назаров Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016, 3 карат Қаҳрамони Бозиҳои Осиё-2006, 2010, 2014, барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон-2015, се карат Қаҳрамони Осиё-2009, 2013, 2015 ва ҷоизадори бисёр мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад.


Чоршанбе, Июн 14 2017


Масали маъруфи «1 гови рихин подаро касал мекунад»-ро ҳама медонад. Аммо онро танҳо шоми 13.06.2017 8 млн нафар бо чашм дидаву шоҳид шуд. Гови рихини ин шом дарвозабони Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол-Абдуазиз Маҳкамов шуд...
Абдуазиз Маҳкамов-дарвозабони Алай-чемпиони Қирғизистон аст, ки ба ҳайси легионери ватанӣ дар ун кишвар ҳунарнамоӣ дорад. Гуфтан ҷоиз аст, ки ин дарвозабон агар дар маҳдудаи футболи Қирғиз хуб бозад ҳам, дар сатҳи ҷаҳонӣ хеле суст ҳунарнамоӣ дорад. Дар бозиҳои гурӯҳии АФК ,ӯ кам не-ғам не 18 гол сар додааст!!! Акнун тасаввур кунед, ки чигуна чунин дарвозабони сустро сармураббӣ ба хатти асосии мунтахаби миллӣ ҷо кард?!
Коршиносон мегӯянд, набуди дарвозабони хуби дигар, яъне набуди конкурентсия. Таври маълум Алишер Додов, яке аз муддаиёни асливу усулии дарвозаи мунтахаб захмист-травма дорад. Зимнан аз 2 дарвозабони дигар Қурбоналӣ Бобоев дар захираи мустаҳками Истиқлол нишастаасту гумон аст, Стошич захм нагирад, умуман ба майдон барояд. Беҳрӯз Хайриев дарвозабони №3, ки рангҳои Барқчиро ҳифз мекунад, аслан ба сатҳи байнулмилал баромад карда наметавонад. Аз ин ҷо бармеояд, ки Ҳаким Фузайлов имкони интихоб на дошту на дорад. Ва хоҳем-нахоҳем Маҳкамов дарвозабони мо дар ин марҳалаи гурӯҳӣ боқӣ мемонад.
Бо ин ҳама, фикр намекунам, ки Бобоев ё Хайриев ингуна голҳое, ки голкипери №1 сар дод, мегузаронида бошанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дарвозабони дигари хубе дорем, ки масъулин бояд ӯро даъват кунанд. Сухан сари Ризоев-дарвозабони Ҳосилот ва голкипери чемпиони 2-карати ҶТ-Равшани Кӯлоб меравад. Бовар кунед, Рустам Ризоев дар ин бозӣ мешуд, ҳатман мо ҳадди ақалл аз 2 гол-ляпи Маҳкамов эман мемондем,  2 голе, ки кӯдак бояд бармегардониду Абдуазиз натавонист...
Ҳайфи бачаҳо, ки 3 гол заданду боз бозиро бохтанд!!! Ва агар дар хатти охирин дарвозабони профессионал медоштем, ҳатман дар ин дидор пирӯз мешудем. Мо метавонем!

Мунтахаби Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Алай», Қирғизистон), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»), Беҳрӯз Хайриев («Барқчӣ»);
Муҳофизатгарон: Александр Ҳубер (агенти озод), Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Искандар Ҷалилов («Дунав», Болгария), Ромиш Ҷалилов, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров (ҳама – «Истиқлол»), Ойбек Абдуғаффоров («Ҳосилот»), Зоир Ҷурабоев (ЦСКА «Помир»);
Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Болгария), Нозим Бобоҷонов (СК «Баҳрайн», Баҳрайн), Умедҷон Шарипов («Машъал», Узбекистон), Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Алиев, Амирбек Ҷурабоев, Эҳсони Панҷшанбе (ҳама – «Истиқлол»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Ҳосилот»), Комрони Мирзонаҷот (ЦСКА «Помир»);
Ҳуҷумкунандаҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд»).
Сармураббӣ  – Ҳаким Фузайлов

Ҷумъа, Июн 09 2017


Бино ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, кумитаи одоби ФФТ Ғайрат Мираҳмадов-сармураббии тими “Равшан”-и Кӯлоб ва 2 бозингари он-Абдураҳмон Нозимову Сайдамири Сайдаҳмадро ҷазо додааст. Ғайрат барои таҳқири доварон дар дидори “Равшан” ва “Барқчӣ”, ки 1 июн дар доираи бозиҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баргузор шуд, аз ҳаққи иштирок дар 5 мусобиқа маҳрум шуда, иловатан, вазифадор шудааст, ки 500 сомонӣ ҷарима бипардозад. Тибқи хабари ФФТ, Абдураҳмон барои задани сардовар аз ҳамаи мусобиқоти таҳти сарпарастии ФФТ маҳрум ва 1250 сомонӣ ҷарима шуда, Сайидамир барои талоши истифодаи қувваи ҷисмонӣ нисбат ба сардовар аз 4 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима гардидааст…

Ҷумъа, Июн 09 2017


Ҳаким Фузайлов ба мунтахаби Тоҷикистон 7 легионерро даъват кардааст, ки аксари онҳо дар дастаҳои футболи Аврупо мебозанд. Дар зимн, немиси зодаи Хуҷандшаҳр низ ба мунтахаб даъват шудааст.

Душанбе, Июн 05 2017


Ҷаҳонбек Азамқулов-варзишгар аз ш.Панҷакент дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод сазовори ҷои аввал гардидааст. Мусобиқаи мазкур дар ш.Хуҷанд аз 19-20 май доир шуда, дар он варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ширкат намуданд. Азамқулов дар вазни 125 кг бо шикаст додани ҳарифони худ ҷои аввалро ба даст овард.


Хуршед Фозилов

Душанбе, Май 29 2017


Комроншоҳ Устопириён, паҳлавон ва варзишгарии шинохтаи Тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё, ки дар ш. Ҳонконг баргузор гашта буд, соҳиби медали тилло гашт. Вай дар вазни 90 кг. бар паҳлавони қазоқ Ислом Бозбоев пирӯз шуд.
Комроншоҳи Устопириён ҳоло дар рейтинги Федератсияи байналмилалии дзюдо бо 1460 имтиёз дар байни 299 гуштигири ҷаҳон дар вазни зери 90 килограмм дар мақоми 12-ум қарор дорад. Баъд аз пирӯзӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонконг дар феҳристи нави ҷаҳонии дзюдо боз чанд зина боло хоҳад рафт.

СССР

саҳ 30 аз 43

Китобҳо

Flag Counter