ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, Окт 18 2016

Бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, бахшида ба рӯзи Конститутсия  мусобиқаи кушоди футбол оғоз гардид.

Чоршанбе, Окт 05 2016

Дар маркази ҷамоати деҳоти Сағирдашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо буридани лентаи рамзӣ Варзишгоҳи “Карон-Арена”-ро барои 400 ҷойи нишаст расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Сохтмони варзишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои Фонди “Муаллими кӯҳистон” бо харҷи 900 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 300 метри мураббаъ, бунёд карда шуд. Дар рафти сохтмони иншооти варзишӣ 30 нафар мутахассисону бинокорони маҳаллӣ соҳиби кори муваққатӣ ва маоши хуб шуда, корҳо бо риояи қоидаҳои меъморӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замон тибқи лоиҳа ба анҷом расид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи Варзишгоҳи зеборо, ки аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ бо сифати баланд бунёд шудааст, туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои ҷашни таърихии 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба варзишгарону бошандагони ҷамоати деҳоти Сағирдашт арзёбӣ кард.

Варзишгарони ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои чунин ғамхории арзанда баҳри ҷавонони ноҳия ва тарғиби тарзи ҳаёти солим изҳори сипосу минатдории худро ба Сардори давлат баён доштанд. Ҷавонон қавл доданд, ки дар баробари дигар варзишгарони номдори мамлакат аз сидқи дил машқу тамрин карда, дар мусобиқаҳои дохилию хориҷӣ парчамбардори ватани хеш хоҳанд шуд.

 

Мухбири худамон

 

Чоршанбе, Сен 28 2016

Дар даври чордаҳуми Лигаи олии Тоҷикистон чемпиони феълии мамлакат “Истиқлол”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахт витсе-чемпиони амалкунандаи кишвар “Хуҷанд”-и Хуҷандро қабул карда бо ҳисоби ҳангуфти 10 бар 1 шикаст дод. Дар ин бозӣ “Истиқлол”-ро ба ҳайси мураббии калон Нумонҷон Юсупов роҳбарӣ дошт. Аҷибаш ин аст, ки Юсупов ҳамагӣ ду моҳ пеш аз сармураббигии “Хуҷанд” ба истеъфо фиристонида шуда буд.


Таърихро тағйир кардан нашояд

Чанд бор гуфтему боз ҳам мегӯем, ки Футболро ба ватани мо, пас аз Инқилоби Октябрии Володя Улянов, ки падаронамон то имрӯз аз эшон бо муҳаббату эҳтиром - Ленинбобо гуфта ёд мекунанд, русҳо оварданд. Нахустин дастаҳои футболи тоҷик бошанд, дар вилояти Суғд (он вақт Ленинобод) созмон ёфтанд. Аввалин бозигарони маъруфи тоҷик ҳам аз вилояти собиқи Ленинободанд. Ба ибораи дигар, таърихи футболи миллат аз соҳили Сирдарё сарчашма мегирад. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди собиқ ва соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам вилояти Суғд дар саргаҳи рушди футболи ватанӣ қарор дошт. Худоро шукр, ки ин вилоят то андозае аз кашмакашу даргириҳои дохилӣ эмин буду дар шаҳру навоҳии вилоят имкони футболро тамрину бозӣ кардан ҷо дошт. Шумораи зиёди дастпарварони мактаби футболи вилоят мисли замонҳои шӯравӣ, дар аввалин солҳои соҳибистиқлолӣ шарафи футболи ватанро дар сабқатҳои бонуфузи расмии байналмилалӣ сарбаландона ҳимоя намудаанд. Хушбахтона, ин анъана имрӯз низ идома дорад. Айни замон ҳам дар ин вилоят ҳазорон истеъдодҳое ҳастанд, ки ниёз ба дастгириву нигоҳубинро доранд. Ва ҳатман бояд дастгирӣ шаванд!!! Зеро дар шароите, ки футбол дар дунё бо суръати кайҳонӣ рушд мекунаду пеш меравад, бе дастгирии ин истеъдодҳо мунтахабҳоямон дар арсаи байналмилалӣ ба нишондодҳои баланд намерасанд.

“Хуҷанд” 40 сола шуд

Витсе чемпиони феълии Тоҷикистон “Хуҷанд”-и Хуҷанд имсол дар соли ҷашнии таҷлили 25 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба синни мубораки 40 мерасанд. Дар як бозӣ бо “Барқчӣ” дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе мухлисони “Хуҷанд” аз шимоли кишвар ба дастгирии командаашон ба пойтахт омаданд ва бо худ шиори “40 солагии “Хуҷанд” муборак бошад!”-ро доштанд. Аз сӯҳбат бо онҳо дарёфтам, ки ҳадафашон дар ин соли таърихӣ, ботантана таҷлил кардани 40 солагии дастаи маҳбубашон аст. Онҳо ба ин ҳақ ҳам доранд. Аз нигоҳи инфиродии мо дастаи “Хуҷанд” шояд умри тӯлонитар дошта бошад. Аммо бо номҳои мухталифи замони болшевикӣ, амсоли “Динамо”, “Пограничник”, “Болшевик”, “Пахтакор”, “Колхозчӣ” ва ғайра ва ҳоказо...Зеро болотар ишораҳое кардем, ки футбол дар кишвари азизу маҳбубамон тавассути бародарони рус ворид шуда, аз минтақаи соҳили Сирдарё сарчашма мегирад. Аммо, айни замон ин мавзу муҳим нест. Муҳим он аст, ки бархӯрд ба ин дастаи 40 солаи футболи Тоҷик дар ҳоли ҳозир чӣ гуна аст?!

ФутболvsСССР ҳанӯз аз оғози сол оиди 40 солагии “Хуҷанд” ва ботантана таҷлил намудани ин сана матлабе ба дасти чоп расонида буд. Мақсади мо аз нашри он матлаб ин буд, ки 40 солагии “Хуҷанд” сазовор таҷлил карда шуда, боиси рушду инкишофи футбол дар вилоят ва дар ҷумҳурӣ мегардад. Мутаассифона, то имрӯз ба ғайр аз чанд нафар мухлис касе аз масъулин дар паи ин қисса нест ва боварӣ низ дорем, ки асло парвояш на-ме-ку-нанд...Агар мекарданд, “Хуҷанд” ба ин ҳоле, ки ҳозир дорад, гирифтор намешуд.

Мураббиён ва бозигарони “легионер”

Ду сол пеш, бо тавсияи узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, президенти клуби футболи “Истиқлол” Шоҳрух Саидзода, ки бе ягон шакку шубҳа аз нигоҳи инфиродии газетаи мо, имрӯз дар Тоҷикистон сарсупурдатарин ҷавонмард дар рушду инкишофи футболи Ватан мебошад, яке аз мураббиёни боистеъдод ва ояндадори футболи ватанӣ Нумонҷон Юсупов, сармураббии дастаи “Хуҷанд” таъин шуд. Юсупов муҷаввизи мураббигарии дараҷаи “А”-и Конфедератсияи футболи Осиёро дорад. Ҳадафи асосии Саидзода аз ин тавсияаш куллан тағйир додан ва замонавӣ гардонидани футбол дар вилояти Суғд буд. Зеро, Нумонҷон новобаста ба ҷавонияш таҷрибаи лозимии мураббигариро аз худ карда, ба футбол бо нигоҳи муосир менигарист. Тамринҳояш ҳам аз рӯи барномаҳои ҷадиди ҷавобгӯи меъёрҳои навин сурат мегирифтанд. Нумонҷон ба ситодаш мураббии ҷавону боистеъдод Қаноат Латиповро даъват намуд.

Дар аввал ҳама чӣ хуб буд. Тамринҳо саривақтӣ доир мегардиданд ва муҳимтар аз ҳама бо дастгирии бевоситаи Ҳокимияти вилояти Суғд дастаи соҳили Сирдарё қариб, ки ягон мушкилоти молиявӣ надошт. Соли аввал бо роҳбарии Нумонҷон Юсупов дастаи “Хуҷанд” дар чемпионати Тоҷикистон мақоми чорумро ишғол кард. Соли дуюми фаъолияташ бошад Юсупов бо ситоди мураббиёни ҷавонаш медалҳои нуқраи чемпионати миллиро соҳиб шуда, “Хуҷанд”-ро ба даври пешакии Ҷоми АФК баровард. Бо вуҷуди дар соли дебюташ ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АФК роҳ наёфтан, командаи созмондодаи Нумонҷон Юсупов хеле пурқувват буд ва аз худ назди коршиносони соҳа хотироти хубро боқӣ гузошт. Агар коуч Юсупов бо ситоди мураббиёну ҳайати созмондодааш дастгирӣ меёфт, ҳатман дар соли оянда футболи Тоҷикро ҳамчун “Истиқлол” дар бонуфузтарин мусобиқаҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекард. ФутболvsСССР дар ин мавзу ҳам як матлаби бисёр хонданӣ нашр намуда, аз дастандаркорони соҳаи футболи вилоят тақозо карда буд, ки ҳайати онвақтаинаи “Хуҷанд”-ро ба гуфти бародарони русамон “кров из нос” бояд нигоҳ дошт. Мутаассифона, чун ҳамешагӣ масъулони футболи вилоят ба гӯшашон пунба гузоштанду он матлабҳои навишати моро сарфи назар карданд. Аз маълумотҳое, ки аз манбаъҳои эътимоднок ба мо расиданд, ҷои дастгириву расонидани кӯмак ба “Хуҷанд” онҳо ба Раиси муҳтарами вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, ки ҳамзамон раиси Федератсияи футболи вилоят низ ҳастанд, маълумотҳои нодурустеро доданд, ки ба манфиати “Хуҷанд” ва ҳазорон мухлисони хуҷандӣ набуда, фоидаи як ду нафарро ҳимоя мекарданд. Вагарна ба пиндори инфиродии мо Абдураҳмон Қодирӣ, ки зери роҳбарияш дар ҳаёти фарҳангиву иҷтимоии вилоят рӯзмарра навгониҳои фараҳбахш рӯй медиҳад, ҳаргиз намегузошт ҳайати пурқуввати “Хуҷанд” парешон шуда, мураббиёни ҷавону боистеъдодаш дастаро тарк созанд.

“Хуҷанд”-и пурқувваатро ким пароканда кард?

Бо он иттилое, ки имрӯз дар даст дорем, сабаби асливу усулии парокандашавии ҳайати пурқуввати “Хуҷанд” ва ба дигар дастаҳо гузаштани бозигарони бомаҳорати даста, собиқ директори акнун барои якумрӣ аз футбол барканоршудаи “Хуҷанд” Акбар Иброҳимов мебошад. Акбар Иброҳимов на танҳо ба роҳбарияти вилоят аз даста хабарҳои дурӯғин мебурд, ки аз он ҷо низ аз худ ва аз номи муовини раси вилоят Анвар Яъқубӣ барои футболбозону мураббиён хабарҳоеро мерасонд, ки бовар карданашон мушкил буд...

“Хуҷанд”-ро ким барҳам зад?

Аз маълумотҳои ҷойдошта, сабаби асливу усулии парокандашавии ҳайати пурқуввати “Хуҷанд” ва ба дигар дастаҳо гузаштани бозигаронаш, собиқ директори акнун барои якумрӣ аз футбол барканоршудаи “Хуҷанд” Акбар Иброҳимов мебошад. Акбар Иброҳимов на танҳо ба роҳбарияти вилоят аз даста хабарҳои дурӯғин мебурд, ки аз он ҷо низ аз худ ва аз номи муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ба футболбозону мураббиён хабарҳои бофтаеро мерасонд, ки бовар карданашон мушкил буд...Вале суоли матраҳ ин аст, ки ин хиёнаткорро раиси вилоят, раиси Хуҷандшаҳр ва ахиран Президенти ФФТ ва муовинаш чӣ ҷазое медиҳанд? Ва ё ӯ бе ягон ҷазову азияти виждон, баъди варшикастани дастаи кӯҳнаву пурқувваттарини кишвар ва обирӯи вилоятеро паст задан, роҳат мегардад?...

Ҳоҷӣ Акбар сари Хуҷандро хӯрд!

Оғози сол барои дастаи соҳили Сирдарё хуб буд! Бо дастгирии бевоситаи Ҳокимияти вилояти Суғд ва шаҳрдории Хуҷанд, Федератсияи футболи вилоят, ки роҳбарии онро раиси вилоят, Абдураҳмон Қодирӣ ба зимма доранд, барои даста шароитҳои зарурии тамринро муҳайё карданд. Муҳимтар аз ҳама, харҷномаи нигаҳдошти даста барои соли оғозшуда аз ҷониби сарпарасти асосии “Хуҷанд” - Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тасдиқ шуд. Тасдиқ гардидани ин ҳуҷҷати муҳим, ба он маъно буд, ки дастаи соҳили Сирдарё то соли оянда бе ягон мушкилӣ фаъолият мекунад. Бо ҳамон мураббиёну бо ҳамон ҳайаташ. Баъди мағлубияти “Хуҷанд” дар Хеврони Фаластин аз бошгоҳи футболи “Аҳлӣ – Ал- Халил” бо ҳисоби минималии 0 бар 1 ва роҳ наёфтанаш ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АФК, газетаи мо малаберо нашр намуд, ки аз сохторҳои масъули рушди футболи вилояти Суғд, тақозои нигоҳдошти ҳайати онвақтаи даста ва сарпарастии бештари “Хуҷанд”-ро менамуд. (Н. Хоркашев, “Хуҷанд” бояд ҳайаташро нигоҳ дорад”, ФутболvsСССР, № 3, аз 11.02.2016).

Мутаассуф, он матлаби тақозоии мо, барои масъулони футболи вилояти шимоли кишвар, мақоли дар ях навиштаву дар офтоб гузошта шударо монд. Касе парвояш накарду пушташ нагашт. Ҳатто, дар матлаби худ аз таърихи футболи кишварҳои рушдкарда мисол оварданамон оиди дар чунин ҳолатҳо муносибат бо дастаҳо тағйир ёфтану беҳтар шудан ва билохира ба мақсади ниҳоияшон расидани чандин клуби футболи маъруфи ҷаҳонӣ ҳам сабақи дастандаркорони футболи вилоят нагашт. Дареғ, ки дар Хуҷанди бостонии мо аксаш шуд...

Ҷои ба дастаи “маҳбубашон” дасти ёрӣ дароз кардан, бо дасти ҳоҷияке ба исми Акбар Иброҳимов барҳамаш заданд. Шояд, зери суолшиори “Футбол кимба даркор?!!!” Ва ё шояд ин амалкарди ишон диверсияе зидди садорати ФФТ буд? Мисле, ки 2 сол муқаддам Раиси Ширкати Барқи Тоҷик ҳадафмандона зидди сиёсати футболдӯстдории Сарвари Давлат рафтаву “Энергетик”-Барқи Тоҷик”-ро аз пеши худ баста буд?! Мӯйро аз хамир ҷудо мекунем. Мо Метавонем!

Легионер кист?

Имрӯз, Футбол дар дунё бо суръати кайҳонӣ рушд мекунад, пеш меравад, дигар мешавад. Асри 21 аст, охир... Баргузории мусобиқаҳову доир гардидани бозиҳо такмил ёфта, тағйир мешаванд. Ин тағйироту такмилҳо бошанд, дар навбати худ, дар олами футбол вожаҳои навро тавлид месозанд. Ба монанди агент, скаут, легионер, аренда ва ба ҳамин монанд боз чанде дигар... Дар ин қисмати матлаб сӯҳбати мо сари вожаи легионер меравад. Легионер кист?

Эҳтиромона, ба самъи шумо дӯстони азизи хуҷандиямон мерасонем, ки дар дунёи имрӯзаи футбол легионер гуфта, бозигареро гӯянд, ки худ шаҳрвандии кишвари дигарро дошта, дар чемпионату Премер-Лига ва мусобиқаҳои дохилии дигар давлат баромад мекунад. Мақсад аз ҷалби легионерҳо пурқуввату қавӣ ва мукаммал гардонидани ҳайати дастаҳо ва рушд додани дараҷаи касбии бозигарони маҳаллӣ мебошад. Содатарин мисол дар мавзуъ ин аст, ки ситораҳои футболи ҷаҳонӣ - Мессии аргентинӣ ва Роналдои португалӣ, дар клубҳои футболи “Барселона” ва “Реал”-и Испания, легионер ҳастанд. Вежагии онвақтаи “Хуҷанд” низ дар он буд, ки дар ҳайаташ ягон бозигари легионер бозӣ намекард. Надошт!!! Ҳамагӣ бачаҳои тоҷикистонӣ ва дастпарварони мактаби футболи ватанӣ буданд. Аз сармураббиву мураббии калон, то бозигарони ҳайати эҳтиётии “Хуҷанд”.

Аммо, аз чӣ бошад, ки барои директори муҳтарами вақти “Хуҷанд” Бобои Ҳоҷӣ Акбару нафарони ҳаммаслакаш сармураббиву мураббии калон ва 4-5 бозигари зодагони дигар минтақаҳои Тоҷикистон (!!!), “легионер” шуданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки роҳбарони вақти “Хуҷанд” хуб медонистанд, ки дастаашон аз ҳисоби ҳамин худиҳои барои онҳо “легионер” пурқуввату қавӣ шудааст. Ин “унвон” умқан реша давонидани маҳалчигиро дар ин даставу ин шаҳр ба намоиш гузошт, ки ҳайфи сиёсати миллатдӯстдории танҳо дар сухану рӯи коғаз будаи ин масъулин бод!

Легионерҳоро ҷавоб диҳед!!!

Кор то ҷое расид, ки директорҳоҷибобои мо Акбар Иброҳимов 2 по дар 1 мӯза аз сармураббӣ Нумонҷон Юсупов тақозо намуд, ки футболбозони “легионер”-ашро ҷавоб диҳад. Фармон аз болост мегуфт, ҳоҷӣ, сӯи маркази вилоят, яъне раиси вилояту раиси ФФТ дар Суғд ишорат карда. Танҳо хуҷандиҳо бояд дар “Хуҷанд” бозӣ кунанд, мегут ӯ ва меафзуд, даста дигар имконияти бо маош ва муҳимтар аз ҳама бо ҷои хобу ғизо таъмин кардани бозигарони “легионерро” надорад. Шоҳидони ҳол қисса мекунанд, ки ҳоҷии зирак дар сӯҳбатҳову вохӯриҳояш бо ҳайати даста, фақат ҳаминро мегуфт, ки фармон аз боло аст ва мо имкони нигоҳ доштани бозигарони барои ӯ “легионерро” надорем. Онҳоро бо ҷои хоб ва ғизо таъмин карда наметавонем. Ва билохира, бозигарони “легионер” аз “Хуҷанд” рафтанд. Ҳатто, сармураббӣ Нумонҷон Юсупову мураббии калони ӯ Қаноат Латипов ҳам.

Маҳалчигӣ дар ФК Хуҷанд...

Аҷиб аст, ки шиори футбол дар олам “Футбол зидди нажодпарастӣ” мебошад, вале дар Хуҷанди бостонӣ онро ҳатто қабои антимиллӣ ва ҷомаи маҳалгароӣ пӯшонида, бозингарони Тоҷикро бо ин иллат, ки аз Хуҷанд нестанд, ронданд!!! Ҳамин ҳоло ёд меояд, ки бечора мухлисони Далерон-Ӯротеппа зидди маҳалгароии футбол дар Хуҷанди бостонӣ бонги зитроб мезаданду мо онро нодида мегирифтем. Вале суоли матраҳ ин аст, ки чунин маҳалгароӣ оё танҳо дар сохтори дастаи Хуҷанд мавҷуду буду ҳаст ва ё дар тамомии сохторҳои давлативу ҳукуматӣ реша давонида бошад? Ба ин суол акнун бояд Кумитаи авнияти давлатӣ низ посух ҷӯяд. Мо метавонем!

Кор то ҷое расид, ки барои ин ва чандин амалҳои ғайрифутболиву антифутболияш Кумитаи интизомии Федератсияи футболи Тоҷикистон директори собиқи “Хуҷанд” Акбар Иброҳимовро аз тамоми фаъолияти марбут ба футбол, барои якумрӣ барканор сохт.

Хуҷандро ким буғӣ мекунад?

Аммо, мушкили футбол дар ин минтақаи футболии Тоҷикистон, ки чандин бор гуфтему боз мегӯем дастпарварони мактаби футболаш аз аввалин солҳо шарафи футболи миллиро дар арсаи байналмилалӣ ҳимоя менамоянд, ҳал нашуд, чигилтар гашт. Охир, футболи имрӯза бе ҷалби бозигарони соҳибтаҷрибаи болаёқат пеш намеравад. Агар пеш мерафт, ба клубҳои Испания, ки яке аз пешрафттарин кишварҳои футболии олам аст, Мессии аргентиниву Роналдои португалӣ даъват намешуданд. Мутаассуф, аз надонистану нафаҳмадани менеҷменти муосири футбол, Комрони Мирзохону Иброҳим Рабимови душанбегӣ ва Ҳасан Рустамову Сафаралӣ Каримови зодагони Кӯлоб, ки воқеан ҳам бозии онҳо дастаи соҳили Сирдарёро хеле қавӣ гардонида буд, дар назди роҳбарони футболи Суғд, аз ҷониби Ҳоҷӣ Акбар номи “легионерро” гирифта, билохира “Хуҷанд”-ро тарк карданд. Ба ин тартиб, ҷои рушд кардану дар соли ифтихории 40 солагияш дастовардҳои намоёнтареро соҳиб гардидан, кор ба ҷое расид, ки “Хуҷанд”-и замоне номӣ бо ҳисобҳои ҳангуфт, бозиҳоро бохтан дорад. Вақте ки дастаи №2, яъне Хуҷанд аз клуби №1-Истиқлол 10 гол мехӯрад, обрӯи футболи ватанӣ мерезад!!!

Ин тарзи бозии даста мухлисони “Хуҷанд”-ро низ дилсард гардонида, ҳузури онҳоро рӯз то рӯз дар стадион камтар мекунад, ки сабаби асливу усулияш ҳамон маҳалчигии директори даста ва фориғболии раиси Федератсияи футболи вилоят мебошад...

СССРVSФутбол дар ҳифзи ФК Хуҷанд!

Айни замон витсе-чемпиони феълии Тоҷикистон “Хуҷанд”-и Хуҷанд, дар ҷадвали Лигаи олии Тоҷикистон бо 16 имтиёз аз 14 бозӣ мақоми ҳаштумро ишғол мекунад, ки ба назари инфиродии мо ҳаргиз ҷои ӯ на буду на ҳаст. 3 бозии охириро паиҳам бохт ва гумон аст, ки бо ин муносибате, ки дар Хуҷанд ба варзиши рақами 1 доранд, даста дар бозиҳои боқимондаи Лигаи олии Тоҷикистон нишондодҳои баландро соҳиб шуда, мавқеашро беҳтар гардонад. Вале аз назари инфиродии мо, бо он шукӯҳу шаҳомате, ки ин вилояти саноаташ пешрафтаи ҷумҳурӣ дорад ва рӯзмарра бо роҳбарии раиси муҳтарами вилоят, раиси Федератсияи футболи вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии вилоят тағйиротҳои назарраси мусбат ба амал меоянд, дастаи футболи “Хуҷанд” ҳам бояд дар саргаҳи ҷадвали мусобиқаҳо бошад. Албатта, агар сарвари вилоят инро МЕХОҲАД ва ҷонибдори сиёсати футболии сарвару давлату раҳбарияти ФФТ аст!

Ин ҷо дар бораи шуҷоату диловарии ҷавонмардони хуҷандӣ зиёд наменависам. Таърих гувоҳ аст, ки Хуҷанд аз қадим яке аз марказҳои бонуфузтарини фарҳангиву варзишии миллати Тоҷик буд, ҳаст ва хоҳад монд. Фақат аз дастандаркорони соҳаи футболи вилоят дархости онро дорем, ки муносибатро ба даста ва дар маҷмуъ ба ин навъи зебои варзиш тағйир кунанд ва ҳатман хисороти ба даста расонидаи Ҳоҷӣ Акбарро баррасӣ намоянд. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

 

Нуралӣ Хоркашев

Махсус барои ФутболvsСССР

Ҷумъа, Сен 23 2016

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Данғара майдонҳои хурди замонавии футболбозии сабзаашон сунъиро ифтитоҳ намуд. Сохтмони майдончаҳои мазкур моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз гардида, дирӯз 22 сентябр, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Майдончаҳои футболбозии бо сабзаи сунъӣ пӯшонидашуда ҷавобгӯи тамоми меъёрҳои замонавӣ буда, тамоми сол дар онҳо тамрину бозӣ кардан имкон дорад. 

Панҷшанбе, Сен 15 2016

Аз 19-уми сентябр то 20-уми октябри соли 2016 дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба «Футбол» барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Вазорати корҳои дохилии ҶТ эълон медорад, ки хоҳишмандони иштирок дар мусобиқа метавонанд дархостҳои худро то санаи 19-уми сентябри соли 2016 ба маъмурияти Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

СССР

 

 

саҳ 34 аз 43

Китобҳо

Flag Counter