ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Нояб 15 2019

Ҷоми футболи СССР-2019 дар шаҳри Кӯлоб сар аз 14 ноябр то 17 ноябри соли 2019 идома мекунад. Ёдовар мешавем, ки Кубоки футболи СССР аз с.2008 то кунун идома дошта, дар он футболистони навраси кишвар аз тамоми шаҳру ноҳияҳо шомиланд.

 

Матлаб такмил мешавад…

 

Чоршанбе, Нояб 13 2019

    Абдулмуъмин Ҳалимов, сарвари "Осоишгоҳи Зумрад" варзишгарони номӣ, ғолибони имсолаи мусобиқа оид ба бокси касбӣ-«РМК Боксинг Промоушен» Асрор Воҳидов ва Муҳаммадҷон Ёқубовро ба ҳузур пазируфта, аз ҷумла изҳор дошт, ки ҷомеаи меҳнатии «Осоишгоҳи "Зумрад" дар қатори дигар сокинони шаҳру деҳоти Исфара аз муваффақиятҳои пайвастаи онҳо сарбаланд ва ифтихорманд буда, минбаъд ҳам омодааст варзишгарони умедбахшро дар ҳаллу фасли ҳамагуна масъалаҳои вобаста ба таъминоти моддиву маънавӣ дастгирӣ намояд. Дар ин бора ба мухбири СССР дар маркази матбуоти раиси ш.Исфара хабар доданд.

    Маврид ба зикр аст, ки таърихи 2-юми ноябр Асрор Воҳидов, чемпиони сабуквазни ҷаҳон (дар вазни 48 кг)-и соли 2011 миёни наврасон, Устоди дараҷаи байналмилалӣ дар мусобиқа оид ба бокси касбӣ-«РМК Боксинг Промоушен», ки дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия баргузор гардид, намояндаи Федератсияи Россия Андрей Федортсовро шикаст дода, соҳиби унвони қаҳрамон дар вазни то 55, 2 кг. гардид. 

    Ифтихори дигари мардуми Исфарамарз варзишгари ҷавону умедбахш Муҳаммад Ёқубов бошад, бо варзишгари Мексика Абрахам Монтоя дар вазни то 59 кг. қувваозмоӣ намуда, унвони қаҳрамони худро дар бахши WBC International бори сеюм бо муваффақият ҳифз намуд.

    Лозим ба ёдоварист, ки вакили Маҷлиси вакилони халқи ш.Исфара, сарвари «Осоишгоҳи Зумрад» Абдумуъмин Ҳалимов мудом ҷавонони соҳиблаёқату боистеъдоди шаҳру деҳоти Исфараро чӣ дар таҳсил, чӣ дар мавриди азхудсозии касбу ҳунар ва чӣ дар варзиш ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Варзишгарони шаҳр, аз ҷумла Асрор Воҳидов ва Муҳаммадхӯҷа Ёқубов низ ҳамешагӣ аз чунин кӯмаку ғамхориҳои сарвари «Осоишгоҳи Зумрад» бархӯрдоранд.

 

Чоршанбе, Нояб 13 2019

Ман, ки алоқамандии бештар ба футбол дорам, инро менависам. Зеро ҳуқуқ дорам. Мо Метавонем!

Аввалтар аз ҳама ғалаба бар Аргентина барин тим...ин хобу хаёли хоми афродест, ки зери пафоси люмпен-пролетаризм мерақсанд. Прогматик бояд буд! Мардони бо футбол алоқаманд медонанд, ки ман дирӯз гуфтам, мо 1 гол мезанем! Ва задем!!! Вале чун 2 гол сар додем, бахт ба рӯямон нахандид. Зеро барои боз ҳам бадар шудан аз гуруҳ бояд Камерун Испанияро шикаст медод... Испания...батар аз Аргентина сахт ҳарифе буду Камерун низ "бачаи ҷайра" набуду нест. Ақаллан Самуэл Это-Оро мешносед? Мо дар гуруҳи марг қарор доштем ва бачаҳо хуб бозиданд. Офаринашон!

Акнун ба онҳое, ки Локомотив-Помири ин бачаҳоро механданд. Оё медонед, ки ҳамаи ин бачаҳо дар Лигаи 1 бозӣ мекунанд? Дар 16-солагӣ бо ҳарифони 25-30-сола!!! Ва дар раддаи аввал қарор доранду имсол насиб бошад ба Лигаи Олӣ мебароянд! Рақобат танҳо бо Равшани Кӯлоб барои ин бачаҳо дар Лигаи 1 медонед чӣ қадар мушкил буду ҳаст? Вале ҳисобро мусовӣ карданду Равшанро марҳум аз Лигаи Олӣ (қариб кардаанд!).

Ва маҳз ана ҳаминҳо устухонбандии дастае ҳастанд, ки ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт! Ва маҳз (ин нукта ИФТИХОРИ ману мост) ана ҳамин бачаҳо 2 бор Ҷоми СССР оид ба футболро гирифта буданд, бо сарварии Зайниддин Раҳимов!

Барои пешрафти футбол, гуфти бобои Ғуломи таърихӣ, зуқ-зуқ не, коре бикунед, агар метавонед, вале агар наметавонед, хомӯшиатон низ кор аст!

Тоҷикистон ба пеш! Мо Метавовнем!

С.Мизроб

 

Пули акаи Сафарро кӣ дуздид?

Муҳтарам, Сайф Достиев! Шояд шумо дарак дошта бошед, Сафар-муаллим даруни варзишгоҳи эҳтиётӣ, дохили 1 вагон, ки ҳамчун ҷои либосивазкунии бозингарон низ маҳсуб мешавад, зиндагӣ мекунад, дина шаб кадом нокасе ин вагонро ғорат карда, 1 миқдор пули бо арақи ҷабин ҷамъ намудаи акои Сафарро дуздидааст!

Дилшод Шарифов,

Мухлиси футбол

 

 

Гиряи ӯ ашки номус аст!

Гиряи ту ашки номус аст,

Беҳтар аз он аблаҳони хокбӯси

Пеши ҳар хору хасакҳо чун гадои пойбӯс.

Ашки ту оре, басо пайғоми номус аст,

Гиряҳоят бозгӯи нангу номус!

 

Сар зи хоки ғайр бардор!

Ин бародарҳои чашм бар ғолибият,

Дар Ватан, дар интизорат, аз ҳамон мардиву номус,

Сар ба афлок, ифтихор аз ту бидоранд, к-осмонбӯс аст.

 

Ғолибият бозу бозам интизори туст,

Ҷамъи ёрони ту дар меҳан, биёянду ба поят гул бирезанд!

Ору номус аст!

Оре, номус аст!

 

Вақти сарафрозиҳои ту бувад, дар пеш,

Бирав бар пеш!

Нанги кишвардории ту баски номус аст!

 

Тӯби футболат кунун бар ту мудаввом гарчи побӯс аст,

Пойбӯс, оре, бидон он бо муҳаббат боз побӯс аст!

Ашки ту, баски писарҷон, ашки номус аст!

Ҳуриннисо Ализода

 

 

Панҷшанбе, Окт 24 2019

    Варзишгари маъруфи кишвар Сомон Маҳмадбеков пас аз ғолибият дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар Марокаш довталаби асосии Ҷоизаи Президенти ҶТ дар ҳаҷми беш аз 50000 сомонӣ гардид. Бояд гуфт, ки Комиссияи ҷумҳуриявии Ҷоизаи Президенти ҶТ барои варзишгарон то охири сол натиҷаи Сомон Маҳмадбековро мавриди баррасӣ қарор дода, бо зиёд гардидани натиҷаи ин варзишгар то охири сол эҳтимоли зиёд гардидани маблағи ҷоизапулӣ дар назар дошта мешавад.

   Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, Сомон Маҳмадбеков аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳар моҳ дар ҳаҷми 300 доллари ШМА низ бархӯрдор мебошад.

   Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати ҷаҳон дар Марокаш паҳлавони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73 кг миёни ҷавонон аз рӯи варзиши дзюдо қаҳрамони ҷаҳон гардид. Дар ин мусобиқаи сатҳи баланди ҷаҳонӣ, ки 517 варзишгар аз 81 кишвари олам ширкат варзиданд, варзишгари шинохтаи кишвар ба ҳамаи рақибон пирӯз гардида, медали тиллои мусобиқаро ба даст овард.

Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал дар 1,27 сония варзишгари Кипр Семедо Скавдиниоро бо ғолибияти тоза (иппон), шикаст дода, дар даври дуюм Масабиров Асад варзишгар аз Ҷумҳурии Қирғизистонро дар 2,38 сония бо ғалабаи тоза низ шикаст дода ба даври сеюм роҳхат пайдо намуд. Дар даври сеюм Сомон бо Умаев Абдумалик аз Белгия рақобат намуда, дар 3,15 сония ба ин варзишгар ғолият соф ба даст овард. Дар даври ниманиҳоӣ Сомон бо варзигари австралиягӣ Гаснер Самуел дар 19 сония ғолибияти соф ба даст оварда, ба финали мусобиқа роҳхат пайдо намуд. Дар дидори ниҳоӣ Сомон бо варзишгари рус Елбакиев Георгий дар 3,42 сония ғолибияти тоза ба даст оварда, чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо дар вазни 73кг гардид.

 

 

Чоршанбе, Окт 16 2019

(Номаи доди 1 мухлис)

Боби 1. Истаравшан-Истиқлол

Давраи 11 ва 12-и чемпионати Лигаи Олии ҶТ ҷамъбаст шуд. Дар давраи 11-уми Чемпионат дастаи «Истаравшан» бо чемпиони чандкаратаи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» вохӯрд. Бозӣ тамошобобу диданӣ буд. Меҳмонҳо бозиро бо ҳисоби 1:0 бурд карданд. Аз маҳорати бозингарони ҳар 2 даста мухлисон қонеъ буданд. Зеро «Истиқлол» яке аз тимҳои барӯманду номдори Тоҷикистон ва ҳомии мо дар бозиҳои байналхалқист. Ҳама дастаи яккачинро мухлисӣ мекунем. Ин даста шарафи моро ҳимоя мекунад. Аммо мехоҳад, ё на, дар бозии ЛО ҳар шахс тими дӯстоштаи худро дорад. Гап сари ин, ки дар бозии байни ин 2 даста доварон 6 корти зардро танҳо ба бозингарони «Истаравшан» нишон доданд. Инро чӣ хел фаҳмидан мумкин?! Доварон бозингарони «Истиқлол»-ро танҳо шифоҳӣ меогоҳониданд. Ба хаёлам меҳмонҳо имтиёз доштанд. Магар ҳар 2 даста аз Тоҷикистон ва лагандбардории доварон бар зиёни пешравии бозии «Истиқлол» нест?

 

Боби 2. Истаравшан-Хатлон

Дар давраи 12-уми чемпионат «Истаравшан» тими овозадори «Хатлон»-ро қабул намуд. То бозӣ байни мухлисон миш-мишҳо буд, ки гӯё дар даври якуми дидор байни «Хатлон»-у «Истаравшан», дар 1 лаҳзаи бозӣ Шаҳром Исмоилов дарвозабони «Хатлон» нисбати бозингари «Истаравшан» беҳурматӣ зоҳир карда, бо мушт задааст. Ин лаҳзаро аз ТВ борҳо намоиш доданд. Ин ҷо бояд тан дод, ки дар қисми аввали бозӣ афзалият пурра ба тарафи меҳмонҳо буд. Дар қисми дуюм соҳибони майдон ба худ омада, ҳисобро 2:2 карданд. Аммо афсӯс, довари канорӣ голи дуюми истаравшаниҳоро ба инобат нагирифт. Гӯё сардори даста Илҳом Баротов дар ҳолати нобозӣ қарор дошт. Ин рафтори ноҷояи довари канорӣ мухлисонро ба шӯр овард. Дар ин лаҳзаи ҳассос довари асосӣ марказро нишон дод. Назди довари канорӣ мураббии «Хатлон» меистод. Бо фишори довари канорӣ байрақча бардошта шуд. Баъди ин довари асосӣ қарори аввали худро дигар кард. Он лаҳза гӯиё ба ҷароҳати мухлисон намак пошида бошанд, судяро гапҳои пасту баланд гуфтанд. 

 

Боби 3. Чаро Истаравшанро дӯст намедоранд?

Доварони бе виҷдон намеандешад, ки бо ин рафтори ноҷо 2 тимро бо ҳам зид мекунанд. Дар охир комиссия қарор бароварда, довари канориро аз 4 бозӣ дур кард. Довари асосӣ чӣ? Ҳисоби бозӣ чӣ? Зарари маънавии мухлисонро кӣ ҷуброн мекунад? Аз доварон инсоф металабем. Аз кормандони ҳафтаномаи СССР хоҳишу илтиҷо дорам, ки ҳамчун мухлиси 69-сола ин матлаби маро ба самъи доварон расонанд. Истаравшаниҳо ба ивази ягон чиз виҷдонро нафурӯхтаанд. Гузаштагони мо барои ҳимояи хоки Ватан то ҷон дар рамақ доштанд, ҷангидаанд.

Бо салом, Набӣ Ҷумъа,

адиб, ш.Истаравшан

Аз СССР: Мо матлаби мухлиси КФ «Истаравшан»-ро нашр кардем ва медонем, ки Истаравшан яке аз дастаҳои сермухлистарин ва дӯстдоштанӣ дар Лигаи Олист. Вале!!! Чаро шумо-мухлисони солдида ба бозингарону фанатҳои ҷавонатон панду насиҳат намедиҳед, ки футбол ҷои латукӯби футболбозони меҳмон нест? 3 бозингари Истаравшан-Баротов, Азизбоев, Азизов бо кадом ақлу фаросат бозингарони меҳмонро хобондаву лату кӯб мекунанду садҳо «мухлис» меҳмононро сангборон??? Магар ин аст одоби мухлисиву варзишкорӣ??? Хафа нашавед, ҳар ҳақиқат 2 паҳлӯ дорад. Ва баъди чунин бенизомӣ фикр доред, ки Истаравшанро дар тамоми Тоҷикистон бояд дӯст доранд? Ҷав корӣ-ҷав даравӣ… Мо Метавонем!

 

саҳ 4 аз 33

Китобҳо

Flag Counter