ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, Март 28 2017


Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ рӯзи гузашта дар 1 ҷаласаи вежаи худ ҷамъбасти мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ барои дарёфти ҷоми “Пойтахт - 2017”, ки санаи 23.03.2017 ҷорӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт доир гардида буд, махсусан рафтори берун аз одоби варзишгар Комроншоҳи Устопириён низ мавриди баррасӣ қарор додаст. Дар ин бора маркази матбуоти кумитаи номбурда хабар медиҳад.
Дар ҷараёни кори ҷаласа ҳамзамон, дар асоси Фармоиши раиси Кумита гурӯҳи корӣ ҷиҳати таҳлили мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ барои дарёфти “Ҷоми пойтахт” аз ҳисоби доварон, мутахассисон, роҳбарони федератсияҳои гуштини миллӣ, дзюдо ва самбо таҳти роҳбарии муовини раиси Кумита Дилшод Назаров таъсис дода шуд. Гуруҳи корӣ дар муҳлати кутоҳтарин хулосаи қонунии хешро мутобиқ ба талаботҳои санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, дар ин ҷараён ҳамзамон, низомномаи одоби варзишгар таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳайати мушовараи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ пешниҳод хоҳад кард.

СССР

Душанбе, Фев 20 2017

 Рӯзи 19.02.2017 дар варзишгоҳи “Саппоро - Доум” – и Ҷопон маросими расмии ифтитоҳи VIII – умин Бозиҳои зимистонаи осиёӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур  Аҳмад ал - Фаҳд ал - Сабоҳ Президенти Кумитаи олимпии Осиё, Нарухито шоҳзодаи валиаҳди  Ҷопон, роҳбарияти ҳайатҳои дастаҳо, варзишгарон, намояндагони ВАО ва дигарон иштирок намуданд. 

Ҳайати дастаи Тоҷикистон иборат аз  Соҳибназари Турсунмурод, Баракатулло Зокиров, Сайфиддини Низомиддин ва Баҳриддин Ғоибов аз намудҳои лижаронии куҳӣ дар ин бозиҳо иштирок менамоянд. Варзишгарони тоҷик таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон имкони иштирок дар ин мусобиқаи бонуфузро пайдо намуданд.

Дар Бозиҳои VIII – умин зимистонаи осиёӣ ҳудуди 2000 нафар варзишгарону мураббиён ва шахсони расмӣ аз 32 дастаҳои мунтахаби кишварҳои қораи Осиё иштирок менамоянд. Ин шумора  дар Бозиҳои VII зимистонаи Осиё дар шаҳри Алматии Қазоқистон ба 843 варзишгар ва 26 дастаро ташкил медод.

Шасту чор мусобиқа аз рӯи 11 намуди варзиш аз ҷумла биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, пойгаи лижаронӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, сноуборд, рақси рӯи ях, фристайл, хоккей бо шайба, шорт-трек дар шаҳрҳои Саппоро ва Обиҳиро баргузор хоҳанд шуд. Бояд зикр намуд, ки маротибаи сеюм аст, ки шаҳри Саппоро мизбони Бозиҳои зимистонаи Осиё мешавад. Солҳои 1986, 1972 ва 1990 низ дар ин шаҳр баргузор гашта буд.

Боиси зикр аст, ки баробари фаъол гардидани кори Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон дубора эҳё гардида, аллакай дар баргузории мусобиқаҳои ноҳиявӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ аз рӯи намудҳои варзиши зимистона саҳм гузошта истодааст. Дар ин муддати кутоҳ Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши дар ҳамкори бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи миллии олимпии кишвар чандин ҷамомадҳои машқӣ, таълимӣ ва варзишӣ барои рушду инкишофи намудҳои зимистонаи варзишӣ дар Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» баргузор намудааст.

Бояд қайд кард, ки дар соли 2016  Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои зимистонаи варзиши аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон аз нав сохта шуда, бо лавозимоти таълимӣ ва синфхонаҳои интерактивии тамринӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

 

СССР

 

Ҷумъа, Янв 27 2017

Шояд бисёриҳо аз ҳаёти беруназфутболии кумирҳои худ огаҳӣ надоранд. Албатта, ҳаёти пуштипардагии ҳар 1 ситора асрори худро дорад ва ман ҳамчун донандаи ин роз ба касе тавсия намедиҳам, ки ба хилватгоҳи кумирҳои худ назар афканад. Зеро дар бештари маврид ин ба дилсардӣ меорад... Вале Мо Метавонем!

Месси ва футбол

Тобонтарин ситораи футболи асри 21, форварди “Барселона”-Леонел Месси аслан дар зиндагӣ ягон машғулияти хосае надорад. Гоҳо ТВ ва сипас бозии кӯдаконаи футболи “playstation” шуғлаш аст. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки Месси дар ин бозӣ низ хело беҳамтост. Рафиқонаш гоҳо шӯхиомез ба ӯ тавсия медиҳанд, ки дар компютер бо “Реал” ва Роналдо бозӣ кунад...

Роналдои 40-ҳунара 

Боварнокарданист, лек Роналдо дар қатори футболбози моҳир будан, дизайнери хуб низ ҳаст. Ӯ дизайни либоси варзишии СR7-ро худаш тарҳрезӣ кардааст, ки имрӯз таҳти ин бренд дар Португалия либос, попӯшҳои варзишӣ, шими ҷинс, ҷузвдон ва дигар аксессуарҳо истеҳсол мешаванд. Ҳамчунин фориғ аз футбол ба кино меравад, завқи сурудхонӣ дорад ва ин машғулиятро мунтазам иҷро мекунад. Аммо аз ҳама хоббии дӯстдоштаи ӯ коллексияи мошинҳои қиматбаҳост. Роналдо ҳама гуна мошини ҳозиразамонро дар гаражи худ ҷамъ меорад. Роналдо боз 1 ҳунари пинҳонӣ низ дорад: қиморбози хуби “Поккер” аст...

Пирлои пивофурӯш

Андреа Пирло-собиқ бозингари “Ювентус” ва бозингари феълии “Ню-Йорк-Сити” фориғ аз футбол ба пухтани пиво машғул мешавад. Бале, бале, ҳамин пивои ҳақиқӣ. Гап сари ин ки дар хурдӣ оилаи Пирло боғи ангур дошта, ба истеҳсоли пиво машғул буданд ва Пирло мегӯяд “аз хурдӣ ба хӯрдан ва омода кардани пиво балад будам ва имрӯз ин ба машғулияти ман табдил ёфта аст”. Пирло на танҳо барои наздикону пайвандони худ пивои хушсифат омода месозад, балки маҳсулоти худро тавассути интернет савдо низ мекунад.

Оуэни аспбоз

Собиқ бозингари “Манчестер Юнайтед”-Майкл Оуэн аспро дӯст медорад. Ишқи асп ӯро маҷбур кард, ки 64 га заминро барои бунёди фермаи асппарварӣ бихарад. Дар мусобиқаи “King Georg V Stakes” соли 2011 аспи парвардаи ӯ ҷои аввалро гирифт ва бояд гуфт, ки болои ин асп писари ӯ менишаст. Оуэн мегӯяд “магар хушбахтӣ аз ин зиёд мешвад, вақте дар аспи парваришкардаи ту писарат дар чунин 1 мусобиқаи бузург ғолиб ояд?!” Шояд дар фаҳмиши бархеи мо на, аммо барои чунин 1 ашрофзодаи англис ин хело шарафи бузург аст.

Алмунияи афсонагӯ

Дарвозабони дастаи “Уотфорд”-и Англия Мануэл Алмуния нависанда аст. Ӯ баъди тамринҳо барои бачаҳо афсона эҷод мекунад ва бояд гуфт, ки афсонаҳои ӯро на танҳо атфоли худӣ, балки фарзандони ҳамдастаҳояш низ хонда шавқ бурдаанд. Хоббии дигари Алмуния тамошо ва хондани ҳама гуна кино ва китоб дар бораи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон аст. Ин шавқ дар дили ӯ баъди тамошои филми “Наҷоти сарбоз Райан” пайдо шудааст. Дар ҳама шаҳрҳое, ки “Уотфорд” барои бозӣ меравад, Мануэл кушиш мекунад аз осорхонаи ҳарбии ин шаҳр дидан кунад. Хело хуб мебуд, агар “Уотфорд” бо “Спартак” ва ё “Зенит” дар Лигаи чемпионҳо бозӣ мекард ва ҳангоми ташриф ба Маскав ва ё Сакт-Петербург мурданак бо таърихи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ошно мешуд. Ва ё ба русҳо чӣ монда, ки ин дарвозабони моҳирро ба Россия даъват кунанд, ақалан барои тамошо?!

Аггер “тату” мезанад

Солҳои охир дар олами футбол насб ё кашидани “татуировка” ба муд даромад ва тобонтарин футболбозони олам бадани худро пур аз тату карданд. Имрӯз кам футболбозоне ҳастанд, ки дар ягон ҷои бадани худ тату надошта бошанд. Яке онро ба хотири даста, дигарӣ ба хотири ишқи аввал ва савумӣ барои зану фарзандони худ мекашад. Вале танҳо Даниэл Аггер бозингари дастаи “Брондбю” худаш тату мекашад! Бояд гуфт анқариб ҳамаи бадани ӯ пур аз тату бо расму рақам ва санду гуфтаҳои алоҳида аст, ки худаш кашидааст. Зиёда аз ин, Аггер барои дӯстон ва ҳамдастаҳои худ низ тату мезанад ва онҳое, ки инро дар ҳақиқат дар пӯсти худ эҳсос карданд, аз маҳорати олии ӯ васф мекунанд.

Суҳробшоҳи Фарухшоҳ

махсус барои СССР

 

Ҷумъа, Дек 30 2016

Шоми шанбеи ҳафтаи гузашта, дар маҷмааи фарҳангиву фароғатии “Кохи Наврӯз” маросими ботантанаи таҷлили ҷашни 80 солагии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ҷамъбасти натиҷаҳои мавсими футболи имсола доир гардид. Дар ин чорабинии бошукӯҳ меҳмонони зиёд - намояндагони дипломатии кишварҳои гуногун ва ташкилотҳои байналмилалии дар Тоҷикистон мустақаршуда, собиқадорон, мураббиён, бозигарон, рӯзноманигорон, масъулони футболи ватанӣ  ва бисёр дигарон иштирок доштанд.

Чоршанбе, Дек 07 2016

Дар даври 6-и Лигаи Чемпионҳо, бозингарони Барселона бар ҳамдигарӣ қариб 1000 партоб дода, рекорди худашонро, ки соли 2003 гузошта шуда буд, заданд. Дар ин бозӣ, ки ин шаб бо Боруссияи Менгладбах баргузор шуд (аз Боруссияи Дортмунд фарқ гузоред!), барсаҳо 993 пас дода, 4 голи бе посух ба дарвозаи немисҳо задаву 68% вақти бозиро бар нафъи худ гузоштанд. Қаҳрамони бозчун ҳарвақта... на Мессии номӣ, ки ҳазрати Андрес Инйеста-бузургтарин распассовшики ҳама давру замонҳо дониста шуд. Барса зимнан аз ҷои аввал ва Ман Ситии Англия аз ҷои 2-ум ба плей-офф роҳхат гирифтанд.

Вале рекорди голҳоро хохолҳо дар Киев гузоштанд, ки Динамо ба дарвозаи Бешиктош 6 голи бе ҷавоб зад.

Ростови Лаби Дони Қурбон Бердиев бошад дар Голландия бо ПСВ Эйндховен мусовӣ 0:0 бозида, бо 5 хол роҳхати Лигаи Аврупоро ба даст гирифт.

Зимнан Барса, Мансити, Атлетико, Бавария, Арсенал, ПСЖ, Наполи ва Бенфика ба плей-офф роҳ ёфтанд.

Шоми ин рӯз бозиҳои даврии навбатии ЛЧ дар миёни 4 гурӯҳи дигар шуруъ мешаванд.

 

 

 

Ҷумъа, Дек 02 2016

Чаро 40-солагии «Хуҷанд» таҷлил нашуд?

Таърихи бошгоҳи футболи соҳили Сирдарёи Тоҷикро варақгардон мекунему маълумамон мешавад, ки «Хуҷанд» имсол ба сини мубораки пайғомбарии 63 расид. Ин рақам барои ҳар яки мову шумо, ки дар дини мубини Ислом ҳастем хеле муқаддасу табаррук аст! Сабабашро шарҳ намедиҳем. Ақли солим онро худаш дарк мекунад. Фақат аз таърихномаи «Хуҷанд» чанд сатреро пешкаши шумо азизон мегардонему халос:

 Хуҷанд (бошгоҳи футбол)

Соли 1953 ташкил шудаст.

Варзишгоҳи хонагии даста – (Варзишгоҳи 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон)

Ғунҷоишаш - 20 ҳазор ҷои нишаст дорад

Дар Лигаи олии Тоҷикистон баромад мекунад 

Хуҷанд-Падари футболи Тоҷик аст!!!

Ба ин тартиб, бори дигар боварӣ ҳосил мекунӣ, ки футболи Тоҷикро сарчашмааш ҳамин бошгоҳи футболи соҳили Сирдарёст. Дар давлатҳои футболашон пешрафтаи дунё ба клубҳое, ки ифодакунандаи таърихи футболи миллӣ ҳастанд, муносибати вежа доранд. Онҳоро ҳамагӣ арҷгузорӣ мекунанд. Маъмулист, ки мухлисонашон низ дар нисбати дигар клубҳо бештар ҳастанд. Зеро давраи фаъолияташон тӯлонитар аст. «Хуҷанд»-и имрӯзаи мо низ таърихи бештар дорад. Даста соли  1953 бо номи «Горняк» созмон ёфта, соли 1955 - «Металлург», соли 1958 - «Помир» ва соли 1976 номи «ХУҶАНД»-ро гирифт. Ҳамин тавр, аз 23 соли горнякиву металлургиву помирии «Хуҷанд» сарфи назар карда, ҳанӯз аз оғози мавсими имсолаи футбол, газетаи мардумии мо дар матлабҳои вежаи худ аз роҳбарияти «Хуҷанд» ва масъулини футболи вилояти Суғд дархост намуд, ки дар соли таҷлили 25 солагии Истиқлолияти Тоҷикистони азиз,  ҷашни 40 солагии бошгоҳи футболи «Хуҷанд»-ро низ таҷлил кунанд. Ҳадди ақал ба хотири мухлисони даста. Аммо, сад афсӯс, ки матлабҳои хусусияти ватандӯстиву ватанхоҳӣ доштаи мо барои  дастандаркорони футболи  вилояти пешрафтаи Суғд дар ях навиштаву дар офтоб гузошта шуданд. 

Раису ҳоҷие, ки Хуҷандро шикастанд

Гузашта аз ин, масъулону дастандаркорони футболи вилоят кореро ки дар соли 40 солагии «Хуҷанд» нисбати даста анҷом карданд, дар 63 соли фаъолияти горнякиву металлургиву помириву хуҷандии «Хуҷанд» касе нисбати ин бошгоҳи футболи миллӣ накарда буд. Ҳамту гирифтанду барҳамаш заданд. Сармураббиву мураббии калон ва чанд бозигари калидии дастаро, ки зодагони дигар манотиқи ҷумҳурӣ буданд «легионер» ном карда, аз «Хуҷанд» ронданд. Маълумотҳо ҷо доранд, ки дар саргаҳи ин идеяи легионеркунии мураббиёну футболбозони зодаи дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон масъули молияи Ҳукумати вилоят Анвар Яъқубӣ ва директории онвақтаи клуб Ҳочӣ Акбар меистоданд. Инҷониб, шахсан бар он назар ҳастам, ки ҳам раиси Яъқубиву ҳам Ҳоҷии директори собиқи «Хуҷанд» аз футбол бӯе намебурданд. Агар заррае аз футбол бохабар мешуданд ва ҳам нисбати «Хуҷанд» ва мухлисонаш эҳтиром медоштанд, дастаро ба ин ҳоле, ки имрӯз дорад, гирифтор намекарданд. «Хуҷанд» дар соли ҷашни (63) 40 солагии худ аз аутсайдерҳои чемпионати имсолаи Тоҷикистон шуд. 

 Дастовардҳои «Хуҷанд»

«Хуҷанд» аз замони таъсисёбияш (1953) дар лигаи дуюми чемпионати СССР баромад кардаст. Дар ин мусобиқа натиҷаҳои калонро ба даст наоварда бошад ҳам, аммо вазифаи асосии худро, ки тайёр кардани бозигарони болаёқат барои дастаи асосии ҷумҳурӣ «Помир»-и Душанбе буд, иҷро мекард. Дар ин давра дастпарварони мактаби футболи «Хуҷанд» дар ҳайати тими миллӣ, дастаҳои наврасону ҷавонон ва бошгоҳҳои футболи ватанӣ шарафи футболи миллиро дар арсаи байналмилалӣ ҳимоя намуда, имрӯз низ идома дода истодаанд.  Дар мусобиқаи дар боло зикршуда «Хуҷанд» солҳои 1983 ва 1986 мақоми 8-ум, соли 1990 дар байни 20 даста мақоми 6-ум ва соли 1991 дар байни 26 даста ҷои сеюмро ишғол кардаст. Бо барҳамрезии СССР сар аз соли 1992 «Хуҷанд» дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баромад мекунад. 

Хуҷанд дар Лигаи Олии ҶТ

Дар чемпионати Тоҷикистон «Хуҷанд» чор маротиба – солҳои 1998, 2002, 2003, 2015 барандаи медалҳои нуқра, панҷ маротиба – солҳои 1996, 1997, 2000, 2008, 2009 барандаи медалҳои биринҷӣ шудааст, се маротиба – солҳои 1998, 2002, 2008 Ҷоми Тоҷикистонро соҳӣб шуда, ду маротиба – солҳои 1997, 2010 ба бозии финали Ҷоми миллӣ роҳ ёфтаст. Имсол бошад, дар соли ҷашнии (63) 40 солагии худ ва дар соли таҷлили муқаддастарин Иди миллӣ -  25 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дастаи номдори соҳили Сирдарё дар байни 10 даста мақоми ҳафтумро ишғол намуд. Дар ҳаждаҳ бозӣ 25 имтиёзро соҳиб шуд. Худатон қиёс кунед! Охир, барои дастае, ки дар чемпионати миллӣ яке аз пешрафтатарин вилоятҳои саноатии кишварро муаррифӣ мекунад, ҷои ҳафтум муносиб аст?! Неъ, неъ ва боз ҳам неъ!!! Нагӯед, ки дигар бошгоҳҳои футболи ватанӣ қавӣ шуданд. Айб дар он аст, ки коргузории дохилии «Хуҷанд» бо айби ду се нафар футболбехабар, ки болотар номбарашон кардем, заиф гашт. Фаромӯш насозед, ки теша бар решаи «Хуҷанд» задани шумо, табарзин бар решаи футболи миллӣ задан аст. Табарзинеро, ки Темурмалики шуҷои хуҷандӣ бо он занҷиру садди муғулҳои истилогарро пора мекард, чанд нафари ноогоҳ бар решаи футболи ин шаҳри бостонии Тоҷикистон задан доранд.

 Наҷоти «Хуҷанд» аз нигоҳи ФутболvsCCCР

Бо он ҳама эҳтироме, ки ба ҳайати роҳбарикунанда, ситоди мураббиён ва бозигарони имрӯзаи дастаи «Хуҷанд» дорем, боз ҳам бар он боварем, ки онҳо аз уҳдаи наҷот додану комил кардани даста на-ме-ба-ро-янд. Пас бояд коре кард, ки шарафу шаҳомати қаблӣ ба «Хуҷанд» баргардад. Газетаи мо дар ин мавзуъ  версияи худро дорад, ки онро бо камоли сипосгузорӣ барои санҷишу баррасӣ пешкаши дастандаркорони футболи вилояти Суғд мегардонем. Агар ба футболи вилоят эҳтирому муҳаббат дошта бошанд, версияи моро дуруст таҳил месозанд ва  натиҷаашро Худо хоҳад, соли оянда мебинанд:

1. Нуъмон Юсупови сармураббӣ ва ёвари ӯ Қаноат Латиповро ба «Хуҷанд» баргардонед. Нуъмон дар «Хуҷанд» «наметавонистагӣ» имсол «Истиқлол»-ро ба унвони чемпионӣ расонд. Дигар қазоват аз худи Шумост. 

2. Ба онҳо имкон диҳед, ки ҳадди ақал панҷ нафар бозигарро аз дигар манотиқи ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар ба ҳайати «Хуҷанд» шомил гардонанд. Дар футболи муосир бе ин намешавад. Агар мешуд, клубҳои пешрафтаи дунё миллион-миллион доллару евро дода Мессиву Роналдову Погбаю Суаресс намехариданд.

3. Ҷавони хеле ҳам бонангу номуси хуҷандӣ - Рустами  Раҳматуллоро директори иҷроияи бошгоҳи футболи «Хуҷанд» таъин кунед. Ӯро шахсан намешиносем, аммо медонем, ки менеҷменти футболи муосирро хеле хуб медонад. Андешаҳои ватанпарастиву меҳаншиносӣ дорад. Футболро дӯст медорад. Қобилияти баланди ташкилотчигӣ дорад. Бо мухлисон кор карда метавонад. Бо роҳандозӣ намудани менеҷменти муосири футбол роҳи ба даста ҷалб намудани сарпарастонро медонад. Дар маҷмуъ, тавони аз бӯҳрон раҳонидани «Хуҷанд»-ро дорад. 

Раиси вилоят-раиси ФФ низ ҳас...

Дар бораи маблағгузориву сарпарастии «Хуҷанд» бошад, чизе намегӯем. Зеро хуб огоҳем, ки Раиси муҳтарами вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, ки ҳамзамон Раиси Федератсияи футболи вилоят ҳастанд, «Хуҷанд»-ро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.   Фақат маблағҳои ҷудошударо мақсадноку сарфакорона истифода бояд кард!!!

Ба ин тартиб, ФутболvsСССР, ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбияш ҳамеша дар паи беҳдошти футболи ватанӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд, роҳи эҳё ва наҷоти футболро дар “Хуҷанд” аз назари худ баён сохт. Биёед масъулини футболи Суғд ин пешниҳоди моро хуб таҳлил кунед ва агар қобили қабулатон бошад, онро амалӣ созед. Натиҷаашро соли оянда ҳатман мебинед!!! Боқӣ муваффақ бошед!!! Мо Метавонем!

 

Нуралӣ Хоркашев

махсус барои ФутболvsСССР  

 

саҳ 32 аз 43

Китобҳо

Flag Counter