ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Дек 25 2019

     24.12.2019 дар ш.Душанбе маросими ҷоизасупории Кумтитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ бо ширкати муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим, Раиси Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ баргузор гашта, дар он ба 42 нафар варзишгарони беҳтарини сол Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид. 

   Тавре маркази матбуоти Кумитаи мазкур хабар медиҳад, Ҷоизаи мазкур аз ҷумла ба Дилшод Назаров дар варзиши сабук  барои ҷои якум дар чемпионати Осиё (Қатар) ба маблағи  75 ҳазор  сомонӣ, Баҳодур Усмонов дар бокс барои ҷои якум дар  чемпионати Осиё (Бангкок, Тайланд) ба маблағи  75 ҳазор  сомонӣ, Темур Раҳимов дар гӯштини дзюдо  барои ҷойи дуюм дар чемпионати Осиё (Фуҷайра, АМА) ба маблағи  50 000 сомонӣ, Комроншоҳи Устопириён  дар  гӯштини дзюдо барои ҷойи дуюм дар чемпионати Осиё (Фуҷайра, АМА) ба маблағи  50 000 сомонӣ, Сомон Маҳмадбеков дар гӯштини дзюдо барои ҷойи якум дар чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон (ш.Марокаш) бо маблағи 50 000 сомонӣ, Ғаниҷон  Ғаниев, дзюдо, барои ҷойи якум дар Чемпионати Осиё байни наврасон (ш.Тайпейи Чин) бо маблағи 18  750 сомонӣ, Шаҳриёр Даминов дар қаиқронӣ барои ҷойи дуюм дар чемпионати Осиё  дар масофаи  3600 м (Хуанджоу,Чин), бо маблағи 50 000 сомонӣ ва Шаҳриёр Даминов дар қаиқронӣ барои ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё  дар масофаи  25,90 км (Хуанджоу Чин) бо маблағи 25 000 сомонӣ тақдим гардид. 

   Гуфта мешавад, ки дар маҷмӯъ, маблағи ҷоиза 911 250 сомониро ташкил медиҳад.

 

 

Чоршанбе, Дек 18 2019

Ӯ 7 сол муқаддам зуҳур кард. Замоне, ки ҳамагӣ 13 сол дошт. Он ҳам дар намуди варзиши панкратион (аз юнонӣ – қудрат, қувват) – ҳарби тан ба тани олимпии қадим мебошад.  Яке аз дастовардҳои аввалини варзишгари наврас дар чемпионати Осиё, 23 – 28 июли соли 2012 буд, ки дар он Беҳрӯз Ҳалимов бо медали биринҷӣ сарфароз гардид. Ҳамон сол дар яке аз мусобиқаҳои бонуфузи ин намуди варзиш дар шаҳри Москва, 29. 09.2012 мақоми чаҳорумро касб кард.

Солҳои баъдӣ, бахусус 2016, 2017, 2018 барои варзишгари ҷавон бобарор омад. Дар зарфи ин солҳо вай дар мусобиқаҳои ҷумҳурӣ,  Россия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар панкратион (фила), грепплинг ва самбои муҳорибавӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро соҳиб гашт.

Имрӯз Беҳрӯз Ҳалимови 20-соларо хориҷ аз кишвар ҳамчун варзишгари қавииродаву неруманд мешиносанду эҳтиром мегузоранд. Алҳол ин ҷавони зӯрманд таҳти роҳбарии мураббиёни хеш дарси маҳорат меандӯзад ва дар мусобиқоти гуногунсатҳ шарафи Тоҷикистонро ҳимоя менамояд.

Беҳрӯз Ҳалимов аллакай унвони баланди «Устоди варзиш оид ба самбои муҳорибавӣ» - ро ноил гаштаву дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов таҳсил менамояд. Вай бахусус аз ғамхориву сарпарастии ректори донишкада, устоди ғамхору сахтгири хеш Шодӣ Сафаров сипосгузор аст.

- Хоҳони онам, ки Тоҷикистони азиз ҳамеша осудаву шукуфон бошад. Ҳамчун варзишгар ва фарзанди ин сарзамин мекӯшам то барои ҳифзу осоиштагии ҳамватанон саҳми хешро гузошта бошам, - мегӯяд таҳамтани ҷавон Беҳрӯз Ҳалимов.

 

РУҶӮЪ ё худ роҳи чемпион

1. Соли 2016 (25 – 26 ноябр). Чемпионати Осиё оид ба грепплинг. Дар вазни то 57 кг, ҷойи 7 – ум.

2. Соли 2016 (17 – 18 декабр). Мусобиқаи кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба панкратион (фила), дар вазни 63 кг, ҷойи 1 – ум.

3. Соли 2017 (8 апрел), олимпиадаи маҳорати ҷангии Федератсияи самбои муҳорибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар вазни то 57 кг, ҷойи 1 – ум.

4. Соли 2018 (30 декабр). Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба самбои ҷумҳуриявӣ. Дар вазни 68 кг, ҷойи 1 – ум.

5. Соли 2019 (30 август). Мусобиқа оид ба «Кулатуу Эртаймаш» байни варзишгарони касбӣ дар ҷумҳурии Қирғизистон, шаҳри Боткент. Дар вазни 66 кг ҷойи 2

6. Соли 2019 (21 – 22 сентябр). Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба панкратион бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон. Дар вазни 74 кг, ҷойи 1 – ум.

***

Аммо ин ҳама тамрин ва зӯрозмоиҳо осон, бе латхӯрӣ намешавад. Беҳрӯз моҳи октябри соли 2019 ҳангоми тамрин аз по лат хӯрда, чанде табобат гирифт. Ҳини дидори навбатӣ (6. 12. 2019) ба назар хӯрд, ки ҷоғаш беҷо гаштаву дандонҳои зӯрманд симпеч аст…

Умед мебандем, ки варзишгари матинирода, Беҳрӯз Ҳалимов, донишҷӯи факултаи сайёҳии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, ки дар 3 намуди варзиши зӯрмандӣ: панкратион, грепплинг ва самбои муҳорибавӣ зӯрозмоӣ мекунад, ба қуллаҳои баланди варзишӣ мерасад.

 

Умари ШЕРХОН 

09. 12. 2019. Соати 14:15 дақиқа

   

 

Панҷшанбе, Дек 05 2019

Дар доираи сафари расмии худ ба Тошканд, раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба варзишгоҳи “Миллӣ”, ки клуби футболи "Бунёдкор" ва тими миллии Ӯзбекистон бозиҳои хонагии худро дар он ҷо мегузаронанд, ташриф овард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Тошканд, ҳайати намояндагии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Рустам Эмомалӣ бо шароити мусоид, ки барои футболбозон ва тамошобинон фароҳам оварда шудааст, шинос шуд. Рустами Эмомалӣ, инчунин дар осорхонаи варзишгоҳи “Миллӣ” бо аксҳои футболбози тоҷик ва собиқадори дастаи «Пахтакор» Нуриддин Амриев, ошноӣ пайдо намуд.

Ҳангоми боздид аз варзишгоҳ Рустами Эмомалӣ бо ноиби аввали президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон, довари маъруф Равшан Ирматов вохӯрии корӣ доир намуд. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, ки аз моҳи апрели соли 2019 роҳбари Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ аст, изҳори умедворӣ кард, ки рушди минбаъдаи футбол дар минтақаи мо ва ташкили мусобиқаҳои мухталиф байни дастаҳои футболи кишварҳои Осиёи Марказӣ идома ёбад.

Ноиби аввали президенти AFU Равшан Ирматов, ки бозиҳои се қаҳрамонии охирини ҷаҳонро хизматрасонӣ кардаст, ба президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ футболкаи тими миллии Ӯзбекистонро бо рақами 7 тӯҳфа намуд. Хотиррас мешавем, ки худи Рустам таҳти №8 замоне дар футболи касбӣ бозӣ мекард.

 Мо Метавонем!

 

 Мо Метавонем!

 

Чоршанбе, Дек 04 2019

   Шералишо Кабиров, раҳбари Федератсияи навтаъсиси триатлон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Бояд гуфт, ки Федератсияи триатлон ташкилоти нави варзишӣ дар кишвар буда, Шералишо Кабиров рӯзи 28.11.2019 зимни баргузории ҷаласаи нахустини интихоботӣ раиси он пазируфта шуд. Дар ин бора маркази матбуоти Кумитаи Миллии Олимпии кишвар хабар медиҳад.

    Триатлон (сеҳарба) намуди варзиш буда, 3 сабқати варзиширо муттаҳид мекунад: шиноварӣ, велосипедронӣ, дав. Ҳамчунин, моделҳои дигари триатлон мавҷуд аст, вале дар ҳоли ҳозир аз ҳама маъмул, ки ба Бозиҳои олимпӣ ворид гардидааст, шиноварӣ-велосипедронӣ-дав мебошад. Мусобиқот дар масофаҳои гуногун баргузор мешаванд. Масофаи стандартӣ ё олимпӣ аз 1500 метр- шиноварӣ, 40 километр-велосипедронӣ ва 10 километр-дав дар шоҳроҳ иборат аст.

 

Душанбе, Нояб 18 2019

Илёсиддин Тешаеви 17 сола, ки дар мусобиқот оид ба дарёфти Ҷоми Россия аз рӯи намуди панкратион рӯзҳои 27-30 сентябри соли равон ба дарёфти мақоми авввал шарафёб ва ба ҳайати дастаи мунтахаби Россия шомил гардида буд, дар Чемпионати ҷаҳон аз рӯи намуди панкратион, ки рӯзҳои 15-17 ноябр дар ш.Рим (Италия) сурат гирифт, пирӯзӣ ба даст овард.

  Ӯ 10 майи соли 2002 дар деҳаи Ворухи ш.Исфара таваллуд ёфта, аз соли 2015 инҷониб дар ш.Липетски Федератсияи Россия якҷо бо аҳли оилааш зиндагӣ дорад, хонандаи синфи 11-и мактаби миёнаи №38-и ш.Липетск мебошад.

Шавқу ҳаваси Илёсиддин ба варзиш ҳанӯз ҳангоми кӯдакияш зуҳур карда, аз синни 7 то 13 солагиаш дар толори варзишии ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ»-и ш.Исфара асрори гуштини тарзи озодро омӯхта буд. Аз соли 2015 инҷониб дар Маҷмааи варзишии «Динамо», дар мактаби варзишии ҳунарҳои размии   Воротинтсев Игор Николаевич аз рӯйи намудҳои муҳорибаи тан ба тан, панкратион машқу тамрин мекунад.

  Маҳз бо шарофати азму иродаи қавӣ ва тамринҳои доимӣ дар 1 муддати кӯтоҳ тавонист, ки маҳорати варзишии худро таҳти назари устодони варзиш, Чемпиони Россия оид ба карате Алихон Умаров  ва мураббии худ Игор Воротинтсев такмил бахшад ва байни варзишгарони муваффақи вилояти Липетск мақоми худро пайдо намояд.

  Моҳи январи соли 2016 дар мусобиқоти муҳорибаи тан ба тан дар ш.Липетск  баъди пирузии севвум дасти ӯ шикаст ва Илёсиддин бо дасти шикаста дар финал ҳарифашро мағлуб кардаву пирӯзӣ ба даст овард ва дар 1 вақт соҳиби медали тилло ва ҳам Ҷоизаи махсус «Барои ҷасорат» гардид.

Моҳи  феврали соли 2016 Қаҳрамони мусобиқоти муҳорибаи тан ба тани Ҳавзаи Федеролии Марказӣ гардида, ибтидои моҳи марти ин сол Қаҳрамони вазни 40 кг-и вилояти Липетск оид ба панкратион ва 17- 20 марти соли 2016 Қаҳрамони Ҳавзаи Марказии Федеролии Русия аз рӯйи ин намуди варзиш байни наврасон шуда буд. Моҳи январи соли 2017 Илёсиддин Тешаев Қаҳрамони вазни 46 кг- и варзиши тан ба тани наврасони то 15 солаи вилояти Воронежи Русия шуд.

Моҳи марти соли 2017 низ ӯ ба дарёфти мақоми Қаҳрамони Ҳавзаи Марказии Федеролии Русия оид ба панкратион ва додари ӯ Диловар Тешаев ба гирифтани ҷойи дуввум ноил гардиданд. Моҳи феврали соли 2018 ӯ дар мусобиқаи панкратиёни наврасони вилояти Липетск 3 ҳарифи худро дар 1 муддати кӯтоҳ ва бо усули дард додани даст шикаст дода, ҷои аввалро гирифт ва дар мусобиқоти варзишӣ дар вилояти Тамбов низ пирӯз гардид.

  Илёсиддин Тешаеви  ахиран моҳи сентябри соли равон дар мусобиқот оид ба дарёфти Ҷоми Россия аз рӯи намуди панкратион ба дарёфти мақоми авввал шарафёб ва ба ҳайати дастаи мунтахаби Россия шомил гардида, дар Чемпионати ҷаҳон аз рӯи намуди панкратион, ки давоми рӯзҳои 15-17 ноябр дар ш.Рим (Италия) сурат мегирад, ба  пирӯзӣ расид.

 /

Ҷ.Мақсуд

 

 

саҳ 2 аз 32

Китобҳо

Flag Counter