ХАБАРИ ДОҒ

ФФТ дар Конибодом майдон сохт

  • Чоршанбе, Июн 08 2016

Дар Боғи марказиии маданиву истироҳатии шаҳри Конибодом, рӯзи якшанбеи 3 июн аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ду майдончаи футболбозии сабзаашон сунъӣ сохта ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи майдончаҳо раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ ва ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев баромад карданд. Бояд қайд кард, ки  Ғайбулло Боҳирӣ ҳамзамон вазифаи раиси Федератсияи футболи шаҳри Конибодомро низ ба зимма дорад. Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев дар баромади худ ба мақомоти давлатии ҳокимияти шаҳри Конибодом барои ҳамкории судманди дуҷониба сипосгузорӣ байн карда, аз ҷумла қайд намуд: 

“Бисёр ифтихор мекунам, ки худ низ зодаи диёре   ҳастам, ки  мардумаш дар саҳифаи таърих ҷавонмарду боғурур, далеру шуҷоъ, саховатманду дасткушод, ободкору созанда ва ватанпарасту меҳандӯст васф шудаанд. Боварӣ дорам, оянда дар футбол ҳам, дастпарварони маҳорати мактаби Конибодом, соҳибному машҳур мешаванд. Хушбахтона, бо роҳбарии хирадмандонаи  пешвои Миллат, асосгузори сулҳу ваҳдати Миллӣ, президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар бисёр шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, шароитҳо барои ба варзиш машғул  шудани аҳолӣ, бахусус, наврасону ҷавонон, пурра муҳаё гардонида шуданд. Қобили қайд аст, ки ин майдонҳои замонавии футболбозӣ низ бо мақсади вусъат бахшидан ба рушду инкишофи футбол дар маҳалҳо ва дар паи иҷроиши “Барномаи рушди футбол дар Тоҷикистон барои солҳои 2012 -2016”  аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мардуми шаҳри Конибодом сохта тақдим карда мешаванд.Мақсади асосии мо аз бунёди ин майдонҳо, тавассути бозии футбол, дар рӯҳияи ватандстиву худшиносӣ тарбия намудани насли наврас ва пешгирии онҳо аз ҳар гуна рафтори номатлуб мебошад. Боварӣ дорам, дар баробари мавриди истифода қарор гирифтани ин майдонҳо, сафи дӯстдорон ва мухлисони футбол низ дар Конибодом зиёдтар мешавад. Футболбозон ва дастаҳои футбол дастгирӣ ёфта, дар мусобиқаҳо натиҷаҳои баландро соҳиб мегарданд”. 

Сохтмони майдонҳои мазкур, моҳи феврал оғоз шуда, дар мӯҳлати кӯтоҳ ва бо сифати баланд сохта, мавриди баҳрабардории васеи аҳолӣ қарор дода шуданд. Бовар дорем ин майдонҳо барои оммавият ва рушду инкишофи ин намуди зебои варзиш байни мардуми шаҳри Конибодом хизмат хоҳанд кард.

 

Мухбири худамон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter