ХАБАРИ ДОҒ

Мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-19) дар Норак омодагӣ мегирад

  • Чоршанбе, Июн 29 2016

Мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон (U-19) омодагиро ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2017 шурўъ кард. Марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2017 аз 29 октябр то 6 ноябр дар Душанбе хоҳад гузашт. 

 Ҷамъомади омўзишӣ-машқии якуми даста то 29 июн дар Норак мегузарад. Сармураббии даста Сулаймон Бобокалонов барои иштирок дар ин чорабинӣ 29 нафр бозигаронро даъват кардаст. Дар ин ҷамъомади омўзишӣ-машқӣ дастаи мунтахаби футболбоздухтарони мо як бозии санҷишӣ мегузаронад. Рўзи якшанбеи 26-уми июн бозии санҷишии мунтахаби духтаронаи то синни 19 солаи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби миллии футболи занонаи Тоҷикистон баргузор мегардад. 

Ёдрас мешавем, ки мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар гурўҳи “В” бо мунтахабҳои бонувони Узбекистон, Тайбэйи Чин, Ҳонконг ва Покистон рақобат мекунад. Бозиҳо дар гурўҳи “В” аз 29 октябр то 6 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Бозии аввали худро дар доираи ин мусобиқа мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон рўзи 29 октябр муқобили мунтахаби Покистон мегузаронад. Дар даври дуюм, ки рўзи 31 октябр доир хоҳад шуд, дастаи мо бо мунтахаби духтаронаи ҳамсоякишвари Узбекистон вомехўрад. Даври сеюми мусобиқа рўзи 2 ноябр доир мешавад ва дар ин давр мунтахаби духтаронаи Тайбэйи Чин рақиби футболбоздухтарони тоҷик мешавад. Дар даври ҷамъбастии марҳилаи гурўҳӣ мунтахаби Тоҷикистон рўзи 6 ноябр бо мунтахаби Ҳонконг рўбарў мешавад.

Ёдрас мешавем, ки аз рўи натоиҷи қуръакашӣ 18 мунтахаби духтарона ба 2 квартети 4 дастагї ва 2 гурўҳи 5 дастагї ҷудо карда шуданд. Танҳо ѓолибони гурўҳ ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2017 роҳхат мегиранд. Дастаҳои мунтахаби духтаронаи то синни 19 солаи Ҷопон, ҶХДК, Кореяи Ҷанубӣ ва Хитой ҳамчун беҳтарин дастаҳои сабқати охирини қитаъавї, аллакай ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё -2017 роҳ ёфтанд. Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи мазкур ҳамагӣ 8 даста иштирок мекунад.

 

Дилором Нусратуллоева

Сардори шўъбаи футболи бонувон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter