Принт

Маҳмадсаид Убайдуллоев: «Дилшод Назаровро ботантана пешвоз гиред!»

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе фаъолони пойтахтро бо дастоварди варзишгари шаҳри Душанбе Дилшод Назаров, ки  дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ сазовори медали тиллоии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардида, бо афзун намудани эътибору шарафи Тоҷикистон дар арасаи байналмилалӣ ин муваффақиятро ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ воқеан туҳфаи беназиру мондагор  намуд, самимона шодбош кард. Дилшод Назаров рӯзи 26-уми август соати 17.55 ба Душанбе хоҳад расид.

 Чуноне ки дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи навбатии шаҳрдорӣ, ки рӯзи 22.08.2016 баргузор гашт, аз ҷумла афзуд, ки дар доираи амалисозии сиёсати Пешвои миллат оид ба солимгардонии ҷомеа ва рушди соҳаи варзиш пайваста аз ҷониби шаҳрдорӣ бо ғамхориҳо фаро гирифтани варзишгарони шаҳр ва барои ҳавасмандсозии онҳо ба обутобу ғолибият дар сабқатҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҳанӯз аз соли 2012 таъсис додани стипендияҳои гаронарзиши Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе самараи дилхоҳ медиҳанд ва шаҳрдорӣ барои пешвозу қадргардонии  Дилшод Назаров омодагиҳои ҳамаҷониба дидааст.  

СССР

 

 

Матлабҳои дигар