ХАБАРИ ДОҒ

Рустами Эмомалӣ дар Хатлон майдонҳои футболи навро ифтитоҳ кард

  • Ҷумъа, Сен 23 2016

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Данғара майдонҳои хурди замонавии футболбозии сабзаашон сунъиро ифтитоҳ намуд. Сохтмони майдончаҳои мазкур моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз гардида, дирӯз 22 сентябр, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Майдончаҳои футболбозии бо сабзаи сунъӣ пӯшонидашуда ҷавобгӯи тамоми меъёрҳои замонавӣ буда, тамоми сол дар онҳо тамрину бозӣ кардан имкон дорад. 

 

Дар маросими ифтитоҳи ботантанаи ин майдончаҳо президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва Ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода иштирок карданд. 

Дар баромади худ, президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ, ҳозиринро ба муносибати ифтитоҳи ин майдонҳо муборакбод гуфта, инчунин ба Конфедератсияи футболи Осиё барои ҳамкории судманди дуҷониба дар рушду инкишофи футбол дар кишвар ва амалӣ гардонидани барномаи сохтмони майдонҳои футболбозии ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон арзи сипос баён намуд. 

Рустами Эмомалӣ изҳори боварӣ кард, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани майдонҳои замонавии футболбозӣ дар Қӯрғонтеппаву Данғара, рӯйдоди муҳим буда, боиси рушду инкишофи ин намуди зебои варзиш дар минтақа мегарданд. Раҳбари ФФТ, инчунин ибрози назар намуд, ки дар минтақа истеъдодҳои болаёқат зиёданд ва онҳо бояд дар майдонҳои хуб ба тамрин фаро гирифта шаванд. 

Президенти Федератсия ба футболбозони наврас бо суханони роҳбаладона муроҷиат карда, аз ҷумла чунин гуфт: “Боварӣ дорам аз байни шумо футболбозони хуб ба воя расида, дар оянда шарафи футболи тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд”. 

Ифтитоҳи майдонҳо барои футболбозони наврас хеле хотирмону фаромӯшнашаванда сурат гирифт.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter