Принт

Дар Дарвоз варзишгоҳ кушоданд!

Дар маркази ҷамоати деҳоти Сағирдашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо буридани лентаи рамзӣ Варзишгоҳи “Карон-Арена”-ро барои 400 ҷойи нишаст расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Сохтмони варзишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои Фонди “Муаллими кӯҳистон” бо харҷи 900 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 300 метри мураббаъ, бунёд карда шуд. Дар рафти сохтмони иншооти варзишӣ 30 нафар мутахассисону бинокорони маҳаллӣ соҳиби кори муваққатӣ ва маоши хуб шуда, корҳо бо риояи қоидаҳои меъморӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замон тибқи лоиҳа ба анҷом расид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи Варзишгоҳи зеборо, ки аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ бо сифати баланд бунёд шудааст, туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои ҷашни таърихии 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба варзишгарону бошандагони ҷамоати деҳоти Сағирдашт арзёбӣ кард.

Варзишгарони ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои чунин ғамхории арзанда баҳри ҷавонони ноҳия ва тарғиби тарзи ҳаёти солим изҳори сипосу минатдории худро ба Сардори давлат баён доштанд. Ҷавонон қавл доданд, ки дар баробари дигар варзишгарони номдори мамлакат аз сидқи дил машқу тамрин карда, дар мусобиқаҳои дохилию хориҷӣ парчамбардори ватани хеш хоҳанд шуд.

 

Мухбири худамон

 

Матлабҳои дигар