Принт

Футболи мардумӣ дар Душанбе

Рӯзи 14.11.2016 дар Душанбе-пойтахти Тоҷикистон, зери сарпарастии ФИФА курсҳои бозомӯзии «Grassroots» оид ба футболи оммавӣ ё худ футболи мардумӣ ба кори худ оғоз кард. Тӯли 3 рӯз беш аз 20 мураббӣ, инструкторҳои футболи кӯдакона дарсҳои аёниву ғоявӣ мегиранд. Сарвари ин курсҳоро Александр Чернухо намояндаи вежаи ФИФА оид ба рушди футболи наврасону кӯдакон бар дӯш дорад (Белоруссия).

 

Дар кори семинар Хуршед Файзуллозода-муовини аввали президенти ФФТ иштирок ва суханронӣнамуда, аз ҳозирин даъват кард, ки аз ин мавриди муносиб истифода карда, донишҳои футболиву тактикии худро сайқал диҳанд. 

Семинари омӯзишии тренерҳо аз 3 қисмат иборат аст:

1.Теория

2.Омӯзиши омодагӣ-машқӣ

3.Ташкили фестивали футболи оммавӣ

Дар Фестивали футболи оммавӣ ё худ мардумӣ кӯдакони аз 8 то 10 сола ширкат меварзанд. Ин чорабиниест, ки хишти нахустини футболпарастиро дар дили атфол мегузорад ва умед аст, ки аз ин кӯдакон футболбозони сатҳи ҷаҳонӣ ба воя мерасанд. Ҳатман! Зеро мо миллати футболием ва Мо метавонем!

 

Матлабҳои дигар