Принт

Мақоми 2-юми Комроншоҳ дар Туркия


Паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён аз намуди дзюдо дар мусобиқаи байналмилалии «Grand-Prix Antalya 2017», ки аз 7 то 9 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, мақоми 2-юмро соҳиб шуда, бо медали нуқра сарфароз гардид.
Дар ин мусобиқа паҳлавонон аз 34 кишвари ҷаҳон бо ҳузури 252 нафар варзишгар (155 мард ва 97 зан) иштирок карданд. Ҳайати мунтахаби Тоҷикистонро 3 паҳлавон дар ин рақобатҳо муаррифӣ карданд; Хаёмиддин Ҷабборов (-73 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Саидҷалол Саидов (-100 кг).
Комроншоҳи Устопириён дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило ҳунарнамоӣ карда, дар даври аввал озод буд ва баъдан дар 2 қувваозмоӣ бар рақибонаш Батуҳан Ефемгил аз Туркия ва Ҳае Ҷо Ҷунг аз Кореяи Ҷанубӣ дастболо гардида, ба вохӯрии нимфиналӣ роҳхат гирифт. Дар ин даври қувваозмоӣ паҳлавони кишварамон -Комроншоҳ Магомед Магомедови русиягиро шикаст дода, вориди рақобати финалӣ гардид ва аз гӯштингири муғул Алтанбагана Гантулга мағлуб гашт ва мақоми 2-юмро соҳиб шуд.



СССР

Матлабҳои дигар