ХАБАРИ ДОҒ

ТЕЛЕВИЗИОНИ “ВАРЗИШ” КУШОДА ШУД!

  • Панҷшанбе, Март 03 2016

1 март, дар арафаи таҷлили муқаддастарин Иди Миллӣ-25 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар телевизионҳои “Варзиш” ва “Синамо”-ро ифтитоҳ дод. ТВҳои мазкур давоми 24 соат фаъолият дошта, шумои азизро ба дунёи варзишу олами синамо мебаранд.

Футболи СССР ифтитоҳи ин муассисаҳои варзишию фарҳангиро аз бузургтарин дастовардҳои замони соҳибистиқлолии давлати Тоҷикон медонад. Бовар дорем, ки ТВҳои Варзишу Синамо дар рушду инкишофи варзишу фарҳанги миллӣ камар баста, хизмат мекунанд ва саҳм мегузоранд.

Барои бунёди ин 2 шабакаи телевизионӣ ва ҳамчунин Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон 4 миллиону 221 ҳазор сомонӣ масраф шудааст ва барномаҳои ин 2 шабакаи навтаъсис дар чанд кишвари дигари дунё низ тавассути моҳвора қобили тамошо мебошанд ва 60%-и мардуми Тоҷикистон бо истифода аз пахши рақамӣ, барномаҳои онро метавонанд тамошо кунанд. Дар ҳоли ҳозир дар телевизиони «Варзиш» 113 нафар, дар телевизиони «Синамо» 75 кас фаъолият мекунанд, ки музди маоши кормандон то 2000 сомонӣ муқаррар шудааст. Мутахассисону кормандони ин 2 шабака бар асоси озмун аз шабакаҳои телевизиониву радиоӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, варзишӣ, муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ ба кор қабул шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон барои фаъолияти ТВи «Синамо» ва Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» таҷҳизоти техникӣ ва маводи ороишӣ ба маблағи 1 миллиону 375 ҳазору 960 сомонӣ харидорӣ кардааст ва маблағи харҷи таҷҳизоти техникии ТВи “Варзиш” 1 миллиону 237 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад. Бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон аз 24 ноябр ноиби аввали президенти Федератсияи футболи мамлакат Хуршед Файзуллозода раиси ТВ «Варзиш» ва Набӣ Набизода раҳбари ТВ «Синамо» таъин шуданд.

ФутболvsСССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter